Коршиносон мегӯянд, ки муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон аз як сӯ манбаи даромади хонаводаҳо бошад, аз тарафи дигар фарзандони муҳоҷиронро бесаробону хиёбонӣ кардааст.
Бештари тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик аз боло будани фоизи қарзҳои бонкҳо ва кӯтоҳмуддат будани онҳо шикоят мекунанд. Гуфта мешавад, иддаи зиёд ба ҳамин далел муфлис ё банкрот шудаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мавориди таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва пайвастани бархе аз онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кардааст.
Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдулло Абдураҳмонов - тарроҳи ҳамлаи интиҳорӣ дар ноҳияи Шаҳритус ва се шарики ӯро ба зиндони низомаш сангин маҳкум кардааст.
Баъзе манбаҳо аз вуҷуди ҷасади чорум дар занозании қабристони Маскав суҳбат мекунанд. Вале намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки "ин хабар асос надорад".
Коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ки раъйпурсии рӯзи якшанбе сокинони Тоҷикистонро ба ду гурӯҳ: пуштибонҳо ва мухолифони вазъияти феълӣ ҷудо кардааст.
Бархе аз чеҳраҳои шинохта мегӯянд, ки аз иштирок дар раъйпурсӣ худдорӣ кардаанд. Баръакси ин, бархе аз сокинон мегӯянд, ки ба пойи сандуқҳои раъй рафта, ба тарафдорӣ аз ислоҳи Қонуни асосӣ овоз додаанд.
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд зани 25-сола ва модари ду фарзанди хурдсол даст ба худкушӣ задааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон танҳо дар соли гузашта беш аз 300 хонаводаро аз манзилашон дар селроҳа ба ҷои амнтар кӯч додааст.
Дар Додгоҳи шаҳри Маскав баррасии парвандаи гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ анҷом шуда ва нисбати аъзои ин гурӯҳ ҳукм эълон гардидааст. 7 узви ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Раҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон гуфт, савту таронаҳои "Шашмақом" бояд чун забони давлатӣ умумимиллӣ шуда ва гурӯҳҳои ҳунарии "Шашмақом" дар гӯшаю канори кишвар фаъол шаванд.
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар остонаи Ҷашни пирӯзӣ танки даврони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюмро (ҶҶД) тармиму бозсозӣ кардаанд.
Сафорати Амрико як чопхонаи хурди 58 ҳазор доллариро дар ихтиёри "Медиа Алянси Тоҷикистон" гузоштааст. Соҳибони баъзе нашрияҳо мегӯянд, ин чопхона имкони интихобро бештар кардааст.
Аввалин парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Покистон дар оғози моҳи оянда анҷом хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, ҳар моҳ то сад покистонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Дар марҳилаи ниҳоии размоиши -- “Ҷустуҷӯ-2016”, “гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист, ки вориди Тоҷикистон шудаанд”, тавассути ҳавопаймоҳою чархболҳои ҷангӣ ва неруҳои заминӣ нобуд шудаанд.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтанд, барои мушаххас кардани мизони хисороти борони шадиди рӯзҳои ахир дар шаҳру ноҳияҳои кишвар комиссияҳои вижа таъсис шудаанд.
Фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон мегӯянд, ба далели қаробати фарҳанг ва урфу одат мумкин аст таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон барои дастёбӣ ба сулҳ дар ин кишвар қобили истифода бошад.
Раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтии Тоҷикистон ҳизбҳои исломиро аз омилони нооромию ҷангҳо дар кишварҳои мусалмонии ҷаҳон арзёбӣ кард.
Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дар сӯҳбат бо Озодӣ дар мавриди мушкили иқтисодӣ, амният ва ихтилофи назарҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар масоили марзӣ ибрози назар кардааст.
Бар асоси як таҳқиқоти созмони Gallup 15 дарсади аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро "душмани асосӣ" ё "хатари асосӣ" ба амнияти кишвар донистаанд.
Ёфтҳои бештар