Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ шеваи мубодилаи асъорро дигар кард


Бархе аз саррофиҳои пойтахт рӯзи сешанбе кор накарданд
Бархе аз саррофиҳои пойтахт рӯзи сешанбе кор накарданд

Бонки милли Тоҷикистон саррофиҳоро дар болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам кард ва шеваи мубодилаи асъорро дар кишвар тағйир дод.

Бонки милли Тоҷикистон рӯзи 1 декабр саррофиҳоро дар болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам кард ва шеваи мубодилаи асъорро дар кишвар тағйир дод. Бинобар дастури Бонки миллӣ аз ин ба баъд танҳо бонкҳо ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул хоҳанд шуд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки рӯзи душанбеи 30 ноябр қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ ба шиддат боло рафт ва дар баъзе саррофиҳо 1 доллар ба ивази 7 сомониву 35 дирам ба фурӯш рафт. Рӯзи сешанбе дари аксари саррофиҳо дар пойтахти Тоҷикистон баста буд.

Аммо баъзе аз иқтисоддонҳои тоҷик қарори бастани саррофиҳоро "чораи муваққатӣ" барои ҷилавгирӣ аз болоравии қурби доллар дониста ва гуфтанд, ки ин тасмим ба эҳтимоли зиёд ҳамагӣ то се моҳи дигар ба кор меояд.

Табаралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисод, 1 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, Бонки миллиро зарур буд, ба ҷои бастани саррофиҳо асъори дигари байналмилалиро аз қабили евро ва юан ба бозор ворид кунад. "Зеро 32 дарсад кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон ва 20 дарсад кам шудани воридот боис ба боло рафтану камчинии доллар гаштааст. Агар вазъ ҳамин гуна то 2016 идома кунад, эҳтимоли ба 10 сомониву 50 дирам баробар шудани як доллари Амрико дар соли оянда пеш меояд," – афзуд ӯ.

Рӯзи 1 декабр баъзе аз саррофиҳои шаҳри Душанбе ба дарашон қуфл зада, аз ивази асъори хориҷӣ худдорӣ карданд. Ин тасмим ба дунболи як қарори Бонки миллии Тоҷикистон гирифта шуд, ки шоми 30 ноябр эълон кард, тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар баста шуда, ивази асъори хориҷӣ танҳо ба бонкҳо иҷозат дода шудааст.

Абдуғаффор Қурбонов
Абдуғаффор Қурбонов

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин қарорро ба дунболи якбора болоравии, ба қавли ӯ, сунъии қурби доллар дар саррофиҳо гирифтаанд. Ӯ гуфт, рӯзи 27 ноябр ҳатто маъмурони додситонӣ 6 корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар пойтахтро боздошт кардаанд, ки аз ҳангомаи болоравии қурби доллар ба нафъи худ суистифода намудаанд.

"Ин коре, ки Бонки миллӣ анҷом дод, танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз боло рафтани арзиши доллар ва ба миён наомадани ҳангома байни мардум аст. Соли гузашта низ ҳамин гуна ҳолат ба миён омада буд. Мардуми зиёд доллар хариданд, аммо баъдаш қурби асъор танзим шуда, бисёриҳо зиён диданд," – гуфт ӯ.

Бонки миллӣ шеваи мубодилаи асъорро маҳдуд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Як корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе бидуни зикри номаш гуфт, "ин амали Бонки миллӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз беқурбшавии сомонӣ нест. Балки ин монополияро дар бозори асъор ба миён меоварад. Минбаъд бонкҳои наздик ба ҳукумат метавонанд дар ин бозор фаъол бошанд."

Тайи як моҳи охир қурби доллар ба таври бесобиқа дар кишвар боло рафта, рӯзи 30 ноябр ба 7 сомониву 60 дирам баробар шуд. Ва бар асоси қарори нави Бонки миллӣ, аз ин ба баъд сокинон ва соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилоти қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд.

Низорамоҳ Раҷабова, сокини Душанбе мегӯяд, ки бастани саррофиҳо, баръакс, камбуди долларро ба вуҷуд овардааст. Фаридун Назаров, сокини дигари Душанбе мегӯяд, "дар саррофиҳо агар доллар дошта бошӣ, мехаранд, аммо барои фурӯш надорем гуфта баҳона пеш меоранд."

Дар моҳи майи соли равон дар пайи як чунин афзоиши босуръати қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое қурби сомониро ба истилоҳ “биқапад.” Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ ва амсоли ин ҳосил шудааст ва ин мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.

Як моҳи пеш Бонки миллӣ эълон кард, ки ба бонкҳо ҳаққи мустақилона муқаррар кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷиро бармегардонад. Дар пайи ин қурби доллар, ки расман дар ҳудуди 6 сомонию 50 дирам “дармонда” буд, як каме ҷунбид ва дар рӯзҳои аввал ба 6 сомонию 70 дирам ва ҳоло ба 7 сомониву 60 дирам расидааст.

XS
SM
MD
LG