Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 80 модари танҳои тоҷик фарзандони худро барои зиндагии муваққатӣ ба ятимхона дода, гуфтаанд, ки агар ҷойи кор ва ягон сарпаноҳ пайдо кунанд, кӯдакони худро бозпас мегиранд.
Он донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ихроҷ шудаанд, аз моҳи август метавонанд дар 10 рӯз посух барои вуруди дубораро бигиранд.
Ҳеҷ тасаввур мекунед, ки 10-15 соли пеш Шумо чӣ тавр бе телефони мобил, Skype, WhatsApp, Viber ё Messenger зиндагӣ мекардед?
Як сокини ҷавони ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки ду сол боз дар саҳро кор мекунад, то харҷи таҳсилаш дар яке аз донишгоҳҳои кишварро пайдо намояд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тӯли ҳаждаҳ соли охир беш аз сад ҳазор шаҳрванди кишвар барои зиндагии доимӣ ба хориҷа рафта, ҳаштод дарсадашон Русияро интихоб намудаанд.
Аксари мансабдорон ё сарватмандони тоҷик мегӯянд, ки онҳо танҳо баъди канор рафтан аз мақом дӯстро аз душман фарқ карданд.
Суннати аз хурдӣ номзад кардани духтарҳо барои издивоҷ дар бисёре аз манотиқи кишвар вуҷуд дорад ва солҳои ахир бештар ривоҷ пайдо кардааст.
Зиндонии 24-солаи маҳбаси занонаи Норак китоби достонҳои худро бо номи “Панҷаи нарми шамол” бо теъдоди ҳазор нусха нашр кард.
Танҳо пайгирии навори хабарҳо дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли як ҳафта кофист, дида шавад, ки ҳамдигарфаҳмӣ дар баъзе оилаҳо коста шуда, ҷойи онро корду табару камон гирифтааст.
Даъватшавандагони хидмати ҳарбӣ акнун метавонанд, ҳамаи масъалаҳои марбут ба ояндаи худ ва махсусан ҳуқуқашонро аз телефонҳои ҳушманд ё андроидҳои худ "пурсанд" ва посухи дақиқ гиранд.
Пизишкони тоҷик мегӯянд, дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 байни захмиён фарқе намегузоштанд ва ба ҳарду тараф кӯмак мекарданд. Аммо “бо дидани ҳар захмӣ мегуфтанд, "Худоё кай ин рӯзҳо мегузарад?”
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи политсия”-ро барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кардааст.
Дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ин падида ба тамоюли умумӣ табдил меёбад, ки духтарони соҳиби маълумоти олӣ аксаран бешавҳар мемонанд ё маҷбуранд, зани дуюм шаванд
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик, аз рафтори бархе аз мухлисонаш дар Русия, ки ҳангоми сурудхонии ӯ ба рӯи саҳна баромада, ба болояш пул рехтаанд, изҳори нороҳатӣ кард.
Донишҷӯдухтари тоҷик, Гулнора Азизова, ба даври ниҳоии озмуни байналмилалии “Маликаи баҳор-2015” роҳ ёфтааст, ки қарор аст, то чанд соати дигар ҷамъбаст шавад.
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи “Вечерка” аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, наздик ба ду ҳафта аст, ки нопадид гаштааст.
Генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки 1-уми майи cоли 1940 таваллуд шуда, ба синни 75 расид, дар гуфтугӯ ба пурсишҳои Радиои Озодӣ роҷеъ ба роҳи тайкарда ва хотираву андешаҳои имрӯзааш посух дод.
Фаъолияти студияи кӯдаконаи балет дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба қавли ҳунармандон ҳанӯз бисёриҳо ин навъи санъатро аврупоӣ ва барои тоҷикон бегона дониста, "парҳез" мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон алайҳи 18 шаҳрванди кишвар бо ҷурми харидуфурӯши кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва мегӯянд, ин мавридҳо дар чанд моҳи аввали соли 2015 сабт шудаанд.
Намояндагони баъзе аз аҳзоби мухолиф мегӯянд, беҳтар аст, мақомоти расмии Тоҷикистон, ки аксари куллашон узви ҳизби халқии демократиянд, мавриди санҷиш қарор бигиранд, на аъзои қаторияш.
Ёфтҳои бештар