Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хона дар селроҳа. Сокинон мехоҳанд, ки ба ҷои амнтар кӯчанд


Обхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Обхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон танҳо дар соли гузашта беш аз 300 хонаводаро аз манзилашон дар селроҳа ба ҷои амнтар кӯч додааст.

Бештари хонаҳои сокинон дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон дар селроҳа воқеъ буда, ҳамеша бо хатари омадани сел рӯбарӯ ҳастанд. Қурбонҷон Сафароваи 62-сола, сокини деҳаи Ромит, мегӯяд, ки дар солҳои охир бар асари омадани сел чаҳор бор манзилаш хароб шудааст ва акнун дасту дилаш барои обод кардани чор девори хона намеравад.

Ӯ мегӯяд, ки ҳатто муроҷиатҳояш барои ба ҷои амнтар кӯчондани хонаводаи онҳо то ҳол бор надодааст ва акнун намедонад додашро ба кӣ бигӯяд? Дар ҳоле ки, ба қавли Қурбонҷон Сафарова, ду пеш низ сел ба хонаи ӯ “ҳамла” карда, тамоми киштукори баҳорияшро зери сангу лойқа гирифтааст. "Ба куҷо равам? Пеши раиси ҷамоат рафтам, ба додам нарасид. Як зани бесаробон ҳастам. Ду сол пеш хонаамро сел зад. Халқи Ромит ҷамъ шуда, аз пули худашон хонаамро сохта доданд. Ба ман аз ягон ҷойи бехавф замин намедиҳанд, ки аз ин азоб халос шавам,"- мегӯяд Қурбонҷон Сафарова.

Ин сокини деҳаи Ромит мегӯяд, ки як писараш дар хидмати сарбозӣ дар вилояти Суғд асту ҳоло бо писари дигари маъюбаш дар манзили вайрона ба сар мебарад. “Ҳоло ки замини наздиҳавлигиямон хароб шуда, ҳосили баҳории сабзиҷот зери лойқа мондааст, буҷаи хонаамонро аз куҷо таъмин хоҳем кард?” - суол гузошт ӯ.

Аз сӯи дигар, як гурӯҳ аз занони деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ ба мардум барои бунёди хона порчаҳои замини обиро ҷудо кардаанд ва дар пайи бунёди хонаҳои истиқоматӣ пеши оби канал банд шудааст. Дар натиҷа ин деҳа дар селроҳа қарор гирифтааст. Бар асари селе, ки ҳафтаи гузашта ба деҳа ҷорӣ шуд, манзили сокинон ва майдони кишти наздиҳавлиашон ҷиддӣ зарар дидааст. Дар моҳи майи соли 2014 низ ба ин деҳа сел омада ҳамаро хароб карда буд. Бештари мардум акнун мехоҳанд, ки ҳукумат онҳоро аз селроҳа ба маконҳои амн кӯч диҳад.

​Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар мавриди аз минтақаҳои хатарбор ба минтақаҳои амн кӯч додани сокинон барномаи махсус барои солҳои 2014-2016 таҳия шуда ва тибқи ин барнома ҳамасола садҳо хонавода ё муҳоҷирони экологӣ ба минтақаҳои бехавф кӯчонда мешаванд. Ориф Нозимов, сухангӯи ин кумита, рӯзи 16 май ба Озодӣ гуфт, соли гузашта 312 хонавода аз селроҳа ба манотиқи бехавф кӯчонда шудааст.

Ба гуфти Нозимов, “бештари муҳоҷирони экологӣ (175 нафар) аз вилояти Хатлон буда, бахши дигарро муҳоҷирон аз вилоятҳои Бадахшон (34 нафар), Суғд (55 нафар) ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (86 нафар) ташкил доданд.” Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла ҷорӣ шудани сел, обхезӣ ё зилзила сокинони манотиқи осебдида бидуни барномаи тарҳрезишуда ва ба таври фаврӣ кӯч дода хоҳанд шуд.

Масалан, ба қавли Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон, дар натиҷаи омадани сел сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар моҳи июли соли гузашта манзилҳои худро аз даст дода ва бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар саҳрои Питовдашт барои 84 оила замин ҷудо карданд.

Аммо вазъият дар ҳама манотиқи кишвар яксон нест. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари омадани сел манзилу хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоати Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хароб гашт. Бо ин вуҷуд масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба сокинони ҷамоат иҷоза надодаанд аз роҳи ҳашар садди обанбори Поёноби Шӯрчасойро, ки омили аслии ҷоришавии сел аст, тармиму бозсозӣ кунанд. Зеро дар ин сурат об ба самти роҳи оҳани нави Душанбе-Ёвон ҷорӣ шуда ва мумкин аст ин роҳи навбунёдро хароб кунад.

Обанбори Поёноби Шӯрчасой дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар теппаҳо бунёд шуда ва аз оби он умдатан барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода мешуд. Ҷамоати Арал бошад дар қисмати поёни ин обанбор воқеъ буда ва ҳамеша бо хатари ҷорӣ шудани сел рӯбарӯ будааст.

Бо таваҷҷуҳ ба кӯҳистонӣ будани бештари қаламрави Тоҷикистон ва дар маърази хатари селу обхезӣ қарор доштани ҳазорҳо хонавода имкони кӯч додани онҳо барои давлати ин кишвар аз лиҳози молӣ душвор хоҳад буд. Масалан, ба гуфти Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, бар асари обхезӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Зайнабобод ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дар шаби 11 ба 12 майи соли ҷорӣ 2,5 ҳазор манзили зисти сокинон осеб дидаанд.

Тоҷикистон наметавонад ба танҳоӣ оқибатҳои офтаҳои табииро рафъ карда ва манотиқи осебдидаро бозсозӣ кунад. Дар ин замина, ба кумакҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ниёз вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 13 май зимни дидор бо Аннет Диксон, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ барои рафъи оқибатҳои зарари сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Панҷакент аз ин созмони молии байналмилалӣ дархости кумак кард. Дар солҳои қаблӣ низ дар пайи рух додани ҳодисаҳои табиӣ, назири омадани селу обхезӣ ё заминларза мақомоти Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ расман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кумак карда буд.

Аз ҷумла, дар соли гузашта ба дунболи дархости давлати Тоҷикистон кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба водии Рашт ва вилояти Бадахшон, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар моҳи июл ҷиддан осеб дида буданд, ба маблағи чандин милион доллар кумакҳои башардӯстона ироа карда буданд.

XS
SM
MD
LG