Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба додситони вилоят зарари ҷисмонӣ расонида шудааст.
Собиқ фармондеҳи аршади нерӯҳои мухолифин дар минтақа Имомназар Имомназаров таъйид кард, ки байни ӯ ва додситони вилоят гуфтугӯе сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Имомназаров, аз назари ӯ, бо назардошти ҳаводиси ахир дар ноҳияи Роштқалъа, ки ба мухолифат байни кормандони додситонӣ ва аҳолии маҳаллӣ мунҷар шуда, намояндагони гирдиҳамоии баргузорнашудаи 8-уми апрел истеъфои додситони вилоятро талаб карда буданд, додситон ҳуқуқи маънавии дигар дар вазифааш кор карданро надорад.
Ба гуфтаи И. Имомназаров, ба ин иддаъо бо тамасхур посух додааст ва гӯиё ин мавқеъи додситон боиси задани як торсакӣ ба рӯяш шудааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи додситонии кулли кишвар ба Бадахшон омадаанд. Ҳамчунин гурӯҳи сарбозони артиши ҳукумат ба вилоят интиқол шудаанд.