Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корду табару камон ҷойи якдигарфаҳмӣ дар оиларо гирифтааст


Танҳо пайгирии навори хабарҳо дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли як ҳафта кофист, дида шавад, ки ҳамдигарфаҳмӣ дар баъзе оилаҳо коста шуда, ҷойи онро корду табару камон гирифтааст.

Танҳо дар як ҳафта 6 мавриди кордзанӣ, расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ва куштор дар хонаводаҳо сабт шудааст. Кордкашиву зӯроварӣ асосан дар байни бародару хоҳар, зану шавҳар, падарарӯсу келин ва аъзои дигари оила ба мушоҳида мерасад. Дар ду мавриди дигар, ки бо куштор анҷом ёфтаанд, қаҳрамонҳои аслӣ ҳамсояҳо буданд.

Аммо ба назар мерасад, баъд аз куштори хунсардонаи як хушдоман аз ҷониби ду келинаш дар ҷануби Тоҷикистон, гумон аст, ки хабарҳои кордкашиву кордзаниҳои бидуни хисороти ҷонӣ мадумро ҳайрон кунад. Ду зани ҷавон хушдомани худро, ки ба онҳо аз ҳад беш дарси адаб меомӯхт, охири соли гузашта кушта, оташ задаанд ва баъд ба рӯдхона андохтаанд.

Як мақоми баландпоя аз ниҳодҳои умури дохилии Душанбе ин нигарониро, ки шаҳрвандон вақтҳои охир баҳсҳои худро бо корду табар ҳал мекунанд, дар муқоиса бо солҳои пеш бештар шудааст. Ба қавли ин манбаъ, соли гузашта 97 ҳолати куштор сабт шуда буд ва танҳо чанд мавриди он ба хонаводаҳо рабт мегирифт. "Мақомот бояд бо мардум бештар кор кунанд, равоншиносон бо онҳо мулоқот анҷом диҳанд ва устодони донишгоҳҳо бояд ин масъалаҳоро бо донишҷӯён матраҳ кунанд," -- мегӯяд мақоми пулиси Тоҷикистон.

Аввали моҳи июн Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб аз боздошти як ҷавони 17-сола хабар дод, ки дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ хола ва шавҳари холаашро бо корд захмӣ кардааст. Раҷаб Давлатов, бобои Комрон ба Радиои Озодӣ гуфт, наберааш падар надорад ва модараш солҳо боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Бо ин далел Комрон дар назди бобояш бузург шудааст. Раҷаб Давлатов мегӯяд, рӯзи 3 июн баъд аз намози шом бо Комрон филм тамошо мекарданд, ки холаи Комрон -- Раъно бо кӯдакону шавҳар ва хушдоманаш вориди ҳавлӣ шуданд.

Мусоҳиби мо афзуд, "вақте духтарамро ҳолпурсӣ кардам, вай гирист. Ӯ гиря карда гуфт, хоҳари шавҳараш омада ҷанг мекунад ва аз бародараш мехоҳад, ӯро талоқ диҳад. Ҳатто таъна кардааст, ки хоҳари ту дар Русия ба корҳои бад машғул аст." Комрон вақте шунидааст, ки модарашро зани бадахлоқ гуфтанд, таҳаммул накарда ва бо корд ба язнааш ҳуҷум карда ва дар ин миён холааш, ки мехост онҳоро аз ҳам ҷудо кунад, корд хӯрдааст.

Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати Раъно Давлатоваро сабук, аммо ҷароҳати шавҳари ӯро вазнин арзёбӣ кардааст. Пулис мегӯяд, ки Комрон бидуни муқовимат худро ба ходимони ҳифзи ҳуқуқ таслим кард.

Навори хабарҳои лаҳза ба лаҳзаи Вазорати корҳои дохилӣ баёнгари ин аст, ки зӯроварӣ дар пайи ҷанҷолҳои хонаводагӣ ҷуғрофиёи мушаххас надорад ва ин ҳодисаҳо дар тамоми кишвар рух медиҳанд. Агар Комрон холаву язнаашро бо корд дар Кӯлоб маҷрӯҳ карда бошад, падарарӯси 56-сола аз ноҳияи Мурғоб, рӯзи 13 июн дар пайи як ҷанҷол келини 25-солаашро бо камони шикорӣ куштааст. Ҳамин тавр дар тӯли ҳафтаи гузашта як сокини Конибодом, ки мехост ҳамсарашро аз хонаи падарарӯсаш ба хонаи худ бубабард, дар заминаи як “бигӯ-магӯ” ба сари занаш корд кашид ва ӯро дар макони ҷанҷол ба ҳалокат расонд.

То ҳол ҳодисаи кордзанӣ дар Тоҷикистон маъмулан дар байни ҷавонон роиҷ буд ва хонаводаҳо ҷанҷолҳои худро бо роҳи осоишта ҳал мекарданд. Аммо ба назар мерасад, ки ҳоло ҳоло вазъият дигар шудааст. Ҷомеашиносон асабоният, вазъи бади иқтисодӣ, оилаҳои нокомил ва муҳоҷирати падарону модаронро аз сабабҳои аслии дигар шудани рафтори мардум дар хонаводаҳо унвон мекунанд.

Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ӯ дар робита ба "Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба зӯроварии хонаводагӣ" таҳқиқот анҷом медиҳад. Дар ин таҳқиқот бештар занҳои осебпазири оилаҳои муҳоҷир пурсида мешаванд. Ба қавли ин ҷомеашиноси тоҷик, "аксари муҳоҷирон ҷавонони аз оилаҳои камбизоати деҳотӣ мебошанд. Маъмулан онҳо таҳсил накардаанд. Бинобар ин, вақте аз Русия ихроҷ мешаванд, дар Тоҷикистон ҷойи кор надоранд ва асабонияташон ҳам бештар мегардад. Ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ заминае мегузоранд барои муносибати дурушт."

Агар дар гузашта оила "ячейкаи ҷомеа" ва раиси ҷамоат масъули зиндагии осоиштаи мардуми як маҳал ҳисоб мешуд, ҳоло оила касеро ба умури худ роҳ намедиҳад ва раиси ҷамоат низ бар бошандагони кӯчаву маҳалла нуфуз надорад. Агар дар гузашта сокинон барои хушномӣ талош мекарданд ва намегузоштанд, ки садои ҷанҷоли онҳо ба гӯши ҳамсояҳо бирасад, ҳоло онҳо зиёд парво надоранд, ки кӣ дар бораи онҳо чӣ мегӯяд. "Арзишҳое, ки мардум ҳамеша ба дунболашон буданд, аз нигоҳи онҳо дигар арзиш нестанд," -- мегӯяд Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик.

Ҳоло ҳар чаҳорумин шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад ва насле, ки ҳоло 17-25-сола аст, тарбияи комили хонаводагӣ надидааст. Онҳо падарҳои худро дар як сол як бор мебинанд ва панду андарзи ӯро тақрибан намешунаванд. Дар оилаҳое, ки падару модар ҳарду муҳоҷири корӣ ҳастанд, тарбияи кӯдакон ба бибиву бобо ва холаву амма вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG