Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар "Чашмасор"-и Душанбе. ВИДЕО


Пас аз тирамоҳ ва зимистони гузаштаи камбориш, тӯли чанд рӯзи ахир фазои Тоҷикистонро абрҳои боронӣ фаро гирифтаанд, ки хисороте ба киштзорҳо ва роҳҳои мошингард расонидааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳарчанд боридану барфу борон имрӯзу пагоҳ идома мекунанд, вале то ҳол талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Дар Чашмасор чӣ рух дод?

Самад Ҷобиров, сокини 65-солаи маҳаллаи Чашмасори пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки субҳи рӯзи гузашта набераашро ба мактаб мебурд ва чун борони шадид меборид, эҳсос кард, ки офате рух медиҳад. То ним соати дигар Самад Ҷобиров ба хонаи худ бармегашт, ки роҳи мошингард вайрону девори ҳавлиҳои сари роҳ тахриб шудаанд.

Дар пайи боришоти шадиди се рӯзи ахир дар Тоҷикистон, дар Душанбе ва бархе аз минтақаҳои дигари кишвар хисороти иқтисодӣ сабт шудааст.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар тасвири ин ҳодиса гуфт, ки тақрибан 50 метри роҳ аз байн рафтаву ду ҳавлӣ дар канори роҳ валангор буд. Ба гуфтаи вай, ноқилҳои барқ канда шудаанд ва онҳо худ то шом ноқилҳоро дубора пайваст карданд, то шаб бе барқ намонанд.

Сокинони дигари ин маҳалла дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чанде пеш кормандони ниҳодҳои алоқа дар ин минтақа симчӯбҳои ноқилҳои мухобиротиро нодуруст насб кардаанд, ки дар ниҳоят боиси тахриби роҳи мошингард аз селобҳо шудааст.

Рустам Сангов, масъули маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон 14-уми март ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки селоб 25 метр роҳи паҳноияш семетриро комилан хароб карда, деворҳои ду ҳавлии сари роҳро низ тахриб кардааст ва корхонаҳои масъули нигоҳубини роҳҳо то шоми дирӯз ҳаракати мошинҳо дар ин роҳро дубора барқарор карданд.

Зимнан, маҳаллаи Чашмасор дар атрофи боғи ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, ки самти шарқиву шимолиаш ба теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе мепайвандад.

Сел "Чашмасор"-и Душанберо бурд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Хисороти борон аз Суғд то Бадахшон

Дар пайи боришоти шадиди се рӯзи ахир дар Тоҷикистон дар бархе аз минтақаҳои дигари кишвар низ хисороти иқтисодӣ сабт шудааст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 14-уми март ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъд аз зӯҳри 13 март дар ноҳияи Шаҳринав селобҳо боиси корношоям шудани қитъаҳои кишоварзӣ шуда, мақомоти маҳаллӣ барои мушаххас кардани миқдори хисорот комиссияи ҳукуматӣ таъсис додааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳамчунин шоми дирӯз дар деҳаи Ваҳдат ва Файзбахши ҷамоати ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав бар асари бориши сахти борони сатҳи оби ҷӯйбори «Мулло Шодӣ» баланд шуда, 10 қитъаи замини назидиҳавлигии сокинонро вайрон намудааст. Ҳамчунин оби селпартоҳо зиёд ҷорӣ шуда, роҳҳои мошингарди байни деҳаҳоро дар ҳудуди деҳаи Файзбахш ба масофаи 1000-1200 метр пур аз обу гил кардааст.

13-уми март дар пайи фаромадани тармаҳо дар ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони вилояти Бадахшони Кӯҳӣ барои муддате ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб мутаввақиф шудааст.

Далер Мерганов, сухангӯи ширкати IRS -- масъули нигоҳубини роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар қитаъи 56-71 ин ҷода чанд адад тармаи бузург ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар ин масирро масдуд кардаанд.

Вай гуфт: "Мо водор шудем барои тоза кардани роҳ аз тармаҳо бори нахуст мошинҳои махсуси барфтозакунии “булдозерро”, ки тасмачарх ҳастанд, истифода кунем. То замони комилан тоза кардани роҳ аз барф ҷода барои муддати муайяне баста шуд”.

"Боронгариҳо идома мекунад"

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боронҳои шадид имрӯз ва 15 март идома ёфта, сипас барои чанд рӯз ҳавои офтобӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо хоҳад шуд.

“Мо аз қабл пешбинӣ мекардем, ки тӯли панҷ рӯзи ахир боришоти зиёди борон ва фаромадани тармаву ярч ва сангрезӣ сурат хоҳад гирифт. Дар маҷмӯъ, баъд аз тирамоҳу зимистону камбориш пешбинӣ шудааст, ки дар фасли баҳор боридани боронҳои шадид бештар мешавад”, - гуфт Ҷамила Байдуллоева.

XS
SM
MD
LG