Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯии сокинони Украина дар Тоҷикистон


Анастасия Спивина Демяновна Спивина
Анастасия Спивина Демяновна Спивина

Дар чанд моҳи охир даҳҳо шаҳрванди Украина дар пайи нооромии кишвари худ бо ҳадафи дарёфти паноҳандагӣ ва зиндагии муваққатӣ дар манзилу хешу таборашон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Тайи чанд моҳи ахир даҳҳо шаҳрванди Украина бинобар нооромиҳо дар кишварашон аз Тоҷикистон дарёфти паноҳандагӣ кардаанд. Дар канори он, иддае дигар барнома доранд, то анҷоми даргириҳо дар Украина, ба таври муваққат дар манзили хешу пайвандонашон дар Тоҷикистон паноҳ бубаранд.

Анастасия Спивина Демяновнаи 69-сола, зодаи шаҳраки Горняки вилояти Донетски Украина, аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ дар хонаи духтараш, воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, зиндагӣ мекунад. Анастасия рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз мақомоти Тоҷикистон дархости корти паноҳандагӣ кардааст. Ин хонуми украинӣ, ки бо ба ёд овардани авзои ноороми кишвараш пайваста ашк мерехт, гуфт, аз Донетск дар ҳоле хориҷ шуд, ки ҷангҳо шиддат гирифтанд ва ҷонаш дар хатар афтод.

Ин зан, ки бо убури сарҳади Ростов аз Украина хориҷ шудааст, мегӯяд, дар марз бо теъдоди зиёди гурезаҳои ҷанг рӯ ба рӯ шуд, ки ҳама украинӣ буданд. Бисёриҳо ҳеч барномае надоштанд ва намедонистанд ба куҷо раванд: “Дар шаҳраки Горняки вилояти Донетск, вазъ хело ноором буд, хонаҳо дар коми оташ буданд. Ҳар касе, ки ягон гап гӯяд, мусаллаҳон шабона омада, одамонро бо хонаҳояшон оташ мезананд. Хело даҳшат аст.”

Ин зан мегӯяд, вазъи молияш дар Тоҷикистон хуб нест ва намехоҳад ба дӯши духтараш “бор” шавад. Бинобар ин, ӯ барои барои дарёфти кумакпулӣ ба баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ низ муроҷиат кардааст. Украиниҳо бештар аз шаҳру вилоятҳои Донетск, Луҳанск, Запароже ва Одесса ба Тоҷикистон омадаанд. Дар миёни ин афрод ҷавонони синни аскарӣ низ ҳастанд, ки аз даъвати аскарӣ ва иштирок дар ҷанг ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Фаррух Хайруллоев, як масъули созмони байналмилалии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ”, ки бо ду паноҳҷӯи ҷавон аз Украина сӯҳбат кардааст, мегӯяд, “ба хотири он Тоҷикистон омадаанд, ки намехоҳанд дар ҷанги Украина иштирок кунанд. Тибқи Қонун “Дар бораи мобилизатсия” дар Украина он ҷавонон бояд дар сафи артиши миллии кишварашон хизмат кунанд, ки онҳо инро намехоҳанд. Он ҷавонон мегӯянд намехоҳанд аз ягон ҷониб вориди майдони ҷанг шаванд.

Ба гуфтаи масъулони созмони байналмилалии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар миёни паноҳҷӯёни украинӣ, инчунин, тоҷикони муқими Украина ба мушоҳида мерасад. Бар асоси иттилои созмони “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар соли 2014 ба ташкилоти онҳо 11 шаҳрванди Украина барои паноҳҷӯӣ муроҷиат кардааст, аммо ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо мақоми паноҳандагӣ мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони созмони “Ҳуқуқ

Tajikistan,Dushanbe city, board in front of International NGO "Right and Prosperity",29January2015
Tajikistan,Dushanbe city, board in front of International NGO "Right and Prosperity",29January2015

ва беҳбудӣ”, ки бо паноҳҷӯён кор мекунад, мегӯянд, то оғози ҷанг дар Украина ба онҳо ягон нафар аз шаҳрвандони ин кишвар муроҷиат накарда буд.

Вячеслав Украинец, муовини сафири Украина дар Душанбе гуфт, ки дар чанд моҳи ахир 4 шаҳрванди кишвараш ба ин ниҳоди дипломатӣ муроҷиат карда ва гуфтаанд, ки мехоҳанд то анҷоми ҷанг дар хонаводаҳои хешовандонашон дар Тоҷикистон бимонанд.

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, дар пайи нооромиҳо дар Украина ба онҳо 4 хонаводаи украинӣ барои гирифтани мақоми гуреза муроҷиат карда ва соҳиби корти паноҳандагӣ шуданд.

Раҷабмоҳ Раҳмоналиева, сардори шӯъбаи шаҳрвандӣ, кор бо паноҳҷӯёни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин чаҳор хонавода аз Украина дар пайи омӯзиши асноди онҳо комиссияи вижа мақоми паноҳандагӣ додааст. Хонум Раҳмоналиева мегӯяд, шаҳрвандони Украина зимни муроҷиати хеш гуфтаанд, ки пас аз дубора ором шудани вазъи Украина, онҳо ба ватанашон бармегарданд: “Комиссия низ ба хулосае омад, ки ба онҳо мақоми паноҳҷӯӣ дода шавад. Зеро онҳо низ ватанашонро дӯст медоранд ва ҳамин ки вазъ ором шуд, дубора ба Украина бармегарданд.”

То ҳол бештар шаҳрвандони Афғонистону Покистон, Ироқу, Эрон барои дарёфти корти паноҳандагӣ ба ҳукуматиТоҷикистон ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон муроҷиат карданд. Украиниҳо бинобар боло рафтани эҳсоси зидди украинӣ дар ҷомеаи Русия, ба паноҳандагӣ дар Тоҷикистон тарҷеҳ додаанд. То ҳол ҳудуди се ҳазор хориҷиён корти паноҳандагии Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG