Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон: Аъзои мансабдори ҲХДТ санҷиш шаванд, на қаторияш


Анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар моҳи декабри соли 2014
Анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар моҳи декабри соли 2014

Намояндагони баъзе аз аҳзоби мухолиф мегӯянд, беҳтар аст, мақомоти расмии Тоҷикистон, ки аксари куллашон узви ҳизби халқии демократиянд, мавриди санҷиш қарор бигиранд, на аъзои қаторияш.

Масъулони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯянд, базудӣ аъзои ин ҳизб аз “аттестатсия” ё санҷиш хоҳанд гузашт. Аммо онҳо дақиқ нагуфтанд, ин тасмим барои аъзои мансабдори ҳизби ҳоким низ дахл дорад, ё танҳо аъзои қаторияш аз ғалбер мегузаранд?

Усмон Солеҳ, масъули бахши матбуот ва таҳлили ҲХДТ рӯзи 19 апрел дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими санҷиши аъзои ҳизби онҳо ба дунболи як дастури Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раҳбарии ин ҳизбро бар уҳда дорад, гирифта шудааст. Ӯ афзуд, "ҳадаф аз ин кор мушаххас кардани аъзои ҳизб аст, ки ба чӣ кор машғуланд ва чӣ тавоноӣ доранд. Мо кадрҳои хубро ба хотири пешбарӣ кардан дар вазифаҳои масъулиятнок ва интихобӣ бояд муайян кунем."

Оқои Солеҳ дар идома гуфт, ҳоло ин барнома ба иҷро надаромадааст, аммо базудӣ амалӣ хоҳад шуд. Ӯ илова кард, онҳо дар ҷараёни аттестатсия мехоҳанд, инчунин, мушаххас кунанд, ки ташкилоти ибтидоии онҳо дар маҳалҳо чӣ қадар аъзо дорад ва онҳо дар куҷоянд: "Баъзеҳо ба сабаби беморӣ ба хориҷа, махсусан Русия мераванд. Мо бояд мушаххас кунем, ки аъзои мо дар куҷост. Инчунин, берун аз донишгоҳҳо барои донишҷӯён ташкилоти ибтидоӣ дорем. Вақте донишҷӯ мактаби олиро хатм мекунад, бояд дафтарчаи ҳизбияшро дар ҷои кори наваш ба қайд бигирад."

Раҳматилло Зоиров (рост) ва Амнияти Абдулназар
Раҳматилло Зоиров (рост) ва Амнияти Абдулназар

Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳар кадре, ки ҲХДТ дорад, ҳоло дар сари вазифаанд ва аз ин бештар рӯи кафлес чизе нахоҳад омад. Оқои Зоиров мегӯяд, барои ҷомеа муҳим ин аст, ки раҳбарони мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон, ки аксари куллашон узви ҳизби ҳокиманд, аз сӯи ниҳодҳои мустақил ва ё афроди бетараф санҷиш шуда, карди “хуб” ё “нохуб” буданашон муайян гардад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо мушаххас кардани ҳар як узви ҳизб ва ба чӣ кор машғул шудани онҳоро кори доимии аҳзоб донист. Ӯ гуфт, “вале барои одами зинда кафолат додани ин ки вай ягон кори бад намекунад, хеле душвор аст. Барои ин, агар мо мо гӯем, ки ҳизбро пок мекунему дигарҳо ба хатое даст намезананд, хато мекунем.”

Исмоил Талбаков -- муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва собиқ вакили Маҷлиси намояндагон низ мегӯяд, агар тасмими ҲХДТ барои поккорӣ кардани сафаш бошад, ки беш аз 200 ҳазор узв дорад,

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

қобили қабул аст: “Зеро рушду пешравии ҳар ҳизб аз он бастагӣ дорад, ки киҳо аъзои он ҳастанд. Бинобар ин агар ҳизби ҳоким низ ба “поккорӣ”-и кадрҳояш диққат надиҳад, эҳтимол тақдираш ба монанди баъзе аз дигар ҳизбҳо шавад.”

Ҳафт соли пеш низ ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба тоза кардани сафаш иқдом карда буд, ки дар пайи он 20 ҳазор нафар аз узвияти ин ҳизб хориҷ шуданд. Раҳбарии ҲХДТ-ро Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, ки аз соли 1992 боз дар сари қудрат дар Тоҷикистон аст. Бисёриҳо пирӯзии ин ҳизб дар интихобот ва таъини аъзояш ба мақомҳои калидӣ дар кишварро дар зери итоати раисиҷумҳур будани ин ҳизб бастагӣ медиҳанд.

ҲХДТ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. Аммо мухолифон ин ҳизби сиёсиро барои сӯистифода аз мақоми раҳбараш муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, дар ҳоле ки таблиғи ҳизби сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мамнӯъст, аммо ин ҳизб дар бештари мактабҳо ва бемористонҳо намояндагии худро дорад ва таблиғи густурда мебарад. Иддаое, ки масъулони ҲХДТ қабулаш надоранд.

XS
SM
MD
LG