Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти дубораи симкортҳои фурӯхташуда дар Тоҷикистон оғоз ёфт


Сабти дубораи симкортҳои фурӯхташуда дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин раванд то якуми апрели соли 2017 идома карда, ҳадафи асосӣ аз байн бурдани симкортҳои ғайрифаъол аст. Вале охири соли гузашта муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз онки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти Толибон низ расидааст, дар порлумон гуфта буд, 7 миллион симкорти фурӯхташуда бояд аз нав сабт шавад.

Ширкати мобилии "Babilon" хабар додааст, ки маъракаи сабти дубораи симкортҳоро аз 1 ноябри имсол шурӯъ мекунад.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, рӯзи 15 октябр ба Радиои Озодӣ далели ин иқдомро ба боло рафтани ҳаққи хизматрасонӣ ва ба тартиб даровардани тарзи истифодаи симкортҳо марбут донист. Ӯ гуфт, "қаблан ба далели арзон будани арзиши иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN ҳаққи иҷораро ширкатҳои мобилӣ мепардохтанд. Аз ин лиҳоз, иддае зиёди муштариҳо ду ва зиёдтар аз ин симкорт доштанд. Баъди ба маротиб гарон шудани ҳаққи иҷораи рақамҳо, пардохти ин маблағ ба ӯҳдаи муштариён вогузор шуд ва ба дунболи он теъдоди муштариён якбора коҳиш ёфт", - гуфт ӯ.

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

Моҳи июни соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ қимати иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро аз 10 дирам то 1,82 сомонӣ барои як моҳ боло бурд. Аз ин пеш, Кумитаи андози Тоҷикистон мизони молиёти аксизиро аз се дарсади қаблӣ то ба 5 дарсад боло бурда буд. Бо ин амр ҳар корбари телефони мобилу интернет дар сол бояд беш аз 18 сомонӣ маблағи иловагӣ супоранд.

Дар пайи ин тадбирҳо теъдоди истифодабарандагон аз хадамоти мобилӣ аз 11 миллиону 600 ҳазор тобистони соли гузашта то 9,8 миллион коҳиш ёфтааст. Теъдоди симкортҳои фаъоли мобилӣ 4,9 миллионро ташкил додааст. Ғафурҷон Эркаев гуфт, дар пайи сабти дубораи симкортҳо имкон дорад, ки ин рақам ҷиддан коҳиш ёбад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати мобилии “Babilon” дар торнамои худ хабар додааст, маъракаи сабти дубораи симкортҳо аз 1 ноябри соли ҷорӣ шурӯъ хоҳад шуд. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Babilion”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин раванд бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасонии вобаста ба он”, аз 30 апрели соли ҷорӣ анҷом мешавад.

Ба қавли Ҷумъаев, сабти дубораи симкортҳо бепул буда, танҳо дар ҳузури шахсии истифодабаранда ва шиносномаи ӯ сурат мегирад. Вай таъкид кард, «сабабҳои ин иқдом дар қарори ҳукумат дарҷ ёфтааст ва ба шарҳи иловагӣ ниёз вуҷуд надорад. Дар қарори мазкур тартиби пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, наҳваи бақайдгирии симкортҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ ва истифодабарандагони симкортҳо мушаххас шудааст.”

Аз ҷумла, дар ин санад таъкид шудааст, “рақамгузории симкортҳо ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда шуда ва фаъолияти нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо мувофиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад”.

Бархе аз коршиносон раванди бақайдгирии дубораи симкортҳои мобилиро дар роҳи ҷилавгирӣ аз истифодаи онҳо тавассути аъзои гурӯҳи террористии шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои шимоли Афғонистон марбут хондаанд. Аз ҷумла, охири моҳи декбари соли гузашта Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз он ки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти Толибон низ расидааст, гуфт, соҳибони 7 миллион симкорти фурӯхташудаи ширкатҳои мобилӣ бояд мушаххас ва аз нав ба қайд гирифта шаванд. Муштариёне, ки аз қайди дубора саркашӣ мекунанд, аз симкорти худ маҳрум хоҳанд шуд.

Мансур Умаров
Мансур Умаров

Муштариёне, ки аз қайди дубора саркашӣ мекунанд, аз симкорти худ маҳрум хоҳанд шуд. Мансур Умаров - муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми муаррифии тарҳи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” гуфт, “амнияти иттилотии алоқаи мобилӣ дар ҳолати номусоид қарор дорад.” Ба таъкиди вай, вазъияти мазкур бар асари фурӯши бенизоми 70 дарсади симкортҳо ба миён омадааст.

Вай гуфт, “ширкатҳои мобилӣ дар кишвар моликияти афроди хориҷӣ буда, сарфи назар аз таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон, мақсади аслиашон ба даст овардани фоидаи пулӣ аст.” Ба таъкиди Мансур Умаров, мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир ҳолатҳои зиёди истифодаи симкортҳои Тоҷикистон аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва ба Афғонистон бурдани теъдоде аз ин симкортҳоро ошкор карданд: “Гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарон дар марз бо Афғонистон аз симкорти ширкатҳои мобилии мо истифода мекунанд. Соҳибони телефонҳо дар ягон ширкати мобилӣ ба қайд гирифта нашудаанд.”

Тасвиби Қонун "Дар бораи алоқаи мобилӣ” шеваи хариду фурӯши симкортҳоро ҳам тағйир медиҳад ва ширкатҳои мобилӣ ё афроде, ки ба фурӯши симкортҳои ғайрирасмӣ машғуланд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG