Бар асоси як раддабандии байналмилалӣ артиши Тоҷикистон дар миёни артишҳои 126 кишвари ҷаҳон дар зинаи 112-ум қарор гирифтааст.
Бештари тоҷирони тоҷик, ки аз Чин ба Тоҷикистон молу маводи мухталиф ворид мекунанд, мегӯянд, бо вуҷуди гарон буданаш онҳо интиқоли бор тавассути мошинро ба қатор тарҷеҳ медиҳанд.
Дар деҳаи Ашти вилояти Суғд муҷасаммаи “пешво ва падари миллатҳо”-и Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин то имрӯз ҳифз шудааст.
Раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтии Тоҷикистон гуфт, Наврӯз рӯзест, ки одамон бо кирдору рафтори некашон ризояти парвардигорро ба даст меоранд ва ин иди бузург аст.
Бонкҳои эронӣ омодагии худро барои ташкили бахшҳояшон дар гӯшаҳои Тоҷикистон эълон кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон низ мегӯяд, лағви таҳримҳо дасти Эронро барои сармоягузорӣ бозтар намудааст.
Амирқул Азимов, додситони кулли собиқ ва дабири пешини Шӯрои амният хатари такрори ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистонро рад карда ва гуфт, ки мардум ба ҳеч гуна иғво дода нахоҳанд шуд.
Дар назар аст, дар соли ҷорӣ дар иртибот ба 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон қонуни ҷадиди афв таҳия ва тасвиб шавад.
Ба Зубайдуллоҳи Розиқ, бузургсолтарин узви боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон шудааст.
Рӯзи 7-уми январ дар "бозори сиёҳ”-и шаҳри Душанбе қимати 1 доллари амрикоӣ ба 8 сомонию 30 дирам баробар шудааст. Бонки миллӣ мегӯяд, ки вазъро баррасӣ мекунад.
Ширкати ТАЛКО мегӯяд, тобистони имсол дар ноҳияи Ёвон 3 корхона месозад ва қасд дорад, дар чанд соли оянда 20 корхонаи нави саноатӣ бунёд кунад.
Бар асоси омори расмӣ, Афғонистон имсол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои башардӯстона расондааст.