Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбоз худро овехт


Бино бар иттилоъи Раёсати Корҳои дохилаи Бадахшон, гурӯҳи кӯдакон ҳангоми бозӣ дар маҳаллаи "Селхозтехника"-и шаҳри Хоруғ дар як бинои нотамоми ин ҷо ҷасади як сарбозеро пайдо намуданд, ки бо роҳи овехтан худро аз ҳаёт маҳрум сохтааст.

Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ Фармон Шарифов изҳор дошт, ки сарбози ба ҳалокатрасида хизматчии қисми Вазорати мудофиа мустақар дар Хоруғ будааст, ки зиёда аз 20 руз боз маъмурини қисм уро дар ҷустуҷу эълом доштаанд ва додситонӣ аз руи моддаи

маҷбуркуни ба худкушӣ дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситони ҳарбӣ баён дошт, ки ин сарбоз Абдумалик Боҳиров аз ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд тирамоҳи соли гузашта ба артиш даъват шудааст.

Додситони ҳарбӣ гуфт, ки онҳо якчанд фарзияи ҳолатҳои ба худкушӣ расондани сарбозро мавриди баррасӣ қарор додаанд, аммо алҳол аз тазаккури бештари онҳо ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот худдорӣ меварзанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар додситонӣ афзуд, ки яке аз фарзияҳое, ки баррасӣ мешавад, ин аст, ки ин сарбоз бар асари муносибатҳои ғайриоинномавӣ маҷбур шудааст, даст ба худкушӣ занад. Ин манбаъ гуфт, баёноти сардорони қисм, ки мегуянд, онҳо аз рузи дар ҷустуҷу эълом шудани сарбоз амалиёти ҷустуҷуиро пурра анҷом додаанд, зери шубҳа қарор дорад, зеро ҷасад ҳамагӣ 300 метр дуртар аз қисми ҳарбӣ дар бинои сохтмонаш нотамом ёфт гардидааст.

Сарбози ба худкушӣ расонда шуда, аз қисм дар ҳоле ғайб задааст, ки сардори қисм дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштааст.

Додситонӣ ҳамчунин ба артиш ҷалб гардидани ҷавонони ҷисман ва руҳан заифро сабабҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мекунад. Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ гуфт, ки таи соли гузашта ҳамчунин ду сарбоз: яке бар асари беморӣ ва дигаре бар асари афтидан аз куҳ ба ҳалокат расидаанд ва ашхоси масъул ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

XS
SM
MD
LG