Соли палангро мардум бо умед ва талошҳои нав оғоз карданд. Аммо тақдири бабри сафеди маҳбуси паси панҷара дар Боғи набототи Помир дар соли паланг низ номуайян боқӣ мемонад.
Сардори раёсати Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод Юсуф Назришоев гуфт, як корманди додситонӣ ба аз худ намудани се ҳазор доллар бо роҳи қаллобӣ аз роҳбарони як ширкати хусусӣ муттаҳам шудааст. Ба гуфтаи сардори раёсат, тафтишот нисбат ба додситон бо аризаи тарафи даъвогар аз нав оғоз ёфтааст.
Ҳаҷми қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорон дар Бадахшон дар соли 2009-ум ду маротиба коҳиш ёфтааст.
Довталабони асоси дар ҳавзаҳои интихоботии Хоруғ ва Ванҷ муайян шуданд.
Дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатаи ҷумҳуриявии 40-ум дар Ванҷ ва 41 ум дар Хоруғ хомӯшии сабқати пешазинтизоботиро Ҳизби сотсиал-демократ халалдор кард.
Аксари кулли қитъаҳои раъйдиҳӣ ва комиссияҳои қитъавӣ дар Бадахшон дар бинои мактабҳои минтақа фаъолият мекунанд.
Тарбиятгирандагони интернати наздимактабии Хоруғ одатан дар рӯзҳои ид тӯҳфа мегиранд. Сарвари интернат Тоҳир Ҷонмамадов гуфт, ки дар арафаи соли нави милодӣ низ идораву ташкилотҳои хайрхоҳ тарбиятгирандагоро фаромуш накарданд ва барояшон маводи ғизо, шириниҳо ва бозичаҳо ҳадя оварданд.
Масъулини шӯъбаи фарҳанги Бадахшон дар сол 2009-ум ду қариб ду маротиба афзоиш ёфтани маблағгузории соҳаи фарҳанг, ки ба беҳбуд бахшидани фаъолияти муассисоти фарҳангӣ мусоидат кардааст, аз дастовардҳои фарҳангии сол мешуморанд.
Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ Уктам Маркаев, як сарбози қисми марзбонии воқеъ дар ноҳияи Дарвозро ба мӯҳлати се сол равонаи зиндон кард.
Сабаби афзоиши саршумори гӯсфанди Марко Поло дар Помири Шарқӣ эъломи моратория аз ҷониби президент ба шикори он дар муддати ду сол будааст.
Меҳралишо Мастонов, омӯзгори мактаби Видоҷи ноҳияи Роштқалъа ва Аълочии маорифи Тоҷикистон, ки 46 соли умрашро ба таълиму тарбия бахшидааст, интизор надошт, ки Рӯзи Дониш барояш ба охирин рӯзи кор дар мактаб табдил мешавад.
Масъулини идораи тандурустии Бадахшон аз густариши бемории сирояти шадиди узвҳои нафас дар вилоят бонги изтироб мезананд.
Сардори қисми марзбонии Ишкошим иттилоъ дод, ки рӯзи 16-уми декабр дар маҳалли Харгӯшӣ 25 чӯпони афғон бо ҳудуди 3,5 ҳазор сар чорвояшон вориди қаламрави Тоҷикистон гардиданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз масъулони амният ва марзбонии кишвар хостори расидагӣ ба мушкили чӯпонони афғон шудааст, ки дар минтақаи марзии Помири Шарқӣ ба офат дучор гардидаанд.
Сокини деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим Гулнора Тайғуншоева як сар модаговашро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун хайр кард. Гулнора ҳамчунин аз ҳамдеҳагонаш хост, ки дар ироаи ёрии бештар ба Роғун саҳм гиранд.
Ба аъзои ҲХДТ дар Бадахшон дастур шуд, то аз ташаббуси худпешбарӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ худдорӣ варзанд.
Баҳори соли 1914-ум аз шаҳри Уши Қирғизистон гурӯҳи мардикорон бо бори ғайриоддӣ ба роҳ баромада, онро бояд пуштора ба масофаи беш аз 700 километр то Хоруғ мерасонданд.
Садоратҳои вилоятии ҲНИТ ва ҲСДТ бо пахши як баёния даъват карданд, то аз табдили муассисоти маориф ба майдони талошҳои пешазинтихоботӣ ҷилавгирӣ кунад.
Оилаи ҷавони Саттор Тошев ва Манзура Туфалонова бо ду фарзанди дӯструякашон дар хонаи хешовандон зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз ба онҳо хотирнишон мешаванд, ки бояд сарпаноҳи дигар пайдо кунанд.
Аҳзоби сиёсии Бадахшон аз адами фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар маҳалҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи аҳзоб, ин ҳолат боис шудааст, ки дар бархе аз маворид мақомот иҷрои вазифаҳои КМИР-ро дар маҳалҳо ба даст мегирад.
Ёфтҳои бештар