Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастуроти ҲХДТ ба аъзояш


Дар бинои Донишгоҳи Хоруғ конфронси бахши вилоятии ҲХДТ баргузор гардид.

Конфронс натоиҷи фаъолияти панҷсолаи ҲХДТ ва омодагии ҳизбро ба интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дод. Раиси нави бахши вилоятии ҲХДТ Шамсиддин Орумбеков гуфт, феълан аъзои ҲХДТ дар вилоят 7.200 нафарро ташкил медиҳад. Қаблан, масъулини ҲХДТ шумори аъзои ҳизбро дар ҳудуди 9.000 ном мебурданд, аммо раиси собиқи ҳизб Абдуласейн Худоиев коҳиши теъдоди аъзои ҳизбро натиҷаи ба низом даровардани сохторҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо донист.

Раиси нави ҲХДТ Шамсиддин Орумбеков ҳамзамон дар вазифаи муовини раиси ВМКБ фаъолият дорад, ва коршиносон ӯро номзади эҳтимолии ҳизби ҳоким дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ медонанд. Аммо худи Шамсиддин Орумбеков номзади эҳтимолӣ буданашро рад карда, онро ба салоҳияти анҷумани ҳизб марбут донист.

Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим Ақдод Муродалиев аъзои ҳизбро ба сарбозоне монанд кард, ки дар ҳар ҳолат ба иҷрои супориш омода ҳастанд ва ба ғолибияташон бовар доранд.

Дар конфронс таъкид гардид, ки ба хотири тақвият ёфтани нерӯи ҳизб аз таҷрибаи як бону дар ноҳияи Ванҷ, ки ташкилоти ибтидоии оилавии ҳизби халқии демократииро ташкил карда, ба он аъзои оила ва хешу ақрабояш шомил гардидаанд, истифода шавад. Афзоиши обуна ба рӯзномаи «Минбари халқ» яке аз воситаҳои муҳими густариши тарғибот дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ арзёбӣ гардида, изҳори нигаронӣ шуд, ки ноҳияҳои дигари вилоят ҳатто аз ноҳияи қирғизнишини Мурғоб обуначии камтар доштаанд.

Ба аъзои ҲХДТ дастур дода шуд, ки дар интихоботи оянда аз ташаббуси худпешбарӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ худдорӣ варзанд. Ба гуфтаи раиси ҳизб, чунин ташаббуси аъзои ҳизб, дар солҳои қаблӣ ба зарари ҳизб анҷом шудааст ва аз он бояд ҷилавгирӣ кард.
XS
SM
MD
LG