Фоҷеаи Кемерово бисёр сокинони Тоҷикистонро ваҳшатзада кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги даҳҳо тифли бегуноҳ дар як маркази дилхушии шаҳри сибирии Русия ҳамаҷониба баррасӣ мешавад: корбарон аксу пайғомҳои ҳамдардии худро нашр мекунанд ва баробар бо ин суол ҳам мегузоранд, ки чаро ҷони атфоли бегуноҳро наҷот дода нашуд?
Аз субҳи 27 март дар назди сафорати Русия дар Душанбе ва ҳам консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд мардуми зиёд ба нияти изҳори ҳамдардӣ дар робита бо марги 64 нафар дар сӯхторе дар Кемерово гулу бозичаҳои бачагона мегузоранд. Дар китоби махсус нафарони зиёд ба мардуми Русия ва хонаводаҳои қурбониҳо паёмҳои ғамшарикии худро иншо мекунанд.
Гулу тасаллияти сокинони Тоҷикистон дар назди сафорати Русия:
Бархе сокинони Душанбе дар сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳама гуна хабари нохуш дар Русия онҳоро низ дар ташвиш мегузорад, чунки аъзои хонаводаҳои зиёд дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Рӯзи 26 март ҷамъияти тоҷикони Кемерово гуфт, ки аз рӯи арзёбиҳои онҳо дар сӯхтори маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон осеб надид. Ба гуфтаи масъулони ҷамъият, нафароне аз Тоҷикистон дар нуқтаҳои ғизои зудпухти ин маркази тиҷоратӣ кор мекарданд, тавонистанд сари вақт ҷон ба саломат бубаранд.
Сӯҳбати сокинони Душанбе дар бораи фоҷеаи Кемерово: