Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 7 сокини Шаҳритус барои боло кардани парчами ДИИШ


Мақомоти интизомӣ соли ҷорӣ дар ноҳияи Норак низ 14 нафарро барои боло кардани парчами "сиёҳ" ва ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ" боздошт карданд
Мақомоти интизомӣ соли ҷорӣ дар ноҳияи Норак низ 14 нафарро барои боло кардани парчами "сиёҳ" ва ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ" боздошт карданд

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритусро ба ҷурми боло кардани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар маркази ин ноҳия муҷрим шинохта ва аз 7 то 27 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритусро ба ҷурми боло кардани парчами гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” дар маркази ин ноҳия аз 7 то 27 сол равонаи зиндон кардааст. Зубайдулло Маҳмудзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон, 4 декабр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳукми ин ҳафт нафарро се рӯзи қабл қироат кардаанд ва он ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. “То даҳуми ин моҳ вакилони мудофеъ ва наздикони афроди маҳкумшуда ҳаққи шикоят аз болои ҳукмро доранд,” – афзуд ӯ.

Зубайдулло Маҳмудзода мегӯяд, аз ҳафт нафари маҳкумшуда се тани онҳо 17-сола будаанд, ки аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон ҳанӯз ноболиғ ба ҳисоб мераванд ва бинобар ин муҳлати ҷазои онҳо камтар дода шудааст. “Чор нафари дигар синнашон аз 20 болост ва онҳо аз тарроҳони аслии боло кардани парчами “Давлати исломӣ” ба шумор мераванд,” – илова кард додрас.

Мусоҳиби мо мегӯяд, Муҳаммадалӣ Абдуллоев (7 соли ҳабс), Рамазонбек Худойбердиев (12 соли ҳабс), Имомиддин Шафиев (11 соли ҳабс), Худойбахш Тошев (11 сол), Фаридун Шейхмуродов (25 сол), Абубакр Умаров (27 сол) ва Бахтулло Гадоев (25 сол) барои “иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон”, “ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар” айбдор шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ ба далели боло кардани парчами “сиёҳ” дар Шаҳритус ҳафт нафарро боздошт карда, Маҳмадалӣ Абдуллоеви 15-соларо таҳти пайгард қарор дода буд. Ин афрод дар суҳбат ба пулис аз Абӯсаид ном нафаре ёдоварӣ кардаанд, ки ба қавли онҳо дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна қарор дошта, тариқи Интернет онҳоро барои шомил шудан ба "Давлати исломӣ" даъват кардааст.

Рамазонбек Худойбердиев, яке аз ин ҷавонон дар сӯҳбат ба муфаттишон, ки наворашро ВКД дар ихтиёри расонаҳо гузошт, гуфтааст, “баъди амри маъруфи Абӯсаид ба ин кор розӣ шудааст.” Як боздоштшудаи дигар гуфтааст, ки “раҳбаронашон” дар миёни онҳо нафари фидоиро меҷустанд ва қасдашон ин буд, ки бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус тарконда шавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, боло кардани парчами сиёҳ дар ноҳияи Шаҳритус соати 1-и шаб сурат гирифтааст ва дар ин кор волидони ҷавонон низ муқассиранд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Норак низ чордаҳ нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” ва боло кардани парчами ин гурӯҳи тундагро боздошт карданд. Мақомот мегӯянд, бар асоси иттилои расмӣ ҳудуди 200 сокини вилояти Хатлон ба майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ рафта, хабари марги чанде аз онҳо расидааст. Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо беш аз 500 нафар рафта, ба иттилои манобеи Озодӣ 300 нафари онҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG