Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занги охир афтод ба таъхир


Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов
Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов

Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов сабаби ба рӯзи дигар гузоштани "Занги охирин" дар мактабҳоро пурра ба охир расонидани дарсҳо номид.

Вай дар ҷараёни мулоқот бо устодону донишҷуёни Донишгоҳи Хоруғ дар посух ба суоли хабарнигори радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, «дарс аст, дар ҳар мактаб 6 соат пагоҳӣ ва шаш соат пас аз нисфирӯзӣ дарс бошад. Ин пул аст. Дарсҳо тамом шаванд, баъд занги охирин баргузор кунанд».

Дар ҳамин ҳол вай изҳор дошт, ки аз моҳи сентябр омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Хоруғ дар бинои нав дар маҳалли Навободи ноҳияи Шуғнон фаъолият хоҳад кард. Вай баён дошт, ки бинои нави омӯзишгоҳ шароити мусоиди таълимро доро буда, дар он аз рӯи ихтисосҳои дузандагӣ, дуредгарӣ, ороишӣ ва таббохӣ дарс дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир, бинои омӯзишгоҳ дар Хоруғ, тибқи қарори ҳукумат, ба ихтиёри вазорати мудофиа дода мешавад. Тазаккур бояд дод, ки қаблан ба ихтиёри қисми вазорати мудофиа додани як тарафи ин бино ба мухолифати омӯзгорони омӯзишгоҳ ва сокинони маҳаллаи шаҳр рӯ ба рӯ гашта буд.

Алидод Ватаниев, як сокини шаҳр, аз он изҳори ҳайрат кард, ки ҳарбиён ҳамеша биноҳои обод ва тайёрро соҳиб мешаванд. Вай гуфт, шаҳр бояд маркази интелектуалӣ бошад, дар ин ҷо муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ фаъолият кунанд, вале дар Хоруғ манзараи акс мушоҳида мешавад. Омӯзгорони омӯзишгоҳ дар Хоруғ низ тайи нома ба идораи маориф аз куч додани ин муассисаи таълимӣ аз маркази вилоят изҳори нигаронӣ намудаанд.

Бегоҳӣ дар маркази вилоят ҷаласаи машваратии вазорати маориф баргузор гардид.

XS
SM
MD
LG