Падари Ҷамшед Исматов, хонандаи синфи 9-уми мактаби махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муддатҳост, ки ба ҳайси муҳоҷири корӣ дар Русия қарор дорад. Ӯ танҳо дар се моҳи фасли зимистон ба ватан омада, ҳамроҳи хонаводааш зиндагӣ мекунаду бас.
Ҷамшед мегӯяд, ки бори рӯзгор асосан ба дӯши модараш аст. "Агар падарам инҷо мебуд, оворагардӣ намекардем ва моро ба мактаби махсус ҳам намеоварданд. Ӯ маҷбур мекард, ки дарс тайёр кунему кӯчагардӣ накунем. Модарам ҳам ин гапҳоро мегуфт, вале мо гӯш намедодем," -- нақл кард ӯ.
Ин наврас мегӯяд, ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми оворагардияш боздошт карда ва ба мактаби махсуси Вазорати маориф ва илм супурдаанд. Ҷамшед Исматов панҷ сол боз ҳамроҳи бародараш дар ҳамин мактаб таълим мегирад. Масъулони мактаби махсуси Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, бештари шогирдони ин мактаб мисли Ҷамшед Исматов фарзанди муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки солҳо боз барои таъмини хонавода дар Русия буда, аз тарбияи фарзандон дар канор мондаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар инҷо хонандагоне низ ҳастанд, ки ҳам падару ҳам модарашон ба Русия рафтаанд.
Коршинос Ҷовид Ҷӯраев мегӯяд, бар асоси таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ҳудуди аз 3 то 4 дарсади бошандагони парваришгоҳҳои кишвар ятимони кулл буда, афроди дигар фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои ҷудошуда ҳастанд. Ҷӯраев, аз ҷумла, ба таҳқиқоти Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар соли 2014 ишора кард, ки дар парваришгоҳҳо ё хона-интернатҳои Тоҷикистон анҷом шуда буд.
Бар асоси ин пажӯҳиш, ҳудуди 5 ҳазор кӯдаки то 15-сола аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ худро "танҳо" номида ва гуфтаанд, ки "чеҳраи падарашонро хуб дар ёд надоранд". Аз ин лиҳоз, ин кӯдакон оворагардӣ карда ё дар кӯчаҳо ба корҳои тасодуфӣ машғул мешаванд. Теъдоди ин гуна кӯдакон то 10 ҳазор мерасад ва 80 дарсади онҳо дар кӯчаю бозорҳои Душанбе ба сар мебаранд. Бархе аз онҳо ба мактабҳои махсус ва дигаронро ба парваришгоҳҳо фиристода мешаванд.
Ҷовид Ҷӯраев мегӯяд, "баъзе оилаҳо фикр мекунанд, ки ба интернат додани кӯдак ба манфиат аст. Ин фикр хатост. Танҳо дар ҳолати истисноӣ ба интернат додани кӯдакон раво аст. Агар имконият бошад, кӯдак дар шароити оила, хешовандон ва ҳадди ақалл дар фарзандхонӣ калон шавад."
Ба бовари ҷомеашинос Марям Давлатова, дар хонаводаи солим, ки падару модар масъулиятшинос ҳастанд, дар сурати муҳоҷирати корӣ низ кӯдакон овораю сарсон ва кӯчагард намешаванд.
Давлатова гуфт: "Кӯдак ба меҳру муҳаббати падару модар ниёз дорад. Масалан, падари дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ҳар шом телефон карда, бо фарзандон суҳбату навозиш кунад, аҳволашонро бипурсад, бо зодрӯзашон табрик кардаю тӯҳфаю пул фиристад, кӯдакон худро бепадар ҳис намекунанд. Аммо оилаҳои носолим кӯдакони худро ҳатто ба ҳамсояҳо гузошта, ба Русия мераванд. Ин кӯдакон чи ҳол доранду чи гуна калон мешаванд, хабаре надоранд. Як миқдор пул мефиристанду фикр мекунанд, вазифаи худро иҷро кардаанд."
Марям Давлатова гуфт, дар чорчӯби як тарҳ бо парваришгоҳи рақами 4-и шаҳри Душанбе ҳамкорӣ карда ва аз вазъи воқеии фарзандони зиндаятим хуб огоҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тақрибан 97 дарсади бошандагони парваришгоҳ падар ё модар дошта, аммо аз меҳру навозиши онҳо маҳрум мондаанд. Ин гуна фарзандон ба унвони эътироз аз чунин муносибат саркашу мардумозор ба воя мерасанд, бошандагони парваришгоҳро лату кӯбу азият мекунанд ва даст ба ҷиноятҳои мухталиф мезананд.
Бар асоси як пажӯҳиши зери номи "Таъсири муҳоҷирати корӣ ва оқибатҳои он ба занҳои деҳот", ки дар соли гузашта аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи занони СММ, Барномаи минтақавӣ дар умури муҳоҷират ва созмони иҷтимоии "Панорама" дар 12 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои минтақаи Рашт анҷом шуда буд, оқибатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ барои хонаводаҳои Тоҷикистон ошкор шудааст. Тибқи ин пажӯҳиш, муҳоҷирати меҳнатӣ дар паҳлӯи бартариҳои молӣ, оқибатҳои манфӣ, назири дуру дароз набудани мардҳои қобили меҳнат, вайроншавии оилаҳо, аз падар ҷудо тарбия ёфтани фарзандон, афзоиши шуғли берун аз хонаи кӯдакон, бад шудани ҳолатҳои рӯҳии фарзандону занон ва афзоиши бемориҳое чун ВИЧ СПИД-ро ба дунбол доштааст.
Бар асоси иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон, дар 4 моҳи соли ҷорӣ 380 ҳазору 154 тан аз шаҳрвандони кишвар барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, аз ин шумор 54 ҳазору 357 нафарро занон ташкил додаанд. Ба ин далел, мумкин аст, дар оянда теъдоди фарзандони бесарпаноҳу оворагард, ба қавле кӯдакони "зиндаятим" бештар шавад.