Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клуби таҳлилгарон номи Сӯҳроб Шарифовро гирифт


Сӯҳроб Шарифов рӯзи 19 январи соли ҷорӣ дар синни 52 даргузашт
Сӯҳроб Шарифов рӯзи 19 январи соли ҷорӣ дар синни 52 даргузашт

Клуби таҳлилгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе ба исми Сӯҳроб Шарифов номгузорӣ шуд. Оқои Шарифов, ки аз камхунӣ ранҷ мебурд, рӯзи 19 январ дар Қарияи Боло даргузашт.

Дафтари коршиносони “Рушди АвруОсиё”, ё Клуби таҳлилгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе, номи Сӯҳроб Шарифовро гирифт. Ин пешниҳод дар як нишасти ёдбуд аз сиёсатмадори шинохта, шодравон Сӯҳроб Шарифов бо ин эътироф пазируфта шуд, ки ҷойи ин сиёсатмадор, таҳлилгар ва намояндаи ҳукумати қонунгузор дар саҳнаи сиёсӣ холӣ хоҳад буд.

Сӯҳроб Шарифов, собиқ мушовири раиси ҷумҳур, раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон 19 январ, дар синни 52, бар асари бемории начандон тӯлонӣ дар бемористони Қарияи Боло аз дунё даргузашт.

Нишасти коршиносони дафтари “Рушди АвруОсиё” 27 январ дар Душанбе таҳти унвони “Нақши Сӯҳроб Шарифов дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони муосир” дар ҳафтумин рӯзи марги ногаҳонии ин чеҳраи шинохта дар кишвар баргузор шуд.Таҳлилгарону сиёсатмадорон аз Сӯҳроб Шарифов ҳамчун як марди донишманд ва сарсупурдаи Ватану миллат ёдоварӣ карданд.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, бо он ки Сӯҳроб Шарифов ходими давлатӣ буд, дар тамоми муддати фаъолияташ ҷасорат ва покизагии фитриашро ҳифз кард. “Дар оғози солҳои 90-ум ӯ майли пайвастан ба Анҷумани сиёсатшиносонои тоҷикро кард ва он замон мо лоиҳае доштем, ки ба шаклгирии низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон марбут буд. Дар он солҳо коршиносеро, ки ба ҳамаи ҳизбҳо назари мунсифона дошта бошад, пайдо кардан осон набуд. Аммо вақте мо Сӯҳробро ба ҳамоишамон даъват мекардем, нишаст дар сатҳи бисёр баланд мегузашт. Чунки ӯ манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз боло мегузошт,”-мегӯяд оқои Маҳмадазимов.

Бо он ки Сӯҳроб Шарифов, узви Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон буд, аммо ба фарқ аз мақомдорони дигар бисёр вақт аз маҳдудаи ҳизбӣ берун мерафт, то рӯи принсипҳои худ по нагузорад.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, Шарифов дар бистари беморӣ низ аз таҳаввулоти ҷаҳон ва ҳодисаҳои дохилу хориҷи кишвар сӯҳбат мекард. Кабирӣ

мегӯяд, эҳтимол Тоҷикистон файласуф ё сиёсатмадорони беҳтарро кашф кунад, вале тоҷики ватанпарастеро чун Сӯҳроб Шарифов ёфтан осон нест.

Ин вакили парлумон аз ҷашни 40-солагии ҲНИТ ҳам ёдовар шуд, ки, ба гуфтаи ӯ, ба он аксари вакилону сиёсатмадорон даъват шуданд, вале аз миёни онҳо танҳо Сӯҳроб буд, ки бидуни ҳарос дар ҳамоиши мухолифони ҳукумат иштирок кард. “Сӯҳроб гуфт, мехоҳам биравам ва ба ҳама нишон диҳам, ки дар масъалаҳои идеологӣ ва сиёсӣ бо Шумо розӣ нестам, вале барои миллату кишвар Шуморо зарур ҳисоб мекунам. Бояд Шумо бошед. Ин паёми ман ба ҷомеа аст. Бигзор, ҳама донанд, ки Шумо даркор ҳастед ва бояд бошед. Шумо ҷузъи ин миллатед,”-нақл кард Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, иштирок дар ҳамоши ҳизби мухолиф Сӯҳроб Шарифовро таҳти фишор қарор дод, аммо ин натавонист муносибати ӯро ба аҳзоби дигар тағйир диҳад.

Охирин таҳаввулоте, ки Сӯҳроб Шарифов қабл аз бадтар шудани саломатиаш сари он баҳс мекард, ҳуҷум ба дафтари нашрияи танзнигори “Шарли Эбдо” буд. Бахтиёр Раҳмонов -- намояндаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳодиса Сӯҳроб Шарифовро дар бемористон нороҳат кард. Ӯ ба Бахтиёр Раҳмонов гуфтааст, “мардум дар Амрико ва Аврупо ба қуллаи рушди худ расидаанд, аммо чунин таассурот ба вуҷуд меояд, ки онҳо ба ҷойи таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии сулҳомез, аз ихтилофҳо пайравӣ мекунанд.”

Лидия Исамова, рӯзноманигори собиқадори Тоҷикистон, мегӯяд, дарёфти назари ҳукумат ба таҳаввулоти рӯз ҳамеша мушкил аст, аммо вокунишҳои Сӯҳроб ба таҳаввулот ин халоро пур мекард. “Сӯҳроб Шарифов, ягона мақомдоре буд, ки аз изҳори назар ба рӯзноманигорон ҳарос надошт ва дастрастарин мансабдори тоҷик барои хабарнигорон буд,”-ба ёд меорад Исамова.

Сӯҳроб Шарифов аз соли 2011 то лаҳзаи маргаш вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ ва даҳҳо мақолаи илмӣ роҷеъ ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аст.

ВИДЕО: Лаҳзаи сукути вакилони парлумон ба хотири С.Шарифов:

Лаҳзаи сукут ба хотири Сӯҳроб Шарифов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

XS
SM
MD
LG