Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мактабҳо дарси "ахлоқи ҷинсӣ" ҷорӣ мешавад


Парлумони Тоҷикистон ризоият дод, ки дарси ахлоқи ҷинсӣ ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо ворид шавад. Намояндагони маҷлис мегӯянд, ҳадаф огоҳ кардани наврасон аз бемориҳои ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлҳои номатлуб аст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 25 феврал ризоият доданд, ки дар мактабҳо ва маҳфилҳои алоҳида ба наврасони тоҷик дарси "ахлоқи ҷинсӣ" омӯзиш дода шавад.

Ин пешниҳод аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми қабули иловаҳо ба қонун дар бораи "Солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" садо дод ва аз тарафи вакилон қабул гардид.

Насим Олимов, ноиби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоме ки дар парлумон баромад мекард, гуфт, “ба гирифтани таълимоти ахлоқи ҷинсӣ аҳамияти махсус бояд дода шавад, то аз ҳар гуна бемориҳои ҷинсӣ ва ҳамли номатлуб миёни наврасон ҷилавгирӣ шавад.”

Аммо оқои Олимов дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин замина, ба далели он ки сарпарасти барнома нафари дигар аст, худдорӣ кард.

Аммо Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳат дар парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, "ин дарсҳо бояд дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дода шаванд, махсусан ба онҳое, ки дар навоҳии дурдаст иқомат доранд. Маълумот дар бораи ахлоқи ҷинсӣ бояд дар шакли китоб ба ҷавонон пешниҳод шавад, махсусан дар робита ба масъалаи алоқаи ҷинсӣ ё солимии репродуктивӣ."

Вакилони парлумон ба қонун дар бораи "Солимии репродуктивӣ" ҳамчунин бандеро илова кардаанд, ки сиқти ҷанин ё "аборт"-ро танзим мекунад. Бар асоси ин тағйирот, "қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин" манъ мешавад.

Аммо пешниҳоди омӯзиши дарсҳои ахлоқи ҷинсӣ дар мактбаҳоро аксари талабаҳо чандон хуш қабул накарданд. Онҳъ мегӯянд ҳоло асли 21 аст ва ҷавонҳо агар зарур донанд иттилоъи заруриро дар ин робита бидуни кӯмаки муаллим пайдо мекунанд.

“Ҷавонону наврасон аллаккай худашон аз интернет тамоми маълумотҳои лозимаро мегиранд. Ин гуна дарсҳо, сарфи беҳӯдаи вақт аст,”мегӯяд Маҳина, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе.

Аммо Акрам Солеҳов, хонандаи синфи 11 аз Душанбе аз ин пешниҳод истиқбол кард. Ӯ гуфт, омӯзиши ин дарс барои ҷавонон аз фоида холӣ нест, зеро баъзан ба сари мактаббачаҳо мушкилоте бор мешавад, ки маҳз аз надонистани тарбияи ҷинсӣ ба бор меояд. Аммо ӯ мегӯяд, “ин гуна дарсҳо омӯзонида шавад, вале дар алоҳидагӣ. Зеро вақте дар синфхона ҳама як ҷо дарс мехонанд мактаббачаҳо ҳамдигарро шухи карда, дарсро ҷиддӣ қабул намекунанд.”

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки духатрон ва ҷавонон аксаран аввалин таҷрубаҳои робитаи ҷинсиро баъди издивоҷ касб мекунанд, падару модар ёрдамчии хуб нестанд. Онҳо на танҳо ба фарзандони худ мавзуъи ҳамли номатлуб ва бемориҳои зӯҳравиро баҳс намекунанд, балки бо дигарон дар ин масъала ҳарф задани фарзандоро айб медонанд. Волидоне, ки мо ба онҳо аз қабул шудани қонуни таълими ахлоқи ҷинсӣ дар матаб хабар додем, аз ин хабар хуш нашуданд.

Шоира Собирова, як зани 43-сола, ки 4 фарзанди мактабхон дорад, мегӯяд, ин гуна барномаҳо, аксуламали баръкс доранд. Ба он хотир, ки вақте дар бораи алоқаи ҷинсиву чӣ гуна муносибат кардани писарон ба духтарон ё баръакс таълим дода мешавад, майли наврасон ҳам ба чунин корҳо бештар мегардад. Бо ин далел хонум Собирова, мегӯяд ба ҷой он, ки дар мактабҳо дар бораи алоқи ҷинсӣ соатҳои зиёдро сарф мекунанд, беҳтар он аст, ки барномаҳои асосии таълимиро хубтар кунанд ва хонандагонро ба омӯзиши фанҳои лозима ҷалб намоянд.

Агарчи бархе аз волидон мегӯянд, дарси ахлоқи ҷинсӣ ба коста шудани одоби мактаббачаҳо оварда мерасонад, аммо ба назари омӯзгорон ҳадаф аз ҷорӣ кардани ин барнома баръакс пешгирӣ кардани аъмоли номатлуб миёни наврасон аст.

Муҳаммад Давлатёров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, рӯзи 25-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз баски солҳои охир дар шабакаҳои интернетӣ даҳҳо хабару наворҳое марбут ба бадахлоқии ҷавонону духтарон нашр гардид, мақомот ба ин натиҷа расид, ки то қонунгузории кишварро дар ин замина такмил намояд.

Ин омӯзгор пешниҳод дорад, то дарсҳои марбут ба ахлоқи ҷинсӣ дар мактабҳо аз ҷониби мутахассисони бо таҷриба ва равоншиносон тадрис карда шаванд ва ба ин васила ҷавонон аз пайёмадҳои ҳамли номатлуб ва ё гирифторӣ ба маризиҳои марбут ба равобити бенизм огоҳ шаванд ва иштибоҳ накунанд. Пешниҳоди тадриси ахлоқи ҷинсӣ дар мактабҳо дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи тартибот аз афзоиши афзоиши бадахлоқӣ, ба хусус фоҳишагӣ миёни духтарони ноболиғ ва нашъамандии ҷавонон гузориш медиҳад.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар як соли 2014 танҳо дар шаҳри Душанбе бештар аз 385 фоҳиша боздошту ҷарима шудаанд, ки бархе аз онҳо ноболиғ будаанд. Дар соли 2013 мақомот дар пайи рейдҳои махсус дар Душанбе 41 фоҳишаи ноболиғро сабти ном карда буданд.

XS
SM
MD
LG