Талош барои зиндагӣ, пирӯзӣ бар тарс ва дарки муҳаббати наздиктарин инсонҳо дар як имтиҳони маргу зиндагӣ.
Ин чизест, ки дар камтар аз 40 дақиқаи як филми нави бадеӣ намоиш дода мешавад. Филме бо исми рамзии “Бархӯрд” аз коргардон Фирдавс Нану, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе ба намоиш даромад.
Умеди онҳо – намоиши филм дар Амрико, Ҷопон ва ҷашнвораи синамои Канн мебошад.
Нахустнамоиши филмро пушти дарҳои баста ва барои тамошобини интихобӣ баргузор карданд. Маъмулан, филмҳои сохти “Тоҷикфилм” - студияи синамои ватанӣ, баъди пурра омода шудан дар телевизиони давлатӣ ва ҳам кинотеатрҳо ба намоиш мегузоранд.
Фирдавс Нану қиссаро аз забони қаҳрамони асосӣ – Далери хурдсол нақл кардааст, ки дар талоши зиндагӣ дар як рустои дурдасту пурбарфе саробони додару хоҳар ва ҳам модари бемораш шудааст. Қаҳрамони дигари филм холабачаи Далер аст, ки дар оғози филм бо ҳам чандон дӯсту наздик нестанд.
“Филм хеле содда гуфта ва қабул мешавад. Дар он дарси зиндагӣ, муқовимати инсону табиат ва ҳайвони даранда ба намоиш гузошта шудааст. Вақте ман қиссаи ду писарбачаеро шунидам, ки дар кӯҳистони пурбарф дар муқобили гурги дарандае рӯбарӯ мемонанд, нишастаму навиштам. Барои навиштани худи қисса ду рӯз кофӣ буд”, - гуфт Фирдавс Нану дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъд аз нахустнамоиши филм.
Лаҳзаи сарнавиштсози филм ҳамонест, ки ду холабачаро дар рӯбарӯи гурги бӯри гурусна қарор медиҳад. Саҳнаи таҳдиди марг ҳамаро дар они воҳид муттаҳид мекунад ва модари аз ҳаракату пои равон маҳрум зери шиддати тарси аз даст додани фарзанд ба по мешаваду деҳаро барои наҷоти ҷони фарзанд мехезонад. “Бархӯрд” - қиссаест аз бархӯрди инсон ва табиат, аз муқовимати инсон ва гург ва дар ниҳоят, имтиҳони садоқату муҳаббати инсонҳо ба якдигар.
Қиссаи Фирдавс Нану аз рӯи консепсияи филми замонавӣ сохта шуда, дар таҳияи он фанновариҳои компютерӣ ҳам истифода шудааст. Муаллифони филм мегӯянд, шароити зиндагӣ дар кӯҳистон, чолишҳои ҳамарӯзаи маишӣ ва ҳам таҳдиди марг атфоли деҳотро пеш аз мӯҳлат бузург мекунад.
Фирдавс Нану гуфт, "ҳунарпешаҳои мо муддате дар деҳа зиндагӣ карданд, то ба шароити кор одат кунанд. Наворбардорӣ дар Такоб, Зиддӣ ва Сафеддара анҷом шудааст. Ҳунарпешаҳо на аз миёни ёру ошно, балки бар асоси озмун интихоб шуданд ва дар натиҷа, намояндагони миллатҳои гуногун дар он иштирок карданд."
Фирдавс Нану, ки зодаи Душанбе аст, мегӯяд, ҳунари филмофариро дар Амрико омӯхтааст. Баъд аз хатми таҳсил дар як мактаби синамогарони Амрико ба Тоҷикистон омад ва аз "Тоҷикфилм" дархост кард, дар наворбардории филмаш кумак кунанд. Ӯ гуфт, ҷараёни тамоми кор ним солро дар бар гирифт ва ин филм пурра марбут ба "Тоҷтикфилм" мебошад. Буҷети филм 30 ҳазор долларро дар бар гирифт.
Зоҳиран тамошобинони нахустини филм ҳам аз он розӣ ҳастанд. Як тамошобин гуфт, шеваи нави тақдими филми ҳунариро дарёфт ва маълум аст, ки коргардон дар талоши намоиши ҳунари сифатан нави муносибат ба филмсозӣ мебошад.
Филми нави Фирдавс Нану ба ҷашнвораҳои синамои хориҷи Тоҷикистон ҳам пешниҳод хоҳад шуд. Умеди онҳо – намоиши филм дар Амрико, Ҷопон ва ҷашнвораи синамои Канн мебошад.