Жасмин 24 сол дорад ва агар шахс ӯро нашиносад, фикр мекунад, ки як ҳунарпеша ё овозхони ғарбист. Ин духтари зебои тоҷик бо машғулияте саргарм аст, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон тасаввур кардани он хеле душвор аст.
Дар хориҷа ҳунарнамоии зан бо бикини (либоси шиноварӣ) чизи оддӣ аст. Аммо на дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон бо либоси вижаи шиноварӣ дар саҳна пайдо шудани варзишгари мард ҳам танқид мешавад.
Жасмин бадансозӣ ё бодибилдинг мекунад. Ӯ орзу дорад, ки рӯзе дар саҳнаҳои калон ҳунари худро намоиш бидиҳад. “Мехоҳам дар озмунҳо иштирок кунам, то дастовардҳои худро тасдиқ кунам. Ин хеле барои ман муҳим аст”, - гуфт Жасмин.
Вай мегӯяд, дар хонавода орзуву машғулияти ӯро аксарият хуш қабул карданд ва танҳо шахсе, ки то охир муқобили машғулияти ӯ садо баланд мекунад, модараш аст. Дар ҳоле ки бародарону падараш Жасминро дастгирӣ мекунанд.
“Модарам мегӯяд, ин кори зан нест. Зан бояд нозанину лоғар бошад. Тамрини касбии маро ӯ баъзан маҳкум мекунад, аммо дигар пеши роҳи маро гирифта наметавонад, чун бародарону падарам маро дастгирӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Жасмин ҳар рӯз дар машқгоҳ аст ва ҳатто гоҳе бо писарони варзишгар ҳам шарт гузошта бо онҳо вориди рақобати варзишӣ мешавад. Жасмин яке аз 10 духтари тоҷик аст, ки бо бодибилдинг ва вазнабардорӣ ё паурлифтинг машғул мешавад. Ҳамаи онҳо аз 18 то 25-сола ҳастанд.
Ҷомеаи Тоҷикистон, ки беш аз 90 дар сади аҳолиаш мусалмонанд, дар солҳои ахир таҳаввулоти зиддунақизи иҷтимоиро пушти сар мекунад. Баъди пошхӯрии низоми Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон ақидаҳои мазҳабӣ боло гирифт ва ба сару либосу эътиқоди бисёр занон таъсиргузор шуд. Бо инки мақомоти давлатӣ дар талоши коҳиши нуфузи дину мазҳаб дар ҷомеа ҳастанд, дарсади мардуми дорои ақидаҳои диниву суннатӣ хеле баланд боқӣ мемонад.
Дар чунин шароит қишри дунявии ҷомеа, мисли духтарони бодибилдер ва вазнабардор ба сахтӣ талош мекунанд, орзуву ҳавасҳои худро бароварда созанд. Олим Парпиев, президенти Федератсияи вазнабардорӣ ва бодибилдинги Тоҷикистон, мегӯяд, бо инки дар кишвар чунин як маҳфили вижа амал мекунад, барои фаъолияти пурсамари онҳо ва ҳунарнамоии варзишгарон дар саҳнаҳои калон шароити ҷомеа имкон намедиҳад.
Ӯ гуфт, “агар занҳо хоҳанд, албатта, метавонанд дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ кунанд. Аммо дар Тоҷикистон не. Чунки мардуми мо ва менталитети мо ба ин гуна саҳнаҳо омода нест. Ман дар бисёре аз давлатҳои хориҷӣ будам ва медонам, ки дар онҷо баромад кардани зан бо бикини (либоси шиноварӣ) чизи оддӣ аст. Аммо на дар Тоҷикистон. Чунки бо либоси вижаи шиноварӣ дар саҳна пайдо шудани варзишгари мард ҳам танқид мешавад.”
Хуршед Толибов, мураббӣ ва чемпиони Осиё аз рӯи бадансозӣ, мегӯяд, духтарҳое, ки дар ин машқгоҳ ҳастанд, ба хотири майлу хоҳиши зиёд доштанашон меоянд: "Мехоҳанд, машқ кунанд. Ҷисми худро дар як шакл нигоҳ доранд. Ҳастанд духтароне, ки ҳосили хуб ба даст меоранд, мехоҳанд дар озмунҳои "Мисс Бикини" иштирок кунанд. Ягона чизе, ки пеши роҳи онҳоро мегирад, ин набуди озмунҳои дараҷаи ҷумҳуриявӣ аст ва ҳам назарҳои каҷу килеби мардону занон."
Хуршед Толибов мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон омода нест, ки дар инҷо озмуну намоишҳои бадансозӣ барпо шавад.
Худи духтарони варзишгар ҳам на ҳамеша мехоҳанд ҳунарашон расонаӣ шавад. Мадина яке аз онҳост. Ӯ гуфт, барои худ машқ мекунад ва намехоҳад тамрини ӯро ба навор бардорем.
Аммо Умеда Холова, вазнабардори дараҷаи сеюм аст, ки дар сабқатҳои Осиё иштирок кардааст ва як дафъа медали тилло ҳам ба даст овард. Ӯ гуфт, фахр мекунад, ки ягона духтари поурлифтер аст.
Умеда Холова мегӯяд, беҳтарин нишондоди ӯ дар варзиш – бардоштани штангаи сангин буд: "Вақте дар як рақобат штангаи 290-килоиро бардоштам, бисёре аз мардҳо, ки иштирокчӣ буданд, ба ман гуфтанд, “ин кори мардона аст”. "Зан чиву штангбардориаш чӣ?"
Модари Умеда ҳам мисли модари Жасмин мухолифи вазнабардории духтараш аст. Модар орзу дорад, ки духтараш зиндагии маъмулии як духтари тоҷикро дошта бошад. Умеда, ки бояд базудӣ издивоҷ кунад, бо номзадаш ҳам машварат кардааст, ки монеи машғулиятҳои ӯ намешавад. Қарори онҳо ин шуд, ки Умеда баъд аз арӯсӣ ба ҳайси мураббии вазнабардорӣ кор хоҳад кард.