Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватанзода: Касе ҳақ надорад, бе сабаб ба хонаи сокинон дарояд (2 ВИДЕО)


Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар порлумон
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар порлумон

Маҳмадалӣ Ватанзода – ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар порлумон – гуфт, касе ҳақ надорад, ки бе сабаб вориди манзили сокинон шавад. Ӯ рӯзи 19 октябр гуфт, ислоҳи қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ" танҳо ба кормандони ин ниҳод иҷоза медиҳад, дар ҳолатҳои истиноӣ, ба мисли амалиёти зиддитеррористӣ, бидуни дарёфти иҷозаи додгоҳ вориди хонаи сокинон шаванд.

Бидуни иҷоза ба манзили шахс ворид шудан масъулияти бузургро талаб мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои фавқулода амалӣ мешавад.

Ёвари президенти Тоҷикистон афзуд, "баъди баррасии ин масъала дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баъзе аз расонаҳо хабар пайдо шуд, ки акнун кормандони Кумитаи амният ҳаққи бе иҷоза ва мамониат ба манзили сокинон даромаданро пайдо карданд. Ин нодуруст аст. Принсипи Конститутсия дар бораи ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро ин қонун бекор намекунад."

Гузориш аз порлумон:

Порлумон ба Кумитаи амният салоҳиятҳои нав дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – рӯзи 19 октябр тарҳи иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ "-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тағйирот кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ доранд, ки бе иҷоза вориди манзили сокинон шаванд.

Саймӯъмин Ятимов
Саймӯъмин Ятимов

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳи қонун дар порлумон гуфт, "таҷрибаи ҳодисаҳои террористӣ дар Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Ховари Миёна нишон доданд, ки ин гурӯҳҳо ба таври махфиёна амал мекунанд ва ин рафтори онҳо посухи баробарвазн мехоҳад. Яъне, махфиёна ба манзилҳое рафтан, ки дар он ҷо террористҳо мехоҳанд амали ҷиноятии худро содир кунанд.”

Ятимов низ гуфт, ин қонун "дар навбати аввал ба таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона карда шудааст” ва афзуд, “бидуни иҷоза ба манзилҳои шахс ворид шудан масъулияти бузургро талаб мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои фавқулода амалӣ мешавад. Кормандони амнияти миллӣ бояд интихобан амал карда ва мақсадҳои гузоштаро иҷро кунанд. Ин таҷриба дар кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст."

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ин суолро матраҳ кард, ки дар сурати анҷоми амалиёт мумкин аст дар манзил одамони бегуноҳ бошанд ва дару девори хона шикаста шавад. Дар ин ҳолат кӣ ва чигуна зарарро ҷуброн хоҳад кард? Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар порлумон, гуфт, "бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҷуброни зарар аз ҷониби давлат сурат мегирад".

Порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ тағйирот ворид кард, ки ҷинояти "хиёнат ба давлат"-ро дар бар мегирад. Ҳотам Назарзода, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, гуфт, "ин тағйирот дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия рӯи даст гирифта шудааст".

Назари сокинон:

Иҷоза медиҳед, кормандони амният нопурсида ба хонаатон дароянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Вай зимни шарҳи ин тағйирот гуфт, "ҳар ходими давлатӣ ва низомӣ, ки бо истифода аз мақоми давлатӣ тариқи расона ва Интернет ҳаракатҳо ва ғояҳои террористиву ифротгароиро сафед мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд".

Тайи ду соли охир мақомоти интизомӣ Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъро ба хиёнат ба ватан муттаҳам карданд.

Ибораи "хиёнат ба давлат ё ватан" солҳои охир дар расонаҳо, бахусус расонаҳои таҳти идораи ҳукумат зиёд истифода мешавад. Як ҷустуҷӯи сарсарӣ дар Гугл ҳам кофист, ки бо навиштани ибораи "хиёнат ба ватан" беш аз 250 ҳазор матлаб пайдо шавад. Дар ин матлабҳо мафҳуми хиёнат ба давлат ё ватан ба гунаҳои мухталиф истифода шуда, дар яке аз онҳо пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, мухолифат бо сиёсати ҳукумат, ҷосусӣ, баргузории эътирозҳо дар хориҷ ва ҳатто хӯрдани пули барқ ба унвони хиёнат шинохта шудаанд.

Моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, хиёнат ба давлатро, “ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расондани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст” медонад.

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Дар чанд соли гузашта дар Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Оҷонсии зидди маводи мухаддир бо ҷурми хиёнат ба ватан ҳукм гирифта, дар ҳоли адои ҷазои ҷиноист. Тайи ду соли охир мақомоти интизомӣ Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъро ба хиёнат муттаҳам карданд. Аммо аввалӣ берун аз Тоҷикистон дар ҳайати "Давлати исломӣ" меҷангад ва дувумӣ соли гузашта дар пайи талоши боздошташ дар дараи Ромит кушта шуд.

XS
SM
MD
LG