Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Даҳҳо рӯҳонӣ дар ноҳияи Ҳисор барои ҷалби ҷавонон ба артиш сафарбар шудаанд. Шарофиддин Фозилов, сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор, яке аз онҳост.
Таҳрими 24 сарватманду ширкат ва сиёсатмадору мақомҳои Русия дар чаҳор рӯзи пеш боис ба уфти якбораи бозори саҳом ва коҳиши қурби рубли русӣ шуд. Уфти 10-дарсадиро дар бозори асъори Тоҷикистон ва даромади хонаводаҳои тоҷик низ эҳсос кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҷануби Тоҷикистон тамрини густурдаи қабули эҳтимолии то 10 ҳазор нафар гурезаро дар ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ баргузор мекунад.
Сокинон андешаҳои худро дар бораи паноҳ ҷӯстани шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтанд.
Сокинони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд аз кадом ҳамсоя безоранд
Манъи чанд парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ин муҳоҷирон мегӯянд, хеле барвақт билети ҳавопайморо харида буданд, то худро рӯзи 2-юми апрел ба Русия бирасонанд ва ба кор оғоз кунанд. Аммо ҳамаи нақшаашон нақше бар об шуд.
Бастани хатсайрҳо муҳоҷиронро саргардон кардааст.
Мардҳо аз муҳоҷирати меҳнатии Русия бо тасаввурҳои фарқкунанда бармегарданд. Ин таҳаввулҳоро пеш аз ҳама занон, аз муносибати ғайримаъмулии онҳо эҳсос кардаанд.
Сокинони шаҳри Душанбе назари худро дар бораи кори муҳофизини ҳуқуқ гуфтанд.
Гулбек Саодатов, мутрибу оҳангсози маъруфи тоҷикро, ки шаби 28-уми март дар 80-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе дафн карданд. Саодатов зодаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон буда, аз соли 1975 то дами марг ба ҳайси мутриби дастаҳои “Шашмақом” ва “Дарё” кор кардааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд.
Гулбек Саодатов, мутрибу оҳангсози маъруфи тоҷикро, ки шаби 28-уми март дар 80-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе дафн карданд. Саодатов зодаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон буда, аз соли 1975 то дами марг ба ҳайси мутриби дастаҳои “Шашмақом” ва “Дарё” кор кардааст.
Сокинони шаҳри Душанбе тақдири ҳамсари муҳоҷирро баён карданд.
Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи сифати таълим дар Тоҷикистон гуфтанд.
Бархе сокинони Душанбе дар сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳама гуна хабари нохуш дар Русия онҳоро низ дар ташвиш мегузорад, чунки аъзои хонаводаҳои зиёд дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд
Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, бо ғами мардуми Русия шарик ҳастанд ва аз марги афроди бегуноҳ, бахусус кӯдакон дар сӯхтории мудҳиши Кемерово андӯҳгин ҳастанд
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми март бо аҳли зиёи Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот дар баробари шоирону нависандагон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ даъват шуданд. Гулрухсори Сафӣ шоираи тоҷик дар бораи таассуроташ роҷеъ ба мулоқот гуфт.
Пас аз тирамоҳ ва зимистони гузаштаи камбориш, тӯли чанд рӯзи ахир фазои Тоҷикистонро абрҳои боронӣ фаро гирифтаанд, ки хисороте ба мазореи кишоварзӣ ва роҳҳои мошингард расонидааст.
Дар натиҷаи борони сел чанд хона дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе зарар дид ва роҳи муҳими даҳҳо хонавода аз байн рафт.
Дар Тоҷикистон соли 2017 бештар аз 10 ҳазор ҷуфт, баробар бо аҳолии як шаҳрак аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот тамоюли нигаронкунанда аст.
Ёфтҳои бештар