Охирин зани маҳбус аз муассисаи тафтишотии Хоруғ озод шуд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи тафтишоти додситонии Бадахшон Далер Музофиршоев, дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор доштани парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини ноҳияи Дарвоз Тилло Мансурова сабаби ба таъхир афтодани раҳоии ин зан аз маҳбас гардидааст.
Агар оҳубаррае дар гирду атрофи маҳалли аҳолинишини Бадахшон пайдо шавад, одатан бачагон бо шӯру ғавғо онро дунболгир мешаванд ва шикорчиён ба умеди соҳиби гушти болаззат гардидан ба камони шикорӣ даст мебаранд.
Намояндагони аҳзоби сиёсии Бадахшон тайи баргузории як нишаст дар Хоруғ изҳор доштанд, ки онҳо ба имкони баргузории интихоботи шаффоф ва одилонаи порлумонии оянда дар кишвар бо чашми шубҳа менигаранд.
Ба осорхонаи табиати Пажӯҳишгоҳи билогии Помир экспонати нав - ниҳоли пахта тӯҳфа гардид, ки онро мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар гармхонаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон парвариш намуданд.
Раиси ҲСДТ, гуфт, қатъи назар аз «меъёрҳои зиддиқонунӣ ва гаронии гаравпулӣ» ҳизбаш дар ҳар ду ҳавзаи интихоботии Бадахшон номзад пешниҳод хоҳад кард.
Ғижакнавоз Ҷонбоз Душанбиев, қаҳрамони як филм ба забонҳои шуғнонӣ ва рӯшонӣ, мегӯяд, нақше, ки вай дар ин филм бозӣ мекунад, шабеҳи зиндагии ҳаррӯзааш аст.
Қиссаи ишқи нокоми Муборакқадам, як ҷавони кӯҳистонӣ, бо русдухтар дар меҳвари як филми бадеӣ қарор мегирад, ки дар Бадахшон ва манотиқи кӯҳистонии шимоли кишвар ба навор гирифта мешавад.
Сардори дидбонгоҳи марзӣ дар маҳалли Шаймоқи ноҳияи Мурғоб бо нишонаҳо зарб хӯрдани косахонаи сараш дар бемористони ҳарбӣ бистарӣ шудааст.
Дар ҳоле, ки аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мегиранд, сокинони деҳоти дурдаст нисбати ин маърака ноогоҳӣ ва бетафовутӣ зоҳир мекунанд.
Раиси бахши бадахшонии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абуласейн Худоиев аз мақом барканор шудааст.
Фаъолияти «Квестнет» - як ширкати тиҷоратии маъруф дар байни ҷавонон дар асоси парвандаи ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон манъ карда шудааст.
Ба даҳҳо хонавода дар Бадахшон, ки аз бонкҳои маҳаллӣ қарздоранд, хавфи маҳрум мондан аз манзили зист таҳдид мекунад.
Дар Хоруғ маросими боз кардани муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур баргузор шуд.
Додситонии Бадахшон аз мавҷи худкушӣ дар Бадахшон нигарон аст.
Ба бекор мондани наворбардор луқмапартоиаш ба суханони сардори раёсати оҷонсии назорати маводи нашъадор сабаб шуд.
Дар маркази наркологии Хоруғ тарҳи ҷадиди табобати муътодони маводи мухаддар рӯи даст гирифта шудааст, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ дар байни нашъамандон ва танг сохтани бозори нашъҷаллобон арзёбӣ мешавад.
Байни мақомоти маҳаллии Бадахшон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ маросими имзои созишнома оид ба мубориза ва ҷалавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва нашъаҷаллоби баргузор шуд.
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони IV дар шаҳри Хоруғ боғи фарҳангу фароғатиеро боз кард.
Ба иттилоъи идораи тандурустии вилоят, бемориҳои сармозадагии узвҳои шадиди нафаскашӣ ва илтиҳоби шуш дар Бадахшон дар ҳоли афзоиш будааст.
Субҳи имрӯз , 7-уми октябр ҳудуди 30 нафар сокинони деҳоти ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон, ки бештарашон ба тиҷорат дар бозори Хоруғ машғул ҳастанд, дар назди бинои мақомоти шаҳрдорӣ эътироз карданд.
Ёфтҳои бештар