Ҳизби сотсиал-демократ созмонҳои дохилу хориҷро барои дифоъ аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов даъват кардааст. Онҳо 21 январро “Рӯзи ҳамраъйӣ” бо муовини боздоштшудаи раиси ин ҳизб эълон кардаанд.
Мақомот мегӯянд, Фарзонаи 18-сола баъд аз он ки волидонаш хостаанд, ӯро маҷбурӣ ба марди бузургсоле ба шавҳар диҳанд, худкушӣ кардааст. Аммо наздиконаш то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Яке мехоҳад мавзӯи бекории занон матраҳ шаваду дигаре хостори танзими муҳоҷирати корист. Онҳое ҳам ҳастанд, ки аз меҳнати сахташон дар гузашта ёдоварӣ мекунанду интизори нафақаи хубанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксар вақт худи сокинони минтақаҳои “хатарнок” барои кӯч доданашон ба маҳалҳои бехавф розӣ намешаванд. Ба қавли онҳо, сокинон мехоҳанд, бештар дар хонаҳои гузаштагони худ бимонанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратов, вакили тоҷикро, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додраси парванда гуфт, Қудратов баъд аз раҳоияш аз зиндон низ ду сол ҳаққи адвокатӣ надорад.
Дар соли 2014 беш аз 15 000 зан барои ташхиси осори зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои ташхиси тиббию додгоҳии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Аммо шумори занҳое, ки санади ташхис дар даст ба додгоҳ рафтаанд, ангуштшумор будааст.
Шасту ду нафар аз номзадҳои номзади аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз санҷиши забони тоҷикӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гузаштанд.
Cокинони Душанбе мегӯянд, ҳарчанд роҳҳои мошингарди пойтахти Тоҷикистон ҳамеша тармиму бозсозӣ мешаванд, пиёдароҳҳои он аз чунин таваҷҷӯҳ канор мондаанд.
Дар Тоҷикистон тарҳи қонуни вижаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар дасти баррасии порлумон қарор дорад. Ин қонун бояд сӯиистифода аз нирӯи кори кӯдакро қонунан манъ кунад. Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки кори кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамчунон фаровон ба назар мерасад.
Масъулон мегӯянд, дар як соли охир дар 600 ҳолати бокира будан ё набудани наварӯсони тоҷикро санҷидаанд, вале дар аксари маворид даъвои шавҳарони онҳо, ки мегуфтанд, арӯсашон нодухтар аст, беасос ё тӯҳмат будааст.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон “Мактаби пешвоёни ҷавон”-ро таъсис дод, ки ба он 10 ҷавони фаъол ҷалб шуда, қарор аст онҳо рисолати хосеро анҷом диҳанд.
Занони омӯзгори тоҷик бояд аз соли нави 2015 бо либоси ягона ба кор ҳозир шаванд. Ҳарчанд қарори вазорати маориф ва илм тавсиявист, вале мудирони мактабҳо аз омӯзгорон талаб доштаанд, ки ҳатман аз ин либоси ягона бихаранд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Оши Қирғизистон се муҳоҷири кории тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия боздошт шудаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, онҳо шиносномаҳои дохилӣ доштаанд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 50 дарсади нозирони дидбонгоҳҳои гумрукиро аз ҳисоби занҳо таъин кунад.
Мавҷуда Ғоибова пас аз эълон шудани ҳалномаи додгоҳ ба нишони эътироз аз хулосаи, ба қавли ӯ, ғайриқонунӣ дар кабинети додрас раги дастонашро бурид ва танҳо мадади пизишкон ӯро аз марг наҷот дод.
Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ва Агентии зидди фасод зиёда аз 180 пойдевор ва хонаро дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ вайрон карданд.
Навзодоне, ки бо талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар Русия се моҳ пеш аз Маскав ба Душанбе оварда шуданд, хонаводаҳои нав пайдо карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар анҷумани 12-уми Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон бори дигар раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.
Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба таҷлили Соли Нави милодӣ бо бозори гарми арча ва ороишу тӯҳфаҳои пурҷилои солинавӣ шурӯъ шуд.
Аз таркиш махзан ё систерна дар гузари “Километри 9”-уми шаҳри Душанбе дасти кам се нафар осеб дидаенд, ки яке аз онҳо дар беморхона бистарист.
Ёфтҳои бештар