Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксу наворҳои ишқӣ - василаи шантаж


Занони тоҷик аз тарси беобрӯ шудан дар сурати таҳдид ё шантаж ба милиса шикоят намебаранд. Бархе ҷавонони "чолок" аз ин ҳолат ба сӯди худ сӯиистифода мекунанд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ошкор гардидани муносибатҳои маҳрамона маъмулан бад қабул мешавад. Онҳое, ки ба ин далел мавриди таҳдид ё ба қавле шантаж қарор мегиранд, аксаран аз бурдани шикоят ба милиса худдорӣ мекунанд. Бо ин далел ангуштшуморанд нафароне, ки барои қурбони ин гуна амалҳо шуданашон ҷуръат карда ба мақомот шикоят мебаранд.

Сокини 19-солаи шаҳри Ваҳдат, ки шартан худро Бунафша ном бурд, мегӯяд, аз сӯи як ҷавони 24 сола чандин дафъа мавриди таҳдид ё шантаж қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи 17-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо он ҷавон, ки сокини Душанбе будааст, тасодуфан соле қабл ошно шуда, ҳамдигарро дӯст доштаанд. Баъди се моҳи наздик шудани муносибатҳояшон он ҷавон аксу наворҳоеро, ки онҳо якдигарро оғӯш кашидаанд, ба Бунафша нишон дода гуфтааст, ки агар ягон хости ӯро рад кунад, ин аксу наворҳоро ба ҳама дӯстону пайвандони духтар нишон медиҳад.

Ба нақли Бунафша, он ҷавон бо истифода аз чунин таҳдидҳо ҳатто монеи издивоҷаш шуд ва ҳамчунин телефони гаронарзишашро низ гирифт. Бунафша мегӯяд: “Маҷбур кард, то ду ангуштарӣ ва занҷири тиллоиямро низ фурӯхта, пулашро ба ӯ диҳам. Гуфт, агар ин корро накунам, тамоми умр бадбахт мешавам ва ҳеҷ гоҳ шавҳар карда наметавонам. Вале худаш маро зан карданӣ нест.”

Бунафша мегӯяд, моҳе қабл ҳангоми дар телефон таҳдид шуданаш аз сӯи он ҷавон модараш гуфтугӯяшонро шунида, аз қазия огоҳ гардидааст. Вале ҳанӯз модари Бунафша низ дудила аст, ки ба милиса шикоят бубарад ё хайр? Ба қавли Бунафша, модараш метарсад, ки агар он ҷавонро ба додгоҳ кашанд, шояд ин қазия ҳамаҷо фош шавад ва дигар аъзои оилаашон, ба хусус келинҳои хона ва ҳамсояҳо огоҳ шаванд.

Бунафша дар ҳоле аз бурдани шикоят ба додгоҳ тарс дорад, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 18-солаи сокини хиёбони Рӯдакии Душанбе барои таҳдид ё шантаж кардани як зани 34-сола хабар медиҳад. Бино ба ин хабар, ин ҷавон бо номи Фирӯз Ғаюров як занро бо баҳонаи маҳс (массаж) даъват намуда, ба номусаш таҷовуз мекунад ва ин лаҳзаҳоро наворбардорӣ мекунад. Баъдан ҷавон аз он зан бо роҳи таҳдид 1400 доллар талаб кардааст, вале рӯзи 16 ноябр ҳангоми гирифтани ин пул дастгир шудааст.

Дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки Фирӯз Ғаюров тавассути интернет бо он зан, ки низ сокини Душанбест, шинос мешавад. Ӯ худро маҳсгар муаррифӣ карда, занро ба манзилаш даъват менамояд ва бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуда, ҳаракатҳои шаҳвониашонро ба навор гирифтааст. Мақомот исми занро ифшо намекунанд, вале мегӯянд, алайҳи Фирӯз Ғаюров бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва таҳдиди паҳн намудани навори шаҳвонӣ дар интернет парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, чунин ҳодисаҳо аз тарафи ҷавонон барои ба даст овардани пули осон зиёд рух медиҳанд. Як моҳ пеш дар Исфара як зан бо айни иттиҳом дастгир шуд. Гуфта мешуд, ки ӯ бо таҳдиди паҳн кардани аксу наворҳои шаҳвонӣ аз як марди маҳаллӣ пул тамаъ кардааст.

Ба қавли масъулони мақомоти дохила, ҳарчанд чунин мавридҳои шантаж зиёд бошад ҳам, аммо мардум дар аксари мавридҳо ба мақомот шикоят намебаранд.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занҳо ва марказҳои бӯҳронӣ дар Тоҷикистон низ мегӯянд, ки аксари таҳдидшудаҳо, бахусус занон аз бурдани шикоят дар ин бора истиҳола мекунанд.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази бӯҳрони ва PDV мегӯяд, дар ҷомеаи тоҷик ошкор гардидани муносибатҳои маҳрамона боиси беобрӯ шудани ҳам занҳо ва ҳам мардҳо мешавад. Ба хусус барои занҳо зиндагӣ ва ҳатто гаштугузор дар кӯча баъди фош шудани робитаи ӯ бо ягон марди бегона хеле душвор мешавад. Бо ин далел ҳарчанд занҳо бештар қурбонии шантажҳои шаҳвонӣ мешаванд, аммо онҳо хомӯш меистанд.

Зарина Кенҷаева меафзояд: “Мардҳо дар ҳар сурат худро метавонанд аз вазъият бароранд, аммо барои занҳо хело душвор аст. Ба маркази мо ҳатто духтароне гоҳо муроҷиат мекунанд, ки таҷовуз шудаанд, вале аз тарси беобрӯ нашуданашон ба милиса шикоят намебаранд.”

Дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо Озодӣ аксари ҳамсӯҳбатон низ гуфтанд, дар Тоҷикистон нафарони таҳдидгар ё шантажист ҳар маблағеро талаб кунанд, ҷабрдидаҳо пардохт менамоянд, зеро онҳо аз беобрӯ шуданашон метарсанд.

Аксу наворҳои ишқӣ - василаи шантаж
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

XS
SM
MD
LG