Бо гузашти беш аз 80 сол, насли имрӯзаи туркманҳои деҳаи ба номи Самандар Худойназарови ноҳияи Қубодиён дар 200-километрии ҷануби Тоҷикистон, дигар худро бегона ё омада эҳсос намекунанд. Онҳо кайҳо муқимӣ шудаанд, зиндагиашон роҳуфтода аст ва баробар бо ин, расму суннатҳои бобоии худро имрӯз ҳам ҳифз кардаанд. Гузаштагони онҳоро ҳукумати вақт барои ободонии водии Вахш ба ин ҷо оварда буд.
Дар ин деҳае, ки замоне Тешиктош ном дошта дар ҳудуди ноҳияи Қабодиён ҷойгир аст, беш аз сею ним ҳазор туркмантабор зиндагӣ мекунад. Агар вижагиҳои суннатии рӯзғордориву расму оинҳоро ба эътибор нагирем, дигар аксар шароити зисташон ҳамсони тоҷикистониҳои дигар аст.
Як вижагии хоси туркманҳои ин ҷо ин аст, ки духтарҳои маҳаллӣ ҳатман бояд ҳунари қоливу палосбофиро бидонанд. Марҷона Тангриқуловаи 20-сола, ки яке аз қолибофҳои чирадасти маҳаллисту овозаи ҳунараш аз марзҳои деҳ берун рафтааст, ӯ аз ин ҳунари худ пул меёбад. Пайваста фармоиши таҳияи қоливу палос, ҷойнамозу дигар ҷиҳозро дарёфт мекунад, ки аксарашон моли арӯсиҳо мебошад.
Дар бозор як қолии дастбофи туркманӣ то 150 доллар арзиш дорад. Туркмандухтарҳои маҳаллӣ мегӯянд, ҳунари қолибофӣ як бахши муҳими фарҳангу таълимоти хонагии онҳост ва кам духтаре дар байни онҳо ёфт мешавад, ки ин ҳунари модару бибиҳои худро надонад. Агар надонад, пас дар хонаи шавҳар аз модаршӯяш ёд мегирад. Зимнан, қоливу палосро асосан аз нахи пахта таҳия мекунанд ва рангҳои онро ҳам устодони боҳунар бо дасти худ омода мекунанд.
Ҳамин машғулияти Марҷона ҳам сабаб шуду ба ӯ Отахон ном ҷавони ҳамқавмаш ошиқ шуд. Ҳоло Марҷона ва Отахон барои тӯи арӯсии худ омода мешаванд, ки қарор аст моҳи декабр барпо шавад. Қабл аз он Отахон бояд дар Русия кор карда, барои ҷашни муҳими зиндагиаш пул ҷамъ кунад. Марҷона, ки дар арафаи арӯсиаш барои худ қолине медӯзад, ҳар нахи онро бо сад умед мечинад, то ки зиндагии пурбору хушбахте дошта бошад ва рӯи ин қолин фардо фарзандонаш бузург шаванд.
Заррина, хоҳари мактабхони Марҷона мегӯяд, “Шоҳзодаи савори аспи сафед”-и худро на танҳо як ҷавони зебову муваффақ, вале таҳсилдида тасаввур мекунад. Вай мехоҳад, ки ҳамсараш табиб бошад, на муҳоҷири корӣ.
Зимнан, муҳоҷират ба Русия барои туркмантаборҳои Тоҷикистон ҳам машғулияти бегона нест. Дар ин рустоҳо, ки ба ҷуз кори саҳрову пахтачинӣ даромади дигаре пайдо кардан душвор аст, аксар мардҳо барои беҳбуди рӯзгор рӯ ба Русия меоранд.
Ҷаҳон Қулиева, як сокини 58-солаи ин деҳа мегӯяд, урфу одатҳои туркманҳо ҳам тадриҷан бо сокинони маҳаллӣ омезиш меёбад. Забони туркманӣ ҳам агарчанд василаи муоширати асосии байни хонаводаҳо мебошад, бо сабаби набуди мактабҳои вижаи туркманӣ, кӯдакони маҳаллӣ дар мактабҳои тоҷикиву узбакӣ таҳсил мекунанд.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар бораи Туркманистон ва зебоиҳои ин кишвар бештар аз телевизион шунидаанд, аксари онҳо мехостанд, ки аз он дидан кунанд. Вале аксар ҷавонҳо мегӯянд, Тоҷикистонро ватани худ меҳисобанд ва дар ин кишвар бузург шудаанд.