Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте Заррина фаҳмид, ки СПИД дорам, аз ман даст накашид". ВИДЕО


Сафар 35 сол дорад. Ин мард гирифтори вируси норасоии масунияти бадан аст. Якуним сол пеш, дар остонаи арӯсии нахустинаш аз ӯву номзадаш тақозо шуд, ки аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Баъди ду рӯзи озмоиш ба Сафар гуфтанд, ки дар хунаш нишонаҳои вируси HIV ошкор шудааст.

Ӯ мегӯяд, дар асл зиёд ҳайрон нашуд. Зиндагие, ки ӯ пеш аз издивоҷ дошт, хатари олудашавӣ ба ин вирусро заминагузорӣ кард. Вай мегӯяд,

Вақти ломка мо на фикри HIV мекардему на фикри бехатариро. Ҳеҷ кас тоқат надошт, чун ҳама “доза”-и худро мехост зудтар ба раг занад

даҳ сол пеш дар Русия бо иттиҳоми дуздӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум ва дар зиндон мӯътоди маводи мухаддир шуд. Мегӯяд, ҳолатҳое буд, ки аз як сӯзандору дар як вақт то 40 кас истифода мекард.

Вақте ба арӯсшавандааш Заррина дар бораи диагнози духтурҳо гуфт, пешниҳод кард, ки барномаи арӯсӣ бекор шавад ва ӯ аз паи зиндагии наву хушбахти дигаре бошад. Вале духтар инро қабул накард:

“Муддате бо ҳамсарам дӯст будем, ҳамдигарро шинохтем, ҳардуамон барои оила барпо кардан розӣ шудем. Пеш аз тӯй бояд аз маркази ташхиси СПИД мегузаштем. Занам аз ташхис тоза баромад, аз ташхиси анализи ман бошад HIV-ро пайдо карданд”.

Сафар мегӯяд, пеш аз ин дар бораи СПИД ва роҳҳои олудашавӣ ба вирус каму беш маълумот дошт: “Дар байни мо шахсони дорои HIV ва СПИД буданд ва вақте мо сӯзан мезадем, онҳо ба мо мегуфтанд, ки сӯзандору олуда аст. Аммо вақти ломка мо на фикри HIV мекардему на фикри бехатариро. Ҳеҷ кас тоқат надошт, чун ҳама “доза”-и худро мехост зудтар ба раг занад.”

Сафар: Дар зиндон гирифтори вируси HIV шудам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Мақомот машварат надоданд, ки бо гирифтори HIV арӯсӣ кунад

Дар маркази мубориза зидди СПИД ба Сафар ва номзадаш машварат надоданд, ки оила барпо кунанд. Ба номзади ӯ гуфта шуд, ки бар асоси қонун, шахс бояд огоҳона ва хуб андешида ризоият хаттӣ нависад, ки омода аст бо шахси гирифтори чунин вирус оила барпо кунад. Гуфтанд, агар дар оянда худаш ҳам сироят шавад, набояд касеро гунаҳкор кунад.

Заррина аз раъяш нагашт. Якуним сол шуд Сафар ва Заррина дар зери як бом зиндагӣ ва болои як болин сар мегузоранд. Дар ин муддат Заррина чор маротиба аз санҷиши табибон гузашт.

Сафар мегӯяд, вақте ҳар дафъа хабари тоза будани хуни ҳамсарашро тасдиқ мекунанд, шод мешавад. Вай гуфт, ба наздикӣ Зарринаи ҳомиладор исқоти ҳамл шуд. Табибон гуфтанд, мушкил дар бемории Сафар нест, ва шонси дубора фарзанддор шудани онҳо вуҷуд дорад.

Сафар зери назари табибон ва созмонҳои имдодрасон аст ва ҳар шом соати нӯҳи бегоҳ доруи “Вирадей”-ро истеъмол мекунад. Вай муддатҳост аз нашъамандӣ ба ҳаёти солим баргаштааст ва талош мекунад зиндагии худу Зарринаро дуруст танзим кунад.

Беш аз 800 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус дар як сол

1 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи мубориза бо СПИД таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон, 7376 шахси олуда ба HIV ба сар мебарад, ки аз миёни онҳо 2658 зан мебошанд ва ҳамаи онҳо зери назорати тиббӣ қарор доранд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 887 ҳолати нави гирифторӣ ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Тақрибан 70% онҳо аз тариқи алоқаи ҷинсӣ ба ин вирус гирифтор шудаанд. Аз рӯи омори маркази мубориза бо СПИД-и Тоҷикистон, дар миёни гирифторон инчунин 700 кӯдаки ноболиғе ҳам ҳаст, ки аз волидони гирифтори ин вирус бемориро ба “мерос” гирифтаанд. СММ мегӯяд, дар солҳои охир дар ҷаҳон дастрасии беморони СПИД ба тибу маводи тиббӣ хеле пешрафт кардааст.

Қонунҳои Тоҷикистон ҳуқуқи гирифторони вирусро ба зиндагии комил маҳдуд намекунад, вале дар зиндагии воқеӣ аксари онҳо бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд. Мушкили аслӣ аз қабули онҳо аз ҷониби ҷомеа шурӯъ мешавад, чунки аз афроди гирифтори ин вирус “ҳазар мекунанд”. Фаъолони ҷамъиятӣ мегӯянд, дар давоми бист соли охир бо бештар шудани сатҳи огаҳӣ ва маълумот роҷеъ ба ин беморӣ то андозае таҳаммулпазирии аъҳои ҷомеа ҳам бештар шудааст ва чунин дарку фаҳмиш пеш аз ҳама аз оила шурӯъ мешавад. Аммо боз ҳам на ҳама омода ҳастанд, ки бо шахси гирифтори вирус аз наздик дӯстиву рафтуомад дошта бошанд.

Шӯҳрат Латифов, як мутахассиси созмони ҷамътиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои HIV” СПИДро як маризии “иҷтимоӣ” меномад: “Аз сабаби баланд будани сатҳи табъиз ва тамғагузорӣ шахсони бо HIV зиндагикунанда ба дигар мақомотҳои давлатии хизматрасон аз ҷумла хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ кам муроҷиат мекунанд.

Инчунин як муаммои дигаре пеш омадааст, ки ба тағйирот дар Кодески оилаи Тоҷикистон бастагӣ мегирад. Ин муоинаи ҳатмии тиббӣ аст. Ин тағйирот хеле бамаврид аст ва дар ошкор шудани вуҷуди беморӣ дар ҷисми шахси бемор мусоидат мекунад. Вале масъала дар ошкор шудани сирри тиббӣ ё худ “статуси” шахси гирифтори вирус аст. Яъне дар сурати вуҷуди беморӣ дар ҷисми инсон, на танҳо табибон, балки САҲШ, тарафҳои хонадоршаванда, танзим ва ҷамоат, ки масъули иҷоза додани маросими ақди никоҳ ва тӯй ҳастанд, хабардор мешаванд.”

Модарам "ҳомии ҳуқуқи гирифторони вирус" шуд

Сафар низ мегӯяд, вақте модараш бори аввал дар бораи ҳукми духтарҳо огаҳ шуд, хеле гирист. Як ҳафта гиристу нороҳат шуд. Вале баъдан бо кӯмаки созмонҳои ёрирасон ва ҳам сӯҳбатҳо бо равонпизишкон ӯ бо дарди писар канор омад. Ба қавли Сафар, модараш ҳоло ба таври ғайрирасмӣ ба як ҳомии ҳуқуқи гирифторони HIV табдил шуда дар баҳс бо дигарон мегӯяд, ки ин бемории касиф нест ва аз тариқи ҳаво намегузарад ва набояд аз шахс парҳез кард.

Худи Сафар ҳам, ки баъди шурӯи муолиҷа ва рафтуомади пайваста ба созмонҳои имдодрасон нирӯи тоза гирифтааст, ба як корманди ихтиёрии чунин як созмоне табдил шуд. Мегӯяд, дар сӯҳбатҳо бо беморон дар мисоли худаш машвартҳо дода талош мекунад дарди нафари дигари ноумедшударо бигирад.

XS
SM
MD
LG