Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, рӯзи чоршанбе 18 май, як зани хонашини 25-сола ва модари ду фарзанди 3 ва 5-сола дар манзили зисташ худро овехтааст. Ба гуфтаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, дар маҳали ҳодиса номаи ин зан ба шавҳараш пайдо шуда ва ҳоло он мавриди омӯзиш қарор доштааст. Иллати даст ба худкушӣ задани ин зан маълум нест. Ҳоло гурӯҳи тафтишотӣ сабабҳоеро, ки ин хонумро водор ба қасди ҷонаш кардааст, баррасӣ мекунад.
Дар моҳи феврали имсол Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-солаи сокини шаҳри Норак худро бо чаҳор фарзандаш ба дарёи Вахш андохт ва ҳамаашон ҳалок шуданд. Дар соли гузашта Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон ва Саломат Пирова, сокини ноҳияи Вахш, ҳарду бо се кӯдак худро ба дарё андохтанд. Кӯдакони Парвина ҷон доданд, худаш зинда монд.
Коршиносон афзоиши мавориди худкушии занҳоро ба фақру бекорӣ ва хушунати хонаводагӣ рабт медиҳанд. Иддае бар онанд, ки мушаххас кардани иллати аслии худкушии занон душвор аст, зеро зан сирри худро ба қабр мебарад.
Ба гуфтаи Мадина Бобоева, мутахассиси пешбари бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар солҳои ахир аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон ва худкушии ҷавонзанҳо ба мавзӯъи доғи ҷомеа мубаддал шудааст.
Хонуми Бобоева ба Радиои Озодӣ гуфт: "Кумитаи кор бо занон ва оила дар байни аҳолии кишвар барои муайян кардани сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои худкушии занон пурсиши сотсиологӣ гузаронд. Бар асоси ин пурсиш, асосан аз сабаби вазъи бади иқтисоди оила, якдигарнофаҳмии зану шавҳар, рашк байни онҳо, дахолати шахсони сеюм, ба мисли хушдоману наздикони зану шавҳар ва бемории рӯҳӣ, занҳои ҷавон даст ба худкушӣ мезананд".
Мунира Иноятова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ки барои муайян кардани сабабҳои аслӣ ва воқеъии худкушии занҳо бояд як таҳқиқоти ҳамҷониба гузаронда шавад. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси хулосаҳои умумӣ метавон гуфт, ки шахс танҳо дар сурати тоқатнопазир будани шароити зисту зиндагӣ ва аз ҷонаш сер шудан ба чунин амали ваҳшатнок даст мезанад.
Хонуми Иноятова дар канори мушкилоти бекорӣ, фақр ва зӯроварӣ дар оила муҳоҷирати кории мардҳоро аз ҷумла омилҳои худкушӣ дар миёни занҳо медонад. Ӯ гуфт: "Мардҳои зиёд ба муҳоҷирати корӣ рафта дар Русия оилаи дигар барпо мекунанд, ба оилаи дар Тоҷикистон буда аҳамият намедиҳанд. На пул мефиристанд, на суроғ мекунанд. Зан бо тамоми мушкилот як ба як мемонад. Баъзеи онҳо ҷойи зист надоранд. Никоҳи давлатӣ надоранд, ки ҳаққи худу кӯдаконашонро аз оилаи шавҳарашон талаб кунанд. Ягон душворӣ пеш ояд мубориза набурда, роҳи осони худкуширо пеш мегиранд."
Ба эътиқоди ин ҷомеашинос, вақтҳои ахир худкушӣ дар миёни занҳо як навъ "қаҳрамонӣ" ё "гирифтани интиқом аз шавҳару пайвандони ӯ" ҳисоб меёбад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, худкушӣ ҷиноят дар назди оилаю фарзандон буда ва афроде ба ин амал даст мезананд, ки тарбияи ахлоқӣ, маънӣ ва динӣ надоранд.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи рӯҳониёни Тоҷикистон, худкушӣ аз нигоҳи Ислом ҳаром буда, фарде, ки маърифати динӣ дорад ба ҳеч ваҷҳ ба ин кор даст намезанад. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ҳамасола дар ин кишвар ҳудуди 400 зан қасди ҷони худ мекунад.