Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки то рӯзи раъйдиҳӣ як ҳафтаи дигар мондааст ва эҳтимол дорад, ки чун дар интихобҳои гузашта баъзе хонаводаҳо барои овоздиҳии як нафар ба ҷойи тамоми аъзои хонавода талош кунанд. Ҳоло Комиссияи марказии интихоботи ва райъдиҳии Тоҷикистон бо ҷалби ҳудуди 200 ҷавони ихтиёрӣ маъракаеро таҳти унвони “Ман худам овоз медиҳам” дар бозору хиёбонҳои Душанбе ба роҳ андохтааст ва аз райъдиҳандаҳо даъват мекунад, ки варақаи худро бо дасти худ дар қуттӣ андозанд.
Гурӯҳҳои дастёр дар маконҳои серодам ба шаҳрвандон буклету варақаҳоеро паҳн мекунанд, ки дар онҳо тарзи дурусти овоздиҳӣ зикр шудааст. Масъулони КМИРТ, рӯзи ҷумъаи 20-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадаф аз ташкили аксияи “Ман худам овоз медиҳам”, роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот аст.
Овоздиҳи чандгона ё райъ додани як нафар ба ҷои аҳли оила ва наздикон яке аз мушкилоти интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон буд, ки дар гузоришҳои нозирони САҲА мавриди танқид қарор гирифт. Ҳоло КМИРТ мегӯяд, ба такрори чунин ҳолатҳо роҳ нахоҳад дод. Аммо то куҷо масъулони интихобот ба ин комёб мешаванд, маълум нест.
Фирдавс Таваров, сухнагӯи КМИРТ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маърака ҳоло дар тамоми мантиқи кишвар ҷараён дорад ва дар ин чанд рӯзи дигар талош хоҳад шуд, ки овоздиҳандаҳо арзиши райъи худро дарк кунанд. Вай меафзояд: “Ба хотири баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум ҳоли ҳозир дар 5 бозори калонтаринӣ Душанбе мо аксияро анҷом дода, тасмим дорем то як рӯз пеш аз интихобот давом меёбад.”
Маълум нест, ки Кумиссиюни интихоботӣ барои ҷалби ихтиёриҳо ва нашри варақаву буклетҳо чӣ қадар маблағ сарф кардааст ва аъзои он низ дар ин масъала изҳори бехабарӣ мекунанд.
Ба хотири санҷиши таъсирбахш будан ё набудани ин маърака мо бо овоздиҳандаҳо дар макони пуриздиҳом, бозори Шоҳмансури пойтахт бо бештар аз 60 нафар сӯҳбат кардем. Бисёре аз ҳамсӯбатҳои мо гуфтанд, ки аз чунин аксия хабар надоранд, баъзеи дигар гуфтанд, ки эҳтимолан шахсан ба райъдиҳӣ раванд. Якчанд нафари дигар эътироф карданд, ки серкоранд ва эҳтимолан модар ва бародарашон ба ҷойи онҳо овоз медиҳад.
Сӯҳроб Мирзоев, як аз ҷавононе, ки дар бозори Шоҳмансур кабудӣ савдо мекард, гуфт аз маърака огоҳ ҳаст, аммо дар интихобот иштирок карда наметавонад. “Рӯзи интихобот ё кор мекунам ё истироҳат. Очаму отам ё акаам ба ҷойям рафта овоз медиҳанд,”- гуфт ӯ.
Аммо Ҷовид Солеҳов, донишҷӯи ДМТ дар яке аз хиёбонҳои Душанбе дар сӯҳбат бо мо гуфт, баъди таблиғҳои зиёди ин маърака дар донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки худаш раъйяшро ба қуттӣ резад. Ба қавли ин ҷавони тоҷик дар интихоботҳои гузашта аз хонаи онҳо як нафар ба ҷои тамоми хонавода овоз медод, ки ҳанӯз ҳам ин анъана идома дорад.
“Вақте мо дар деҳа будем намедонистем, ки ҳар кас бояд худаш овоз диҳад. Мардуми деҳа дар ин бора қариб маълумот надорад. Онҳо ҳатто андеша намекунанд, ки ҳар кас бояд худаш овоз диҳад. Бо ин далел як нафар ба ҷой тамоми хонавода овоз медиҳад. Аммо ман тасмим дорам дар ин интихобот шахсан худам рафта овоз диҳам,” – мегӯяд Ҷовид.
Ҳангоми сӯҳбат бо раҳгузарҳо ва бозоракиҳо чанд нафар бо ибораҳои мухталиф ин ақидаро матраҳ карданд, ки иштирок дар интихобот сарфи беҳудаи вақт аст. Алалхусус ҷавонони аробакаш, ки аксарашон бояд барои бори аввал овоз бидиҳанд, ширкаташонро дар интихобот ҳатто тасаввур ҳам намекунанд.
Зебо, як савдогари нон гуфт, агар дар рӯзи интихобот дар бозор "рӯзи санитарӣ" эълон шавад, эҳтимол рафта овоз диҳад. Дар акси ҳол беҳтараш ба савдо машғул мешавад.
Сафар Боймуродов, яке аз мардикорони бозори Шоҳмансур, ки шиносномааш дар қайди ноҳияи Мӯъминобод аст, гуфт, вай огоҳ шудааст, ки ҳар кас худаш бояд раъй диҳад, аммо бо ин вуҷуд ба ҷои вай модараш ва ё занаш овоз медиҳад: “Ман дар қайди деҳа ҳастам. Ин ҷо ҳаққи овоз доданро надорам. Барои ба деҳа рафтан пул лозим аст,” - гуфт Сафар.
Баъзе таҳлилгарон низ ба муассир будани маъракаҳое, ки фарогир нестанд, шубҳа доранд. “Агар мо мехоҳем, ки мардум ба интихобот бираванд, самимона иштирок кунанд, бояд як фазои мусоид эҷод кунем. Мардум ҳам ба хулосае биёяд, ки рафтанаш ба интихобот маънӣ дорад,овозаш ба номзади писандидааш кӯмак мекунад. Ҳоло ки ана ҳамин гуна фазо надорем, мардум ҳам ба интихобот дилгармӣ надоранд,” – мегӯяд Раҷаби Мирзо таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон.
Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ташкили ин маърака дар ростои интихобот истиқбол кард. Ӯ гуфт, шояд зимни ин мардум арзиши райъи сиёсии худро дарк кунанд.
Раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар фосилаи як ҳафта аз интихобот баргузор кардани маъракаи “Ман худам овоз медиҳам”-ро як иқдоме дер монда арзёбӣ мекунанд. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, агар масъулон ин иқдомро ҳадди ақал чанд моҳ пештар анҷом медоданд, эҳтимол таъсир медошт. Аммо ҳоло, ки то интихобот чанд рӯзи дигар мондааст, ин маъракаи метавонад ба 10 дар сад таъсир дошта бошад, на бештар.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор мешавад. Садҳо нозири хориҷӣ барои назорат бар раванди ин маъракаи сиёсӣ ба Тоҷикистон омадаанд. То ҳол ҳеҷ як аз маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон баҳои хуби нозирони аслии интихоботро дарёфт накардааст. Баръакси нозирони байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки низ ба ҷараёни интихобот назорат мекунанд, ҳамеша онҳоро озоду одилона ва шаффоф арзёбӣ кардаанд.