Аз ин сӯ ба он сӯ. "Овозхон"-е дар гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе
Фараҷуллоҳ Дарӣ, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, пас аз бознишастагӣ силоҳро бо гитор иваз кард. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар Артиши замони Шӯравӣ ва баъдан артиши Тоҷикистон кор кардааст. Фараҷуллоҳ дар роҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон (ЦУМ-и собиқ) бо шаш забон суруд мехонад ва аз ин роҳ зиндагии худро пеш мебарад. Аз он шиква мекунад, ки гоҳе монеи сурудхониаш мешаванд: “Мусиқӣ маро нон медиҳад. Баъзан милисаҳо монеи корам мешаванд. Тоҷикистон давлати демократӣ ҳаст, аммо кормандони мақомот доим ба ман мегӯянд, ки ту давлату шаҳри моро шарманда мекунӣ”. Фараҷуллоҳ аз эронитаборонест, ки дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон кӯчидаанд.