Барномаи «Китобхонаи гӯё», инак, 10 сол аст, ки дар 200 кишвар, аз ҷумла Осиёи Марказӣ татбиқ мешавад. Дар Душанбе бори аввал ин тарҳро раҳбари собиқи «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» марҳум Константин Бондаренко роҳандозӣ карда буд.
Овезаҳое дар назди театрҳои Душанбе пур аз эълони намоиш барои ду моҳи оянда аст. Намоишҳои солинавӣ барои тамошобинони хурдсол анҷом ёфт ва намоишҳои ҷиддитар барои калонсолон - дар навбат. Аммо онҳо барои кӣ ҳастанд? Кай ин толорҳо дубора аз тамошобин пур мешавад?
Талош барои зиндагӣ, пирӯзӣ бар тарс ва дарки муҳаббати наздиктарин инсонҳо дар як имтиҳони маргу зиндагӣ. Ин чизест, ки дар камтар за 40 дақиқаи як филми нави бадеӣ ба намоиш гузошта шуд.
Овезаҳое назди театрҳои Душанбе пур аз эълони намоишҳои саҳнавӣ барои ду моҳи оянда ҳастанд. Намоишҳои Солинавӣ барои тамошобинони хурдсол анҷом ёфтаанд ва намоишҳо ҷиддитар барои калонсолон дар навбати намоиш аст. Аммо онҳо барои кӣ ҳастанд? Кай ин толорҳо дубора аз тамошобин пур мешаванд?
Хабарнигорони Радиои Озодӣ роҳи мушкили мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон таҷриба карданд.
Фараҷуллоҳ Дарӣ, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, пас аз бознишастагӣ силоҳро бо гитор иваз кард. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар Артиши замони Шӯравӣ ва баъдан артиши Тоҷикистон кор кардааст.
Фанновариҳои замонавии тиббӣ имкон медиҳад, ки ҳаққи падарӣ ё модарии кӯдак пурра мушаххас шавад. Санҷиши мазкур дар бисёр ҳолатҳо ба хотири рафъи шубҳаву гумонҳо нисбати ҳуввияти волидони кӯдак анҷом мешавад.
Дар миёни бонувони тоҷик низ таваҷҷӯҳ ба зебоиву ҷарроҳии пластикии намуди зоҳирӣ торафт мӯд мешавад. Зани муосири тоҷик қолабшиканӣ мекунад.
Зане дар Тоҷикистон таҷрибаи модарии муваққатӣ (суррогатное материнство)-ро таҷриба кард. Ӯ мегӯяд, аз ин кораш розӣ аст, чунки ҳам фарзандони худро соҳиби сарпаноҳ карду ҳам як ҷуфти безурётро соҳиби фарзанд кард.
Арчаи марказӣ баробари насб шуданаш дар маркази шаҳри Душанбе ба макони таҷаммӯи кӯдакону ҷавонон ва оилаҳои зиёд шуд.
Исми кибер-спорт барои Тоҷикистону тоҷикистониҳо вожаи нав аст. Бо ин ки дар ин кишвар ҷавонон муддатҳо пеш бо ин навъи варзиши компютерӣ ошно шудаанд, барои нахустин бор аст, ки як сабқати ҷумҳуриявии беҳтаринҳо дар кибер-спорти Тоҷикистон баргузор шуд.
Жасмин 24 сол дорад ва агар шахс ӯро нашиносад, фикр мекунад, ки як ҳунарпеша ё овозхони ғарбист. Ин духтари зебои тоҷик бо машғулияте саргарм аст, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон тасаввур кардани он хеле душвор аст.
Гулзор 28 сол дорад. Ӯ дар даҳсолагӣ таҷовуз шудааст ва осеби равоние, ки дар кӯдакӣ бардошта буд, то имрӯз домангираш аст.
Усмонҷон ин шабу рӯз шояд беш аз ҳар кӯдаки дигар интизори Бобои Барфӣ ва мӯъҷизаи солинавӣ аст. Танҳо як орзу дорад, рӯзе пизишкон ба ӯ бигӯянд, ки сиҳат шудааст ва метавонад ҳар кореро дилаш хост, анҷом диҳад.
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи тасвирҳои рассоми турк – Дарё Вар баргузор шуд, ки на танҳо пайравони аҳли тасаввуф, балки сокинону меҳмононро ба худ ҷалб кард. Намоишгоҳи тасвирҳои Дарё Вар то 10-уми декабр дар толори меҳмонхонаи “Сирена” доир мегардад.
Сафар 35 сол дорад. Ин мард гирифтори вируси норасоии масунияти бадан аст. Вируси HIV дар ҷисми ӯ дар остонаи арӯсӣ ошкор шуд.
Бо инки дар қонунҳои Тоҷикистон барои “ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо истифода аз вазифаи хидматӣ” муҷозот пешбинӣ шудааст, шикояти занон барои дастдарозии мардони ҳамкораашон кам иттифоқ меафтад.
Ёфтҳои бештар