Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсӣ ё таҳсил? Майрамбӣ мехоҳад, қолабшиканӣ кунад


​Як сокини ҷавони ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки ду сол боз дар саҳро кор мекунад, то харҷи таҳсилаш дар яке аз донишгоҳҳои кишварро пайдо намояд.

Майрамбӣ Раҳимова, сокини ноҳияи Восеъ, дар ду сол ҳудуди даҳ ҳазор сомонӣ пасандоз кардааст ва мехоҳад, ки бо ин пасандоз хишти аввали ояндаи худро гузорад. Майрамбӣ дар ҳоле ба ин қарор расид, ки дид волидонаш ба таҳсили бародарони ӯ арҷ мегузоранд ва аммо барои духтарон пул харҷ кардан намехоҳанд.

Ин ҷавондухтари 19-сола аз камтарин духтарони деҳоти Тоҷикистон аст, ки мегӯяд дигар ба умеди касе намешавад ва на барои ҷиҳози арӯсӣ, балки барои дохил шудан ба донишгоҳ пул ҷамъ мекунад.

Майрамбӣ Раҳимова ду бародар ва се хоҳар дорад. Мисли ҳамаи духтарони деҳотӣ субҳи барвақти Майрамбӣ бо рӯбучини ҳавлӣ ва нигоҳубини гов оғоз мешавад. Ӯ говҳоро ба чарогоҳ мебарад ва баъдан аз пайи кор дар пахтазор мешавад. Майрамбӣ мегӯяд, ки аз ин шеваи зиндагӣ хаста шудааст ва намехоҳад зиндагиаш мисли ҳаёти модараш якранг ва танҳо бо корҳои вазнин гузарад.

“Падарам доим мегӯяд, ки барои дохил шудани ман ба донишгоҳ пул надорад. Барои ҳамин, худам чобуқ мекунам, пахта мечинам ва ду сол мешавад барои харҷи таҳсил пасандоз мекунам. Соли оянда ният дорам, ки ҳуҷҷатҳоро бурда супорам,” -- мегӯяд Майрамбӣ.

Майрамбӣ мактабро як соли пеш тамом карда, ба хотири таҳсил дар донишгоҳ пешниҳоди чандин хостгорҳоро рад кардааст: “Падару модарам мехоҳанд, шавҳар кунам ва мисли хоҳарҳоям боқимондаи умрро дар саҳро гузаронам. Модарам ҳама ҷиҳози арӯсиямро омода кардааст. Аммо ман инро намехоҳам.”

Албатта, дар шароити кунунии Тоҷикистон бо доштани 10 ё 15 ҳазор сомонӣ таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ё Донишгоҳи тиббиву техникӣ хеле душвор аст, аммо Майрамбӣ бо ин маблағ метавонад ҳадди ақалл дар коллеҷи тиббӣ, омӯзгорӣ ё техникӣ таҳсил кунад. Дар деҳоти Тоҷикистон, ки духтарҳо аз хурдсолӣ корҳои сангини саҳроро анҷом медиҳанд, баъд аз хатми мактаб маъмулан зуд шавҳар мекунанд. Барои шикастани қолабҳову сохтани зиндагии ҷадиде талоше намекунанд. Ба тақдир тан медиҳанд.

Сафармоҳ Алиева имсол мактаби миёнаро хатм мекунад. Ӯ дар Қайрағоч - яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунад. Деҳаи Қайрағоч дар доманаи кӯҳ ҷойгир аст ва Сафармоҳ бештари вақти худро дар чарогоҳ бо нигоҳубини гову дарави алаф мегузаронад. Хоҳари бузурги Сафармоҳ, ки як сол аз ӯ калонтарн аст, ширу чаккаи хонаашонро ҷамъ карда, барои фурӯш ба бозори марказии ноҳия мебарад.

“Подабонӣ” вазифаи аввалиндараҷаи Сафармоҳ аст ва ӯ ҳамроҳ бо додараш ба 50 бузу гӯсфанд ва 10 гов дар чарогоҳ нигоҳубин мекунанд. Аммо бо шурӯи гандумдаравӣ вазифаи Сафармоҳ як муддат иваз мешавад ва ӯ бо духтарони дигар то охири мавсим гандум медаравад ва дарза мебандад.

Сафармоҳ мегӯяд, аз деҳаи онҳо тақрибан ягон духтар барои таҳсил ба донишгоҳҳо намераванд. Ӯ мегӯяд, ки дониши худаш бад нест, аммо падару модараш бовар надоранд, ки ӯ тавонад танҳо дар шаҳри бегона мустақилона умр ба сар барад.

Барфимоҳ Ғаниева, раиси созмони ҷамъиятии “Хайрхоҳи замон”, ки барои боло бурдани вазъи иқтисодии духтарони деҳот дар манотиқи Тоҷикистон кор мебаранд, мегӯяд, мушкили асосии духтарони деҳа тарси онҳост. Хонум Ғаниева гуфт, ҳарчанд духтарон дар рустоҳо машғулияти дақиқ надоранд, аксарияташон дар кори саҳро ҷалб мешаванд, аммо ҷуръати қолабшиканӣ ҳам надоранд.

Барфимоҳ Ғаниева меафзояд, азбаски бештари волидон зидди таҳсили духтарон ҳастанд, онҳо дигар талош намекунанд ҳадди ақалл дар мактаби миёна дониши хуб гиранд. Духтарон худро танҳо барои шавҳар кардану кори саҳро омода мекунанд. Шумораи хеле ками духтарон умедро аз даст надода, амри падарро ба чолиш мекашанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки қаҳрамони аввали мо Майрамбӣ Раҳимова муваффақ мешавад ё на, аммо ӯ мегӯяд барои берун рафтан аз зиндагии сангини деҳа алакай нахустин қадамро гузоштааст. Ният дорад, хоҳарашро низ, ки баъди як соли дигар мактабро хатм мекунад аз қафои худ ба шаҳр барои таҳсил бубарад.

XS
SM
MD
LG