Бино ба иттилои расонаҳои Русия, Вазорати нақлиёти ин кишвар масъалаи қатъи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар заминаи ҳалли мушкил, бо ҷониби Русия музокирот идома дорад.
Мақомоти Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки ба қадри кофӣ огаҳ накардани мардум аз хатари ифротгароӣ ва нодида гирифтани нақши ҷомеаи маданӣ, як заъфи онҳо дар мубориза бо ифротгароӣ будааст.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳҳои террористие, ки дар минтақаҳои шимоли Афғонистон мустақар ҳастанд, барои Тоҷикистон хатари мустақим ва ҷиддӣ ҳисоб намеёбанд.
Дар ҳоле, ки додситонӣ таҳқиқи парвандаи марги Шамсиддин Зайдуллоевро қатъ карда гуфтаанд, ки ӯ дар паи илтиҳоби шуш даргузашт, волидонаш мегӯянд, ӯ дар паи боздошти ходимони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва латукӯби шадид ҷон дод. Ҳоло онҳо аз додгоҳ мехоҳанд, ки баррасии парвандаро аз сар би
Дар ҳоле, ки додгоҳе дар Душанбе ба бозбинии қазияи марги мармузи марди 25-сола дар боздоштгоҳ пардохтааст, мақомот мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон ба шиканҷа "ҷанг" эълон кардааст. Айни замон, фаълони ҳуқуқ аз умдатан нодида гирифта шудани ин шикоятҳо ҳарф мезананд.
Тоҷикистон додани виза ё раводиди сафар ба шаҳрвандони Эронро дар фурудгоҳи Душанбе қатъ кардааст. Мақомот мегӯянд, тақрибан як сол боз визаи электронӣ миёни Тоҷикистону 80 кишвари дунё, аз ҷумла Эрон роҳандозӣ шудааст ва бояд мусофирон қабл аз сафар ин санадро дастрас кунанд.
Як масъули Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки ширкати русии "Gazprom International" ба омӯзиши захираҳои нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимоли кишвар шурӯъ кардааст.
Маҳмадалӣ Ватанзода – ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон – гуфт, ислоҳи қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ" ба кормандони ин ниҳод иҷоза медиҳад, танҳо дар ҳолатҳои истиноӣ, ба мисли амалиёти зиддитеррористӣ, бе дарёфти иҷозаи додгоҳ вориди хонаи сокинон шаванд.
Сабти дубораи симкортҳои фурӯхташуда дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин раванд то якуми апрели соли 2017 идома карда, ҳадафи асосӣ аз байн бурдани симкортҳои ғайрифаъол аст.
Маскав мегӯяд, бо вуҷуди бӯҳрон ва коҳиши сармояҳои Русия ба Тоҷикистон, ин кишвар хостори тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.
Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки сатҳи андозбандӣ хеле болост. Бар асоси арзёбии “Total tax rate”, мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин аст.
Мақомоти Тоҷикистон ва коршиносон дар Душанбе рӯзи 10-уми октябр дар як нишаст, хатари экстремизм, аз ҷумла гурӯҳи Давлати исломӣ барои кишварро баррасӣ карданд.
Маризо Халифаев, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, гуфт, 90 дар сади шаҳрвандони тоҷике, ки дар сафи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия меҷанганд, аз тариқи Интернет ҷалб шудаанд. Вай гуфт, 85 дар сади ин афрод дар Русия буданд.
Бар асари муноқиша дар шаҳри Хоруғ як ҷавони 33-сола кушта шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Фирӯз Одинашоев дар фурӯшгоҳи "Атлантика" кор мекард ва соҳиби як фарзанд буд, аммо тасодуфан дар муноқишаи ду гурӯҳи ҷавонон қурбон шудааст.
Кӯҳистони Помир дар феҳристи 100 мавзеи устувори ҷаҳонгардӣ шомил шудааст. Асадшоҳ Зоолшоев, раиси Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Помир, гуфт, ки ба феҳристи пешинаи "Sustainable Destinations TOP 100" водии Вахону дараи Бартанг низ шомил буданд.
Ҳангоми баррасии мавзӯи мубориза бо сил дар парлумони Тоҷикистон, баҳси мушкили дастасӣ ба доруҳои бепули грантӣ, қимати гарони доруҳо ва шаффофияти истифодаи маблағҳо бархост.
Вакилони порлумон санадеро тасвиб карданд, ки табодули иттилоъ дар бораи корбарони Интернет бо кишварҳои дигарро иҷоза медиҳад. Протокол дар бораи ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 5 октябр ба тасвиб расид.
Мақомот мегӯянд, дар робита бо шурӯи нооромиҳо дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, нирӯҳои марзбонии кишвар ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, пулҳои электронӣ ё бонкдории мобилӣ метавонад дар ҳалли мушкили камбуди пули нақд ва берун кашидани Тоҷикистон аз бӯҳрони молӣ кумак кунад.
Ёфтҳои бештар