Шаҳзодаи 27-сола, сокини яке аз деҳаҳои атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа се соли пеш аз шавҳараш гирифтори ВИЧ шуда, як солу чор моҳи пеш ҳангоме огоҳ шуд, ки дар батнаш тифли шашмоҳа дошт. Ӯ барои ташхис ба беморхона рафт ва табибон огаҳаш карданд, ки мубтало ба ин беморӣ аст.
Шаҳзода шанбеи 28-уми ноябр берун аз макони зисташ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш 40 сол дошта ва ҳафтае пеш фавтид. Шавҳари Шаҳзода қабл аз хонадорияшон 7 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст. Шаҳзода ва шавҳари бемораш се сол зиндагии муштарак доштанд ва писарашон ҳоло якунимсола аст.
Ба нақли ин ҷавонзан, вақте хусуру хушдоман ва падару модараш огоҳ шуданд, ки ӯву шавҳараш мубтало ба ВИЧ ҳастанд, муносибатро бо онҳо қатъ карданд. Шаҳзода падар надорад. Модараш ҳам вақте огоҳ шуд, ки духтараш гирифтори ин беморӣ шудааст, қатъиян талаб кард, ки аз шавҳараш талоқ гирад. Шаҳзода мегӯяд, ки аммо ӯ ин корро накард, зеро алаккай гирифтори ин беморӣ буд ва талоқ гирифтанашро ҳам кори беҳуда медонист. Чун агар вай аз шавҳараш талоқ мегирифт, дигар дубора оила бунёд карда наметавонист. Бо ин далел, ӯ тасмим гирифт, дар паҳлӯи шавҳараш бимонад.
Хусуру хушдомани Шаҳзода келину писарашонро бо баҳонаи сироят накардани аъзои дигари оила, аз хона берун карданд. Бо ин далел, Шаҳзода ва шавҳараш ба як рустоҳои дурдасте кӯч баста, хонаеро иҷора гирифтанд. Барои иҷорапулӣ ҳар моҳ 50 сомонӣ пардохт мекарданд: “Хусурам баъзан бо дасти дигарон картошкаву пиёз равон мекард. Модарам бошад ягон кӯмак намекард. Шавҳарам усто буд. Як-ду ҳафта кор мекард, бо сабаби беморияш боз як ҳафтаи дигар бистарӣ мешуд. Бо ҳамин сабаб барои аз гуруснагӣ намурданамон тамоми ҷиҳози арӯсӣ, ҳатто либосҳояшро савдо карда, хӯрокворӣ харидем.”
Ҳарчанд замони бунёди оила шавҳари Шаҳзода аллакай гирифтори бемории ВИЧ/СПИД будааст, аммо ӯ мегӯяд, то ҳол намедонад шавҳараш чанд сол бо ин беморӣ умр ба сар бурдааст. Чун шавҳараш ҳамеша аз додани посух ба суолҳои Шаҳзода худдорӣ мекардааст.
Шаҳзода сабаби марги шавҳарашро танҳо дар маризии ӯ намебинад, балки ба муносибати баду фишорҳои равонии атрофиён низ рабт медиҳад. Зеро ҳангоме ҳама пайвандону дӯстон робитаро бо онҳо қатъ карданд, ин оилаи ҷавон, аз ин муносибати атрофиён ранҷ мебурд: “Шавҳарам сахт бемор шуд. Хонаи хусурам рафта зорӣ кардам, ки ба хонаашон биёранд. Вақте ба хонаи хусурам омадем, баъди се ё чор рӯзаш вафот кард.”
Шаҳзода ҳоло дар як ҳуҷраи ҷудогонаи хонаи бародараш бо писараш танҳо умр ба сар мебаранд. Ӯ мегӯяд, ҳафтаи гузашта баъди се рӯзи марги шавҳараш, хонаи модараш баргашт. Аммо ҳам модару янгаҳо ва ҳам бародарон ӯро ба ҳавлӣ даромадан намонданд: “Дар кӯча ҳайрон мондам. Хонаи акаи калониям рафта зорӣ кардам, ки дар хонааш роҳ диҳад. Дилаш сӯхт ва як утоқро бароям ҷудо карда гуфт, бо зану фарзандонаш набояд робита кунам. Ҳар чизе янгаам оварда диҳад, ҳамонро мехӯраму аз утоқ берун намебароям. Ба ягон ашёи хона даст намезанам.”
Ҳарчанд тамоми пайвандон ва атрофиён муносибатро бо Шаҳзода қатъ кардаанд, аммо ҳоло вай талош дорад барои худ коре пайдо карда ва зиндагии худу писарашро сару сомон диҳад.
Масъулони Маркази табобати бемории СПИД дар вилояти Хатлон низ мегӯянд, ҳарчанд корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ зиёд мегузаронанд, аммо боз ҳам бархӯрди мардум бо гирифторони ин беморӣ хуб нест. Ҳукумати Тоҷикистон низ барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна маризиҳо дар оилаҳои ҷавон қонунеро таҳия кардааст, ки бар пояи он ҳар ҷавон пеш аз хонадоршавӣ бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад.
Бар пояи иттилои расмӣ, то соли 2014 дар Тоҷикистон шумораи гирифторони вируси норасоии масунияти одам беш аз 6 ҳазору 550 нафар буда, ҳудуди 1000 нафарашон занҳо мебошанд. Тавре гуфта мешавад, шумораи бештари занҳои гирифторони СПИД аз шавҳаронашон сироят шудаанд. Дар миёни ин занҳо онҳое низ ҳастанд, ки шавҳаронашон бемории худро пинҳон карда, онҳоро низ мубталои ин беморӣ намудаанд.
Тибқи моддаи 125-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои онҳое, ки шахсони дигарро дидаю дониста таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ мегузоранд, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ҷазо пешбинӣ шудааст.
Аммо то ҳоли ҳозир ҳеҷ яке аз занҳо болои шавҳарони худ барои сабабгори мубтало ба ин беморӣ шуданашон шикоят набурдаанд. Аксари ин занҳо баръакс бемории худро пинҳон мекунанд, зеро метарсанд, ки агар беморияшон ошкор шавад ,атрофиён муносибатро бо онҳо қатъ мекунанд.