Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзгирон кам шудаанд


Ҳаҷми қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорон дар Бадахшон дар соли 2009-ум ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра сандуқи қарзии нахустин Бонки молиявии хурд, ки аз ҳама бештар ба соҳибкорон қарз додааст, аз 33 миллион сомонии нишондиҳандаи қаблӣ то ба андозаи 16 миллион сомонӣ поин шудааст. Муовини сардори бонк Худобердӣ Зуурбеков коҳиши хизматрасонии молиявиро ба соҳибкорон ба таъсири бӯҳрони молиявӣ марбут медонад. Вай ба таври чашмгир кам шудани ҳаҷми воридоти пули муҳоҷирони меҳнатиро яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани қобилияти харидории мардум ва таъсири он ба муомилоти бозорӣ ва фаъолияти соҳибкорон мешуморад.

Сармушовири сардори «Агроинвестбонк» Баҳром Шарипов бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ҳаҷми қарзҳои баргадонданашудаи соҳибкорон гуфт, ин мушкилот хизматрасонии бонкиро дар мавриди қарзҳои хурду миёна қариб ба муфлисшавӣ рубару кардааст. Вай гуфт, ин ҳолат монеъи ҷалби бештари сармояи созмонҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ ба минтақа гардидааст.

Муовини аввали Кумитаи давлатии амволи давлатӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, онҳо дарк мекунанд, ки омилҳои риск (таваккал) дар мавриди амалӣ сохтани сиёсати қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурду миёна дар манотиқи кӯҳистонӣ, ба вижа, Бадахшон зиёдтар ҳастанд. Вай гуфт, аммо ҳукумати кишвар талош меварзад, ки ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ сармоягузории соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳиро афзоиш диҳад.

Ба иттилоъи бонкҳо 49 дарсади қарзҳои бонкӣ ба мақсади рушди тиҷорат ба соҳибкорон дода шудаанд.

Роҳбари Бунёди қарзи хурди «Мадина» Набот Додихудоева мегӯяд, ба бӯҳрони молиявӣ нигоҳ накарда, онҳо тавонистаанд, қарзи бештарро дар ихтиёри соҳибкорон қарор диҳанд. Вай баён дошт, ки бештари мизоҷонашон барои тиҷорати хурд ва хизматрасонӣ қарз мегиранд. Вай афзуд, аммо маблағгузории ҳунармандони маҳаллӣ ба хотири мусоидат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила пур намудани буҷаи оилавӣ ба яке аз самтҳои фаъоли сиёсати қарзии бунёд табдил меёбад.

Бунёдҳои қарзии хурд торафт фаъолияташонро дар маҳалҳои дурдаст густариш медиҳанд ва мизоҷонашон дар байни қишрҳои камбизоати ҷомеа рӯ ба афзоиш дорад. Дар Бадахшон алҳол чаҳор бунёди хурди қарзӣ фаъолият мекунанд, ки сандуқи қарзиашон ҳамагӣ 200 ҳазор долларро ташкил мекунад.
XS
SM
MD
LG