Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба чӯпонони афғон марзро боз карданд


Сардори қисми марзбонии Ишкошим Фирдавс Давлатов иттилоъ дод, ки рӯзи 16-уми декабр дар маҳалли Харгӯшии ноҳия 25 чӯпони афғон бо ҳудуди 3,5 ҳазор сар чорвояшон вориди қаламрави Тоҷикистон гардиданд.

Ба гуфтаи сардори қисми марзбонӣ, чӯпонон ва молашон акнун бояд 80 километр масири автомобилгардро пиёда то маҳалли Лангари ноҳия тай намоянд ва дар ин ҷо тавассути пул боз ба қаламрави Афғонистон гузаранд. Ба гуфтаи сардори қисм, тасмим боз кардани марз ба хотири ёрӣ ба чӯпонони офатзадаи кишвари ҳамҷавор, ки дар чарогоҳҳои дурдаст бар асари барфи ногаҳонӣ гир монда, роҳи бозгашт ба манзилҳояшон тавассути пайроҳаҳои кӯҳӣ ба хатари ҷонӣ барои офатзадагон мувоҷеҳ будааст ва дар паи дархости намояндагии Афғонистон дар Хоруғ гирифта шудааст.

Вай гуфт, дар роҳи бозгашти чӯпонон дар қаламрави Тоҷикистон ба онҳо дар мавриди зарурӣ мутахассисони риштаи тандурустӣ, байторӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ ёрӣ мерасонанд.

Котиби дуввуми намояндагиии Афғонистон дар Хоруғ Забеҳуло Носирӣ гуфт, дар рӯзи аввал чӯпонон бо молашон зиёда аз 20 километр роҳро дар қаламрави Тоҷикистон тай намуданд. Масъули намояндагии Афғонистон дар Хоруғ ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳусни тафоҳум дар мавриди расидагӣ ба мушкилоти офатзадагон изҳори сипос намуда, гуфт, иҷозаи истифода аз қаламрави кишвари ҳамсоя бозгашти бехатар ва осони офатзадагоро ба манзилҳояшон таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG