Бино ба иттилои дафтари матбуоти пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ИС-2 (Иосиф Сталин-2), танки даврони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм аз ҷониби низомиёни ин пойгоҳ тармиму бозсозӣ шудааст.
Николай Беркалов, сухангӯи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои гурӯҳи низомию посдорони ёди ҷанговарон мавсум ба "Памят-201", танки таърихии ИС-2-ро тармим, рангубор ва қисмҳои эҳтиёташро иваз кардаанд. Сипас, танки мазкур дар маҳали қаблиаш дар Гулгашти Пирӯзӣ, дар маркази шаҳри Душанбе ба унвони рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм гузошта шудааст.
Танки ИС-2 дар соли 1944 бо маблағи ҷамъовардаи комсомолону ҷавонони Тоҷикистон бунёд шуда, дар ҳайати Фронти Белоруссия дар манотиқи Исло ва Одери Олмон дар ҷангҳо алайҳи артиши Олмони фашистӣ ширкат кардааст. Дар соли 1985 танки Иосиф Сталин-2 ба унвони ёдгории муҳими таърихӣ ва ба ифтихори қаҳрамонони тоҷикистонӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм дар Гулгашти Пирӯзӣ дар шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин вазорат дар канори ниҳодҳои дигари давлати кишвар ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм кумакҳои моддию маънавӣ расонда ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло теъдоди собиқадорони ҷанг беш аз 1 ҳазор нафарро ташкил дода, бештари онҳо ба далели беморӣ ё бузургсолӣ имкони ширкат дар маросимҳои ҷашниро надоранд. Аз ин лиҳоз, кормандони ниҳоди махсуси ин вазорат ба аёдати онҳо рафта ва кумак мерасонанд.
Ҳамчунин, ҳамасола давлати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ва хонаводаи онҳо ба миқдори 1000 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ тавзеъ мекунанд. Собиқадорону хонаводаи онҳо аз бархе аз имтиёзҳо, назири озод будани аз пардохти андози манзил ва табобату истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳо бархурдор ҳастанд. Нафароне низ, ки дар ақибгоҳ барои ҷанг лавозимоти ҷангӣ омода ва маводи ғизоӣ таҳия мекарданд, аз чунин имтиёзот бархурдор буда ва соли ҷорӣ нафақаи ин афрод дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфт.
Бо ин вуҷуд, ба эътиқоди коршиносон, таваҷҷӯҳи давлати Тоҷикистон ба мушкилоти собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм, ки теъдодашон ҳамасола коҳиш ёфта ва ба нигоҳубини вижа ниёз доранд, чандон кофӣ набудааст. Зеро онҳо ба иллати бузургсолӣ ва беморӣ ба хидмати доимии пизишкон ва дору ниёз доранд. Ба гуфтаи пайвандони собиқадорон, умдатан фарзандони наздикон ба ҳоли собиқадорон ва ниёзҳои онҳо расидагӣ мекунанд.
Зимнан, дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон чун Русия барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм аз ин кишвар талош мекунад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба мисли Русия дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ "Лентаи георгиевӣ" тавзеъ ва гардонда мешавад. Аз ҷумла, рӯзи ҷумъаи 6 май, дар сари синаи донишҷӯёни Донишгоҳи Тоҷикистону Русия мавсум ба "Славянӣ" дар шаҳри Душанбе ва бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон "Лентаи георгиевӣ" ба чашм мехӯрд.
Ҳамасола дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ ба ибтикори Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар "Лентаи георгиевӣ" ба сокинон тавзеъ мешавад.
Ин дар ҳолест, тавзеъ ва гардондани ин нишони пирӯзӣ дар соли ҷорӣ дар кишвари ҳамсояи Узбакистон мамнӯъ шуда ва дар Қирғизистону Қазоқистон низ мухолифони "Лентаи георгиевӣ" пайдо шудаанд. Дар пайи ғасби Қрим тавассути Русия ва ҳаводиси шарқи Украина "Лентаи георгиевӣ" ҳамчуни рамзи имперализми Русия маънидод шудааст.
Дар солҳои ахир муаррихони тоҷик низ ба ҷанбаи мазҳабӣ доштани ин рамз таъкид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Георгийи муқаддас аз авлиёи дини масеҳист, ки чун ҳомии мардуми ҳарбӣ дар замони ҷанг пазируфта шуда ва 26 ноябри соли 1769 аз ҷониби Малика Екатеринаи II ҳамчун нишон таъсис шуда буд.
Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид. Дар ин ҷанг, ки бахше аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ва дар паҳнои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маъруф аст, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 миллион нафар, аз ҷумла, то 27 миллион аз шаҳрвандонии шӯравии собиқ ҷон бохтанд. Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм бо ин даҳҳо миллион қурбониаш хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумо меравад.
Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм 270 000, ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ин ҷумҳурӣ ширкат варзида, қариб 90 ҳазораш дар он ҷанг кушта шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд.