Бонки миллии Тоҷикистон хостори таҳияи рӯйхати саррофон ва муҷозоти онҳое шудааст, ки дар болоравии қурби доллар даст доранд.
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ дар соли 2012 дар Лондон мегӯяд, аз садҳо ваъдае, ки сарпарастон барои ӯ дода буданд, якеаш ҳам иҷро нашудааст.
Беш аз бист саҳмдори Фурӯшгоҳи марказии Душанбе 8 декабр аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки аввал пули саҳмияи онҳоро баргардонанд ва сипас онро давлатӣ кунанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритусро ба ҷурми боло кардани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар маркази ин ноҳия муҷрим шинохта ва аз 7 то 27 соли зиндон маҳкум кардааст.
Бонки милли Тоҷикистон саррофиҳоро дар болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам кард ва шеваи мубодилаи асъорро дар кишвар тағйир дод.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон бо вуҷуди тарғибот миёни аҳолӣ, дар аксар маворид бо гирифторони бемории норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ, бархӯрди табъизомез сурат мегирад.
Бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон, аробаҳои бозорҳои Тоҷикистонро холӣ кардааст.
Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ беш аз 30 ҳазор нафар иштирок кардаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ як сокини ҷавони шаҳри Турсунзодаро таҳти пайгард қарор додааст, ки барои захмӣ кардани Мафтуна Мурзаева, донишомӯзи ординатураи Донишгоҳи тиббӣ муттаҳам мешавад.
Боло бурдани арзиши боҷҳои гумрукӣ боиси норозигии тоҷироне шудааст, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд.
Занони тоҷик аз тарси беобрӯ шудан дар сурати таҳдид ё шантаж ба милиса шикоят намебаранд. Бархе ҷавонони "чолок" аз ин ҳолат ба сӯди худ сӯиистифода мекунанд.
Аксари занони тоҷик дар сурати мавриди шантаж қарор гирифтан аз тарси беобрӯ шудан ба мақомот шикоят намебаранд.
Ҷасади Умаралӣ Назаровро, ки субҳи 16 ноябр аз Санкт-Петербург ба Душанбе оварда шуд, бидуни ташхиси иловагӣ дар ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод ба хок супурдаанд.
Марҳилаи савуми мониторинги маҳбасҳои Тоҷикистон дар баробари беҳбуди вазъи зиндонҳо, ҳолатҳои шиканҷа шудани зиндониҳоро низ ошкор кардааст.
Дар рустои дурдасти ҷануби Тоҷикистон авлодҳои муҳоҷирони туркмане зиндагӣ мекунанд, ки бобоёнашонро ҳанӯз солҳои 1930 барои ободонии водии Вахш ҳукумати шӯравӣ ба ин ҷо овардааст.
Шӯрои синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки шумораи толорҳои синамо дар шаҳрҳои калони кишвар камшумор шудаанд ва ё аз байн рафтаанд.
Брайан Трейси, миллионер ва муаллифи даҳҳо китоб дар бораи рушди шахсият ва тиҷорат, барои аввалин бор ба тоҷирони тоҷик дарс мегӯяд.
Тибқи нақшаи генералии шаҳрдории Душанбе, қарор аст биноҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, худи шаҳрдорӣ, чойхонаи “Роҳат” тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои наву замонавӣ сохта шаванд.
Як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон барои куштори ҳамхидматаш - Парвиз Дӯстматов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд. Қаблан намояндаи додситонӣ барои ӯ 14 соли ҳабс хоста буд.
Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шеваи қочоқро дар Осорхонаи вижае ба намоиш гузоштанд. Ин намунаҳо барои шаҳрвандон ҳушдорест, ки аз дасти мардуми ношинос чизе нагиранд.
Ёфтҳои бештар