Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик: “Хатар ин аст, ки аз ҷои кор меронанд” ВИДЕО


Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ
Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ

Манъи чанд парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ин муҳоҷирон мегӯянд, хеле барвақт билети ҳавопайморо харида буданд, то худро рӯзи 2-юми апрел ба Русия бирасонанд ва ба кор оғоз кунанд. Аммо ҳамаи нақшаашон нақше бар об шуд.

  • Баъзе муҳоҷирон хеле барвақт билет гирифта буданд. Онҳо аз қабл бо корфаромён суҳбат доштанд ва бояд худро дар вақти зарурӣ ба Русия мерасонданд. Бо сабаби манъи парвозҳо ҷойи корашонро аз даст доданд;
  • Мо бояд рӯзи якуми апрел дар ҷои кор мешудем. Аммо ин вазъро бинед. Аввал парвозҳои “Уралские авиалинии” манъ шуда буд. Сафари худро як ҳафта ба таъхир гузоштем;
  • Рӯз то бегоҳ корамон “разбор” аст. Билетҳоро меоранд ва мо пулҳояшонро ёфта бармегардонем;
  • Зарар ин аст, ки ба ҷои кор дер кардам. Мушкил ин аст, ки ба рӯзҳои дигар билет намедиҳанд. Пулатро мегардонанду бас;
  • Бо он пуле, ки қаблан билет гирифта буд, ҳоло чипта гирифта наметавонам. 200-300 сомонӣ зарар мекунӣ.

Назари дигаронро дар ин навори видео бибинед ва навиштани фикри худро фаромӯш накунед:

Муҳоҷир: Хатар ин аст, ки аз ҷои кор меронанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Дар бораи моҷарои нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия дар инҷо бихонед:

ВКХ: "Тоҷикистон дар баҳси ҳавоӣ таҳдид ва таҳримҳоро қабул надорад"

Ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофи ҳавоӣ ба Маскав меравад

Қатъи "маҷбурӣ"-и парвозҳои "Сомон Эйр" ба 7 шаҳри Русия

Тоҷикистон ба музокирот нарафт. Русия: "Чораҳои ҷавобӣ меандешем"

XS
SM
MD
LG