Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати нақлиёт: "Русия манфиати ширкатҳои моро нодида мегирад". ВИДЕО


Бино ба иттилои расонаҳои Русия, Вазорати нақлиёти ин кишвар масъалаи қатъи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар заминаи ҳалли мушкил, бо ҷониби Русия музокирот идома дорад.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, вазорати нақлиёти ин кишвар масъалаи қатъи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Манобеи вазорати нақлиёти Русия гуфтаанд, ки мумкин аст аз 8 ноябри соли ҷорӣ ҳама гуна парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар мутаваққиф шавад.

Тибқи иттилои баъзе манобеъ, ин тасмими Маскав дар пайи саркашии Душанбе аз мувофиқат барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский будааст.

Чанд соли пеш ширкати Baltic Air-и Латвия парвозҳоеро аз Душанбе ба кишварҳои аврупоӣ анҷом медод. Аммо ба далели поин будани қимати чиптаҳои ин ширкат ва зиёд будани муштариаш базудӣ бозори ҳавопаймоии Тоҷикистонро тарк кард

Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон вуҷуди сӯитафоҳум бо ҷониби Русия дар заминаи алоқаи ҳавоиро таъйид карда гуфтанд, ки ҷонибҳо дар ин замина музокирот мекунанд.

Раҳмон Юсуф Азим, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 3 ноябр ба Озодӣ гуфт, мушкили аслӣ бар сари парвозҳо аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковскии Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки дар он манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар заминаи парвозҳо аз ин фурудгоҳ ё ба қавле “паритет ё баробарӣ” риоят нашудааст.

Ӯ гуфт, миёни Тоҷикистону Русия созишномаи ҳавопаймои гражданӣ имзо шудааст, ҳоло ҷонибҳо дар атрофи протоколи таъиноти ширкатҳои ҳавоӣ ва иҷроиши хати сайрҳо баҳсу баррасӣ мекунанд ва “дар ин баҳсҳо ҷониби Тоҷикистон манфиати бозори ҳавопаймоии худро ҳимоя мекунад”.

Мушкили рафтуомади ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Набуди паритет ё баробарӣ дар парвозҳои ширкатҳои русиву тоҷикӣ

Бино ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, феълан парвозҳои ширкатҳои Русия дар масири шаҳрҳои ин ду кишвар назар ба хадамоти ширкатҳои Тоҷикистон бештар аст. Масалан, парвозҳо дар хати сайри Маскав-Кӯлоб ва Маскав-Қӯрғонтеппа аз сӯи ширкатҳои ҳавоии S7 ва "Уральские авиалинии" Русия анҷом шуда ва ҷониби Русия барои парвози ширкатҳои тоҷик дар ин масирҳо ҳанӯз иҷоза надодааст.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид дорад, фаъол шудани фурудгоҳи ҷадид дар наздикии Маскав ба афзоиши парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хоҳад шуд, ки ин амр ба созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди алоқаи ҳавоӣ мухолифат дорад.

Фурудгоҳи Жуковский дар наздики шаҳри Маскав аз моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда ва қарор аст ширкати русии “Уральские авиалинии” аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Феълан дар ин феҳрист номи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон шомил нашудааст.

Фурудгоҳи Жуковский - дар ҳудуди вилояти Маскав

Аммо маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, ки фурудгоҳҳои "Внуково", "Домодедово" ва "Шереметево" ба шаҳри Маскав марбут буда, фурудгоҳи Жуковский (ё Раменский) ба вилояти Маскав тобеият дорад. Мавқеи ҷойгиршавии ин фурудгоҳ аз "Домодедово" ва "Шереметево", вобаста аз роҳи сафар 40 то 100 км масофаро дар бар мегирад. Ин манбаъ таъкид кардааст, ки "саркашӣ"-и Душанбе барои ҳамоҳангсозии парвозҳо миёни ин ду кишвар “нақзи мустақим”-и созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия хоҳад буд.

Вазорати нақлиёти Русия ҳушдор додааст, ки дар сурати тағйир наёфтани мавқеи мақомоти Тоҷикистон, аз 8 ноябри соли ҷорӣ парвозҳо миёни ин ду кишвар комилан мутаваққиф хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақил ин гуна таҳдидҳои ҷониби Русияро навъи фишор барои бароварда сохтани манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии худ унвон кард ва айни замон, изҳори умедворӣ кард, ки кор то комилан мутаваққиф шудани парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия намерасад. Вай гуфт, эҳтимолан, дар сурати мутаваққифшавии парвозҳо ин тасмим танҳо марбут ба самтҳои мушаххаси парвозҳо шавад. Вай гуфт, мусаллам аст, ки аз ин тасмимҳо ширкатҳои ҳавоии ҳарду кишвар зиён хоҳанд дид.

Бино ба иттилои нашрияи “Коммерсант”-и Русия, дар соли ҷорӣ ин дуюмин ихтилофи мақомоти Вазорати нақлиёти Русия бо ширкатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда ва ин ниҳод аз ширкати қазоқии “Air Astana” тақозо кард, ки барои парвоз аз ҳарими ҳавоии Сибири Русия музд пардохт кунад. Дар посух Қазоқистон таҳдид кард, ки парвозҳои ширкати “Аэрофлот”-и Русия ба ин кишварро мутаваққиф хоҳад кард. То ҳол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст.

Ҳоло ширкатҳои S7 Airlines, Ural Airlines, UTair-и Русия ва Tajik Air ва Somon Air-и Тоҷикистон парвозҳоро миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новгород, Сочи, Сургут, Тюмен, Уфа, Самара, Оренбург, Челябинск, Краснодар ва Қазони Русия анҷом медиҳанд. Арзиши чиптаҳо миёни ин ширкатҳо тақрибан тафовуте надошта, қимати билет мавсимӣ таъин мешавад ва ҳангоми рафтан ё бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба шаҳрҳои Русия афзоиш ё коҳиш меёбад.

Муҳоҷирони корӣ - муҳимтарин муштариёни масири Тоҷикистон-Русия

Бино ба иттилои Александр Сизинтсев, раиси кулли ширкати интернетии сайёҳии “Biletix”, дар соли ҷорӣ нархи миёнаи чиптаҳо дар масири Русия ва Тоҷикистон 16 ҳазору 898 рублро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта 12 дарсад бештар будааст. Бештар аз 90 дарсади чиптаҳо ба як самт рафт ё бозгашт фурӯхта мешаванд. Ба гуфтаи Сизинтсев, Душанбе аз лиҳози фурӯши чиптаҳо танҳо ба як самт ба 10-гонаи самтҳои байналмилалӣ ворид шудааст. Манзур ин аст, ки аксари мусофирони ҳавопаймоҳо – муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки маъмулан барои кор аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд ва дарозмуддат дар он ҷо мемонанд. Солона то як миллион сокинони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд.

Фурудгоҳи "Домодедово" муҳимтарин фурудгоҳи байналмилалии Маскав аст, ки аз он ҷо ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом мешаванд
Фурудгоҳи "Домодедово" муҳимтарин фурудгоҳи байналмилалии Маскав аст, ки аз он ҷо ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом мешаванд

Зимнан, рӯзи 2 ноябр ба ҳангоми муҳокимаи Созишномаи Тоҷикистону Чин дар бораи ҳавопаймоии гражданӣ дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва бархе аз вакилони парлумон аз гарон будани чиптаи ҳавопаймоҳои кишвар ибрози нигаронӣ карданд, ки дар муқоиса бо ширкатҳои ҳавоии кишварҳои пасошӯравӣ баландтар будаанд. Масалан, барои қиёс, қимати чипаи хати сайри Душанбе-Маскав 367 доллар, Остона-Маскав 176 доллар ва Бишкек-Маскав 136 долларро ташкил медиҳад.

Баҳси монополия ва қиматҳои баланди парвоз

Дар ҳоле ки Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон иллати гаронии арзиши чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба баланд будани баҳои сӯзишворӣ марбут медонад, коршиносон ин амрро ба инҳисор ё монополия шудани парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои муайян дар ин кишвар рабт додаанд. Ба гуфтаи ин коршиносон, ширкатҳои хориҷие, ки вориди бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон мешаванд, бояд ҳатман арзиши чиптаҳои худро бо ширкатҳои тоҷикӣ баробар кунанд. Дар акси ҳол, онҳо аз бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон ихроҷ хоҳанд шуд.

Ба унвони мисол, чанд соли пеш ширкати Baltic Air-и Латвия парвозҳоеро аз Душанбе ба кишварҳои аврупоӣ анҷом медод. Аммо ба далели поин будани қимати чиптаҳои ин ширкат ва зиёд будани муштариаш базудӣ бозори ҳавопаймоии Тоҷикистонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG