Ба гуфтаи сардори идораи тандурустии Бадахшон Пайкармо Алиёрова, аз бемории сирояти шадиди узвҳои нафас се тифли то 5-сола дар ноҳияи Мурғоб ҷонашонро аз даст додаанд. Масъули идораи тандурустӣ таъсири иқлими баландкӯҳӣ ва якбора сардшавии ҳаво то 33 дараҷа поин аз сифрро дар минтақа сабаби авҷи беморӣ дар байни кӯдакон ва наврасон мешуморад. Вай гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз авҷи беморӣ дари макотиби Мурғоб ба муддати чанд рӯз барои толибилмон баста будааст. Ба иттилоъи идораи тандурустӣ, таи моҳи ахир ҳамчунин ду зани ҳомила ҳангоми таваллуди тифл дар зоишгоҳ фавтида, сирояти шадиди узвҳои нафас ба саломатии модарон таъсир доштааст. Масъули идораи тандурустӣ изҳор дошт, ки аммо алҳол гурӯҳи пизишкон дар ноҳия кор мебаранд ва авзоъ ба тадриҷ ба эътидол меояд.
Аммо як мутахассиси риштаи беҳдоштӣ, ки нав аз Мурғоб омад, вазъро ҳанӯз ваҳим арзёбӣ намуда, гуфт, дар бархе аз маҳаллот беморӣ аз нав хурӯҷ мекунад. Ба гуфтаи манбаъ, омилҳои иҷтимоӣ ба густариши беморӣ мусоидат кардаанд, зеро бархе аз хонаводаҳо ба камбуди шадиди маводи ғизо рубару мебошанд. Сардори маркази ҳамбастагии бемориҳои бачагонаи синни томактабии вилоят Гулнор Зоҳирова гуфт, ба хотири камбуди дору дар Мурғоб онҳо маҷбур шуданд, бар хилофи дастур доруи кӯмаки ройгонро барои наврасон низ тақсим кунанд.
Аз ноҳияи Ишкошим иттилоъ мерасад, ки дар ин ҷо бештар аз 2500 нафар сироят шудааст. Сардори идораи тандурустӣ гуфт, барои муайян намудани беморӣ ва ташхиси сироятшудагон гурӯҳи дигари пизишкон ба Ишкошим мераванд. Гуфта мешавад, беморӣ бештар аз ҳама дар байни наврасон паҳн шудаааст, аммо ба хотири наздик омадани таътил аз иқдоми муваққатан басташавии макотиб дар Ишкошим даст кашидаанд.
Сардори идораи тандурустӣ таъйид кард, ки онҳо имконоти фаннии ошкор сохтани бемории нави зукоми хукро надоранд ва хуни ашхоси беморро барои ташхис ба маркази ҷумҳурӣ фиристода, дар ин ҳолатҳо одатан тайи ду рӯз ҷавоб мегиранд. Сардори маркази вогиршиносӣ ва беҳдошти вилоят Фарид Музафаров мегӯяд, онҳо бар ин боваранд, ки беморон бар асари зукоми мавсимии илтиҳоби шуш фавтидаанд.Аммо ҷавоби саҳеҳ дар мавриди навъи беморӣ танҳо пас аз ташхиси намунаи хуни беморон дар Душанбе дода хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳия дар мулоқот бо пизишкон гуфтааст, аз воҳима барангехтан дар атрофи беморӣ ва ҳодисаҳои фавт худдорӣ варзанд.