Дар ин бора вазири дифоъи кишвар Шералӣ Хайруллоев пас аз боздид аз навоҳии ВМКБ ба масъулини комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ дод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ичрои нақшаи сафарбаркунӣ ба артиши кишвар дар ин минтақа ба мушкилот рӯба рӯ шудааст. Бино бар иттилоъи масъулини комиссариати ҳарбии вилоят, бояд 160 даъватшавандаи дигар то поёни муҳлати иҷрои амр – 31 май – ба артиш сафарбар мешуд. Вале ба ғайр аз Мурғобу Ишкошим дар дигар навоҳии минтақа иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорӣ зери суол аст. Дар маҷмуъ қарор аст, ки аз вилоят 500 нафар ба сафи артиши миллӣ иттихоз шавад.
Ҳанӯз чанде қабл бино бар аз ноҳияи Ванҷ сафарбар намудани ҳамагӣ як даътшаванда ба артиш вазири дифоъ супориш дода буд, ки дар сурати иҷро нашудани нақша комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ барҳам ва ба тобеъияти комисариати ҳарбии ноҳияи Рӯшон дода шавад. Аммо, бар тибқи иттилоъоти ғайрирасмӣ, ахиран масъулини ноҳияи Ванҷ ба шаҳри Душанбе рафта, теъдоди зиёди ҷавонҳои «гуреза»-ро пайдо ва ба артиш сафарбар намуданд.
Комиссари ҳарбии вилоят Давлат Чоршанбиев изҳор намуд, ки бовар дорад дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ нақшаи сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба артиш то 15-уми июн иҷро хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқшинос Амирбек Куйбеков мавҷудияти муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон, бозгашти теъдоди зиёди ҷавонон бо аломатҳои бемориҳои гуногун ва зарари ҷисмонӣ пас аз адои хизмат ба зодгоҳ сабаби сарпечии ҷавонон аз хидмат дар артиш шудааст. Танҳо дар 5 моҳи соли равон дар қисмҳои ҳарбии воқеъ дар Бадахшон оиди 2 чунин ҳодиса ва соле қабл 4 ҳодисаи ҳангоми хидмат дар артиш ба ҳалокат расидани сарбозон парвандаҳо боз шудааст.
Ба гуфтаи коршинос Неъмат Қирғизбеков мавҷудияти ҳодисаҳои қариб бе пул ва бе сару либоси низомии лозим пас аз адои хизмат ҷавоб додани сарбозон ва бо як азоб ба зодгоҳашон баргаштани чунин афрод дар зеҳни ҳамсолонашон манзараи ҳузнангезеро оид ба муносибат бо сарбозон дар артиш бармеангезад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хоруғ, нисбати як даъватшаванда барои саркашиаш аз адои хизмат ва хешовандонаш, ки дар мавриди иҷборан интиқол додани вай ба нуқтаи сафарбаркунӣ садди роҳи кормандони милиса шудаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо наздикони ҷавон изҳор намуданд, дар холе, ки ҳодисаҳои нанговару ғайриоинномавӣ дар артиш ҷой доранд ва ашхоси мансабдор бо ҳар роҳ аз сафарбаркунии фарзандону хешовандонашон барои хизмат дар артиш ҷилавгирӣ менамоянд, масъулин ҳуқуқи маънавии иҷборан сафарбаркунии ҷавонон ба артишро аз даст додаанд.
Ба бовар коршиносон, ба адозаи бештар аз 10 000 нафар коҳиш ёфтани шумораи аҳолии вилоят таййи солҳои ахир ва афзоиши раванди муҳоҷират дар байни ҷавонон бар асари сиёсати иҷтимоъии ҳукумати ҷумҳурӣ ва, аз сӯи дигар, ду маротиба зиёд намудани нақшаи сафарбаркунӣ ба артиш дар манотиқ яке аз сабабҳои дигари ба бунбаст мувоҷеҳ гардидани иҷрои нақшаи сафарбаркунӣ шудааст.