Абдураҳмон, раҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор, ҳамасола дар 30 ҳектор майдон пахта кишт мекунад. Ӯ мегӯяд, барои кишт ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ маблағи зиёде лозим аст ва дар ноҳия ин маблағро бонки "Эсхата" ба мизоҷон пешниҳод мекунад.
Ба гуфтаи Абдураҳмон, дар соли ҷорӣ аз ин бонк ба миқдори 8 ҳазор доллари амрикоӣ қарзро бо фоизи 1,5 то 1,8 дарсад дарёфт кардааст. Дар натиҷа пас аз ҷамъоварии ҳосил ва пардохти қарз бо фоизаш ба хоҷагии деҳқонӣ ҳеч суде боқӣ намемонад.
Ӯ гуфт: "Хараҷоту фоида нӯг ба нӯг мешавад. Соли гузашта қарзи бонкро пӯшонда натавонистам, аз як нафар қарз гирифта пули бонкро додам. Ин қадар меҳнати вазинин мекунем, боз қарздор мемонем. Ҷойи дигаре нест, ки рафта кор кунем. Умрам аз 50 гузашт. Маҷбур дар ҳамин хоҷагӣ кор кунам. Бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ пули қарзи бонку андозро супорида натавониста банкрот шуданд".
Ҷамила дар бозори Корвони Душанбе ба тиҷорат машғул аст. Ӯ бо пули қарзи "АксессБонк" аз Туркия либос меорад. Фоизи қарз моҳона 2,5 дарсад ва солона 36 дарсадро ташкил медиҳад. Ахиран ӯ аз ин бонк 15 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст ва умед дорад, ки молҳояшро фурӯхта ва қарзро бо фоизаш баргардонад. Ҷамила мегӯяд, ки дар ин муомила фоидае ба даст намеояд ва танҳо ниёзҳои рӯзгор таъмин мешавад. Дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ харидорон кам шуда ва дар пардохти қарз мушкилоти ҷиддӣ пеш меояд. Ба гуфтаи ӯ, иддаи зиёди тоҷирони бозори Корвон муфлис шуда, қарзҳои бонкро пардохт карда натавонистаанд ва бонкҳо амволи ба гарав гузоштаи онҳо, аз ҷумла, хонаҳоро мусодира кардаанд.
Боло будани фоизи қарзҳои бонкҳо дар Тоҷикистон мавзӯъи тозае набуда ва ин масъала борҳо дар сатҳи раиси ҷумҳурӣ ва парлумони кишвар баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёмҳои ахири худ ба парлумони кишвар масоили марбут ба поин бурдани фоизи қарзҳо ва афозиши теъдоди қарзҳои хурду миёна ба соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқониро матраҳ карда буд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ ба ҳангоми баррасии Қонуни "Буҷети соли 2015" дар иҷлосияи парлумон дар моҳи ноябри соли 2014 аз он ибрози тааҷҷуб кард, ки ниҳодҳои молиявии кишвар аз хориҷ бо фоизи аз 6 то 10 дарсад қарз ворид карда ва ба мардум бо фоизи аз 25 то 40 дарсад пешниҳод мекунанд.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси вақти Бонки миллӣ далели ин амрро ба "хеле зиёд будани талабот ба қарзҳо" ва аз ҳисоби пасандозҳо ҷудо шудани қарзҳо марбут хонда буд. Ӯ гуфта буд, ки бонкҳо пасандозҳои аҳолиро бо фоизи баланд мегиранд ва бо фоизи баландтар ба соҳибкорону тоҷирон қарз медиҳанд.
Равшан Солиев, сардори Раёсати рушди амалиёти бонкии ташкилоти қарзии хурди "Имон-Интернешнл" дар вилояти Суғд низ, рӯзи сешанбеи 31 май зимни суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҷудо шудани қарзҳо аз ҳисоби пасандози сокинонро аз омилҳои аслии баланд будани фоизи қарзҳо дар созмонҳои молиявии кишвар арёзбӣ кард.
Масалан, ба гуфтаи ҷаноби Солиев, ташкилоти "Имон-Интернешнл" аз сокинон пасандозҳоро бо фоизи солонаи 21 то 22 дарсад қабул карда ва ба муштариён бо фоизҳои болотар аз 24 дарсади солона қарз медиҳад. Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ин ташкилот на барои дарёфти суд ё фоидаи бештар, балки ба хотири рушди иқтисод, ворид кардани таҷҳизоти мудерн ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарзҳоро бо фоизи камтар пешниҳод мекунад.
Аз ҷумла, тибқи барномаи қарзии "Чароғи маърифат" ба донишҷӯёни лаёқатманди тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ қарзҳои имтиёзнок бо фоизи 2 дарсад дар як моҳ ва бо муддати пардохт дар 6 сол ҷудо мекунад. Ҳамчунин, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ барои обёрии қатраӣ ва вуруди таҷҳизоти мудерни кишоварзӣ ба миқдори аз 100 то 500 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок бо фоизи солонаи 24 дарсад пешниҳод мекунад.
Гуфта мешавад, 97 дарсади қарзҳои ташкилоти "Имон-Интернешнл" бо пули миллии сомонӣ пардохт шуда ва бо дарназардошти боло рафтани сатҳи таваррум фоизи қарзҳо низ афзоиш меёбад. Аммо ба гуфтаи Равшан Солиев, фоизи солонаи қарзҳо бо аъори хориҷӣ аз 16 то 18 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоди саршиноси тоҷик, далели аслии боло будани фоизи қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикистон ба таври нокофӣ дар гардиш будани пули миллӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, далели дигар дар сатҳи баланд қарор доштани таваррум дар Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Ба иллати тарс аз имкони бештар афзоиш ёфтани сатҳи таваррум ва ҳимоя аз зиёнҳои эҳтимолӣ, бонкдорони Тоҷикистон ҳамеша мизони фоизҳои қарзро аз сатҳи муқаррарӣ болотар таъйин мекунанд.
Зимнан, бар асоси арзёбии The Wall Street Journal, нашрияи муътабири Амрико Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки дар онҳо фоизи қарзҳои бонкӣ хеле баланд буда ва аз 18,5 то 30 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар Русия фоизи миёни қарзҳо 17 дарсад будааст.