Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастовардҳои фарҳангии соли 2009


Масъулини шӯъбаи фарҳанги Бадахшон дар сол 2009-ум ду қариб ду маротиба афзоиш ёфтани маблағгузории соҳаи фарҳанг, ки ба беҳбуд бахшидани фаъолияти муассисоти фарҳангӣ мусоидат кардааст, аз дастовардҳои фарҳангии сол мешуморанд.

Аммо баргузории озмуни вилоятии дафсоз ва ё доирабазм, ки дар он санъаткорони кулли навоҳӣ ва шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд, аз дастоварди муҳимтарин фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Фарҳаншиносон иқдоми баргузории озмунро бо дастгирии мақомот барои эҳёи дафсоз муҳим шуморида мегӯянд, ки он бори дигар мухдисони созу суруди анъанавиро ба дарёи андеша, тафаккур ва суфиёна кашондааст.

Аммо шоир Хушомади Алидод рӯ овардани адибон ба мардумро рӯйдоди муҳими фарҳангӣ медонад. Вай гуфт, барои нахустин бор тайи солҳои охир мақомот ба хотири кор гирифтан аз нерӯи эҷодкорон ба ҳайси василаи тарғиботи онҳоро равонаи идораву муассисаҳо ва макотиб намуд, аммо ин сӯҳбату мулоқотҳо агар аз як тараф адибонро бо мардум наздик карда бошанд, аз тарафи дигар дар тарбияи маънавӣ ва боло бурдани завқи эстетикии ҳаводорони каломи бадеъ нақш бозидаанд.

Ҳамчунин ба ҳукми анъана даромадани баргузории шабҳои эҷодии шоирону ҳунарпешагон дар Бадахшон ба соли 2009 –ум марбут дониста мешавад. Маҳфилҳои шоирон Лаълҷуббаи Мирзоҳасан, Рудобаи Мукаррам, ҳунарпешагон Соҳибаи Давлатшо ва Мавлодод Бахтиёрову дигарон на фақат дар дили мухлисон хотираҳои рангин боқӣ гузоштанд, балки мурғи илҳоми адибон ва ҳунарпешагонро барои расидан ба қуллаҳои баландтари эҷоди болу пар қавитар бахшиданд.

Ба гуфтаи садри факултаи Донишгоҳи Хоруғ, маҳфилии эҷодии шоир ва устоди донишгоҳ Алишоҳи Чароғабдол яке аз чунин маҳофили хотирмон буда, ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки пас аз чанде марги нобаҳангом шоирро бо худ мебарад ва ӯ дар қалб ва хотираи ҳамкорон ва шогирдон бо шаби эҷодиии ахир ва рӯи саҳна боқи мемонад.

Аммо адибони ҷавон баргузории конфронси адибон дар Хоруғ бо ширкати аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро, ки навиштаҳои эҷодкорони ҷавонро баррасӣ ва матолиби арзандаро ба чоп тавсия кардааст, рӯйдоди муҳим барои камолоти эҷодкорони ҷавон дар ҳавзаи адабии минтақа унвон карданд .

Агарчи дари ягона театр дар маркази вилоят бинобар дар навсозӣ қарор доштани он баста буд, аммо ҳунарпешагон ба хотири такмили малака дар таҳхонаҳо ва толори макотиб машқ намуда, ба ифтихори таҷлили 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон намоишномаи «Шириншо Шотемур»-ро аз рӯи асари Қурбон Аламшоев рӯи саҳна оварданд.

Аммо ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ баро фарҳанги сохтани сол кӯшиш ба харҷ доданд. Сокинони Бадахшон баргузории фестивали «Боми ҷаҳон»-ро,ки ду рӯз бо ширкати ҳунармандони Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистону Қазоқистон давом кард, хотирмон ва муҳим барои ҳамгироии фарҳангии халқҳои минтақа арзёбӣ мекунанд.

Аммо мақомот ва мардум умедвор ҳастанд, ки соли оянда бо анҷоми навсозии театр ва бунёди Кохи ҷавонон дар авзои фарҳангӣ таҳаввулоти бештаре ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
XS
SM
MD
LG