Маҳбат Давлатқадамов, муовини раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Ӯш, дар робита бо ин иттилоъи дар расонаҳои хабарии вилоят интишорёфта изҳор кард, ки ҳодисаҳои кӯшиши интиқоли маводди мухаддира тавассути пайроҳаҳои куҳӣ аз Тоҷикистон ба ин вилоят аҳёнан ҷой доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар молбозори шаҳри Ӯш баъзан афроди ҷавони сокини Мурғобро дидан мумкин аст, ки чорвои ба таври қочоқ овардаро дар ин ҷо мефурӯшанд. Як ҷавон , ки худро Суюн муаррифӣ кард, гуфт, дар шароити иқлими сарду баландкӯҳи Мурғоб чорвопарварӣ ягона манбаъи даромади мардуми он маҳсуб мешавад ва агар онҳо тавассути роҳи нақлиётии Хоруғ – Ӯш молро барои фурӯш ба бозорҳои ба инҷо биёранд, 35-40 дарсади даромад ба гумруки ҳар ду тарафи хати марз ва хадамоти байторӣ медарояд. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат зарурати таъсиси гурӯҳи махсуси ҷавононро ба миён гузоштааст, ки дар шароити сангини имрӯза тавассути пайраҳаҳои куҳӣ 4 -5 рӯз ва он ҳам аксаран шабона интиқол додани ҳайвонот аз Мурғоб ба ин вилоятро тахассуси хеш қарор додаанд.
Вале дар ҳамин ҳол, Мирзобай Чоошбаев, муовини раиси ноҳияи Мурғоб, мегӯяд, ба сокинои Мурғоб иҷозат аст, ки барои бароварда сохтани ниёзҳои рӯзгордорӣ ҳамасола ба миқдори то 7 сар бузу гӯсфанд ва 2 сар ҳайвони шохдори калон (ғайр аз қутос)-ро барои савдо ба бозорҳои вилояти Ӯши Қирғизистон баранд.