Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коркарди сангҳои ороишӣ дар Бадахшон


Дар маҳалли Анҷини ноҳияи Роштқалъа корҳонаи хурди коркарди сангҳои ороишӣ ба кор сар кард.

Ба таъйиди сардори ин корхона Қиматшоҳ Шамсов, ин корхона чун як бахши корхонаи воҳиди давлатии «Ҷаммаст», ки ба истихроҷ ва коркарди сангҳои ороишӣ дар ҷумҳурӣ шуғл дорад, таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи барномаи давлатии эҳёи коркарди сангҳои ороишӣ ва гаронбаҳо дар Бадахшон, дар марҳилаи аввал дар назар аст, ки чунин корхонаҳои хурд дар 4 ноҳияи вилоят роҳандозӣ шаванд, аммо захоири зиёди сангҳои ороишӣ ва гаронбаҳо дар Рошқалъа ва коркарди осонтари онҳо боис шудааст, ки нахуст аз чунин силсилакорхонаҳо дар ин ҷо бунёд гардад. Ба гуфтаи сардори ин корхона, интизор меравад, ки ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороиширо ба 100 000 сомонӣ дар як сол расонида шудааст.
Раиси ноҳия Пайкармоҳ Алиёрова шурӯъи фаъъолияти нахустин корхонаи истеҳсолии минтақаро рӯйдоди дорои аҳаммияти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки дар ин корхона 15 нафар, ба шумули 8 нафар зан, соҳиби ҷои кор шуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи мутахассиси соҳаи геология Алиназар Рустамбеков, дар маҳалли Анҷин ҳанӯз дар авохири солҳои 70-уми асри гузашта захираи бузурги мармар кашф шуда буд, вале ба сабаби тағйир ёфтани вазъи сиёсии кишвар коркарди мармар аз доираи таваҷҷуҳ берун мондааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар наздикии маҳалли Анҷин ҳамчунин конҳои лоҷвард ва санги гаронбаҳои турмалин, як навъи ёқут, ва дигар сангҳои ороишӣ мавҷуд ҳастанд. Нахустин корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ дар ҳоле дар инҷо бунёд шудааст, ки корхонаҳои коркарди санги «Лаъл»- и Поршневи Шуғнон ва мармари Ванҷ куллан тахриб ё хусусӣ шуда, феълан ба ҳаҷми камтар аз 5 дарсади иқтидорашон маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии тиҷоратии сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир имконияти дар ду маҳал таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди сангҳои ороишӣ аз ҷониби мутахассисони эронӣ ҷустуҷӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG