Харидорону фурӯшандагони кӯдакон дар Тоҷикистон аксаран занон будаанд ва дар ин муомилоти ғайриқонунӣ бештар кӯдакони ҷинси мард харидуфурӯш мешаванд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар маврид онҳое ба даст меафанд, ки ё фарзанди бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ва ё аз тангии рӯзгор имкони нигоҳубини кӯдакро надоранд. Харидорони кӯдакон аксаран оилаҳои бефарзанд ва ё занҳоеянд, чанд духтар таваллуд кардаанд, вале писар надоранд.
Аммо барои афроди бефарзанде мисли Моҳшариф, ки ҳоло мақомот барои харидории кӯдак алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ҷинсӣ кӯдак аҳамияте надошт. Моҳшариф, сокини 47-солаи ноҳияи Рӯдакӣ баъд аз даҳ соли бефарзандӣ тасмим гирифт, кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунад. Аммо навбати тӯлонии оилаҳои бефарзанд дар рӯйхати ятимхонаҳо ва ҷамъоварии асноди бешумор орзуи кӯдакдор шудани Моҳшарифро аз роҳи қонунӣ мушкил кард ва ӯ таҳти таъсири васвасаи фарзандталабӣ бо 700 доллар кӯдаки навозодеро аз як зан харидорӣ намуд ва бо иттиҳоми харидуфурӯши кӯдак дар муқобили қонун қарор гирифт.
Ин зани 47-сола дар манзили зисташ, дар ноҳияи Рӯдакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ қаблан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, аммо баъди харидории кӯдаки навзод ба ноҳияи дигар кӯч баст, то рӯзе ҳамсояҳо ба кӯдакаш нагӯянд, ки ӯ модари воқеияш нест.
Моҳшариф дар посух ба ин суол ки оё намедонист, харидуфурӯши кӯдак ҷиноят аст гуфт, "медонистам, ки ҷиноят аст. Пулис ҷустуҷӯ карда, маро пайдо кард. Гуфтанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунанд. Аммо хеле талош кардам, зорӣ кардам, ин корро накунанд. Чун омӯхтанд, ки хонаву ҷойи зист дорам. Зиндагиям хуб аст, иҷоза доданд, ки кӯдакро ба расмият дарорам. Ҳоло тамоми талошро мекунам, ҳар чизе лозим аст, онро анҷом диҳам."
Моҳшариф мегӯяд, ӯ кӯдакро аз зане харидорӣ кардааст, 29 сол дошт ва зани дувуми марде буд, ки аз ин ҳамл писар интизор дошт, вале чун дид духтар аст, аз бари модару кӯдак гузашт. Модари тифли навзод, ки гуфта мешавад хона ва ҷойи кор надоштааст, кӯдакро ба Моҳшариф фурӯхтааст. Ҳоло ҷойи будубоши ин зан маълум нест ва ҳамчунин маълум нест, қиссае, ки ӯ ба Моҳшариф гуфтааст воқеият дорад ё хайр.
Пулис мегӯяд, занҳое, ки фарзандони тифлҳои навзоди худро мефурӯшанд, 30-35 сол доранд.
Нигора Расулова, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҳукумати шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, он занҳое, ки бе никоҳ таваллуд мекунанд, ба хотири пинҳон доштани вазъияти худ аз аз баҳри тифлҳои навзод мегузаранд, ё онҳоро мефрӯшанд ва ё ба хонаи бачаҳо месупоранд.Масъули ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд амали ин афрод хилофи қонун буда ҳеҷ тавҷеҳе надорад. Ӯ мегӯяд, агар шаҳрванд дарк мекунад, ки аз ӯҳдаи парастории фарзандаш намебароянд ва ё намехоҳанд касе аз таваллуд карданашон огоҳ шавад, бояд кӯдакро ба ятимхона диҳанд. Аз ятимхона оилаҳои бефарзанд ба таври қонунӣ кӯдакро ба парасторӣ мегиранд.
Ба қавли Нигора Расулова, барои гирифтани фарзандхонӣ ҳуҷҷат аз диспансери бемориҳои пӯст, сил, наркологӣ, винерологӣ, аз ҷой истиқомат, аз мақомоти интизомии ноҳия дар робита ба доштан ё надоштани доғи судӣ, санад барои шароити зист ва ҳуҷҷати манзили зист талаб карда мешавад. Дар сурати набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо комиссяи махсус наметавонад кӯдакро барои фарзандхонӣ тавсия бидиҳад.
Коршиносон чанд омилро сабаби аслии муомилоти молӣ бо кӯдакони навзод арзёбӣ мекунанд. Аввалан ҷомеъа таваллуди бидуни нигоҳро маҳкум мекунад ва аксаран тифро “ҳаромӣ” мешуморанд. Омили дуввум шарои иқтисодии занҳо ва набуди пуштибонӣ дар шароитҳои рӯҳшикастии онҳо номбар мешавад. Инсон бо рӯҳи шикаста ва равони зери фишор наметавонад тасмими боақлона бигирад.
Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик мегӯяд, агар занҳо ҷой зист дошта бошанд, ё корӣ хубе ба ҳеҷ ваҷҳ фарзандони худро намефурӯшанд. “Сабаби дигар хурофотпарастии мардум низ ҳаст. Масалан вақте кӯдак таваллуд мешавад, дар оила нохушие рух медиҳад. Ё муносибати зану мард вайрон мешавад, ки кӯдакро бе пайю қадам гуфта роҳи халосӣ меҷӯянд аз вай. Иддае аз занҳо бо ин роҳ ҳам худро аз кӯдак халос мекунанд ва ҳам маблағ ба даст меоранд” – мегӯяд Кенҷаева.
Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, харидуфуруши одамон бар асоси моддаи 30 эзоҳи 1-и Қонуни ҷиноӣ комилан мамнуъ буда онро бо ҳеҷ далеле наметавон тавҷеҳ кард.“Харидуфуруши одамон новобаста аз ҳолатҳои он, бо ихтиёри ҷабрдида шудааст ё дар ҳолати оҷизии инсон, қисми аввали ин модда ҷазоро дар намуди маҳруми аз озоди дар мӯҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ кардааст”- мегӯяд ҳуққуқдон Юсупов.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон дар чанд моҳи соли ҷорӣ 7 ҳолати хуриду фуруши тифлонро қайд кардаанд, ки бар асоси он алайҳи ҳудуди 20 нафар аз шаҳрвандон парвандаи ҷиноӣ обоз шудааст. Гуфта мешавад, аксари онҳое, ки бо иттиҳоми фурӯши кӯдак боздошт шудаанд, модарон мебошанд, ки фарзандони хурдсоли худро фурӯхтаанд. Тавре мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯяд модарон кӯдакони худро аз ҳудуди ҳазор доллари амрикоӣ то ба 800 сомонӣ фурӯхтаанд.
Бар пояи омори расмӣ дар се моҳи соли ҷорӣ 13 кӯдак барои фарзандхонӣ тавсия шуда, ҳудуди 700 нафари дигар дар навбати гирифтани тифл мебошанд. Дар соли 2014 25 кӯдак дар шаҳри Душанбе барои фарзандхонӣ ба оилаҳои бефарзанд дода шудаанд.