Мардҳо аз муҳоҷирати меҳнатии Русия бо тасаввурҳои фарқкунанда бармегарданд. Ин таҳаввулҳоро пеш аз ҳама занон, аз муносибати ғайримаъмулии онҳо эҳсос мекунанд.
Нигина Иброҳимова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, аксарияти мардон вақте ба Русия мераванд ва занону духтарони ҷавонро мебинанд, на дигар суроғи ҳамсар мекунанд ва на аз фарзанд. Ба гуфтаи Нигина, муомилаашон дигар мешавад ва дар 3-4 сол як бор ва он ҳам барои дидани фарзандонашон меоянд.
Шуморе аз мардони муҳоҷир таъйид мекунанад, ки назарашон пас аз муҳоҷират нисбат ба занҳои деҳотиашон тағйир кардааст. Иллати бетаваҷҷуҳиашон, аз назари онҳо, аз дигар ҷой сарчашма мегирад.
Мушкили пешбурди рӯзгори хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маъмулан ба дӯши занҳо бор мешавад. Шурӯъ аз тарбияи фарзанд то нигоҳубини чорво ва ба ҳамин тартиб, тамиз кардани манзил, фурсати камеро барои занҳои муҳоҷирон боқӣ мегузорад, ки дар андешаи худ бошанд.
Як зан, ки шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, мегӯяд, баъд аз бозгашт шавҳараш ҳамеша ҷанҷол мекард ва ба либосу ҳама ҳаракатҳояш аҳамият медод ва ҳар чиро баҳона намуда, бо ӯ хархаша менамуд.
Занҳои муҳоҷирони тоҷик бархӯрдҳои номуносиб ва тағйири рафтору сӯҳбатҳои шавҳарҳои худро ба тез тағйирёфтани муҳити зист иртибот медиҳанд. Саломат Баротова, як зани дигари сокин дар пойтахт мегӯяд, вақте мардон ба онҷо мераванд ва занҳои ба истилоҳ "современний"-ро мебинанд, ошиқ мешаванду дар бисёр ҳолатҳо издивоҷ мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо мардҳо хеле кам ба ватан бармегарданд ва зани тоҷик ранҷ кашида, солҳо заҳмати тарбияи фарзандонро мекашанд.
Тағйири нигоҳи мардони муҳоҷир ба занҳои тоҷики худ дар бисёр маврид паёмадҳои азҳампошии хонаводаҳо ва бе тарбияти падар мондани фарзандони ноболиғро дорад. Зане, ки шавҳараш дар муҳоҷират аст ва аз ӯ ҷудо шудааст, мегӯяд, "вақте дар инҷо буд, рафтораш хуб буд, нигоҳубинамон мекард. Аз вақте, ки аз инҷо рафт, намедонам духтарҳои "совреминний"-ро мебинанд, ки зану фарзандонашорон фаромӯш мекунанд. На телефон мекунанд ва на суроғи зану фарзанд. Ҳоло се фарзандам дар интернат ҳастанд, мехоҳам чаҳорумашро ҳам барам. Чун шароит надорам, хонаҳо чаппа шудаанд."
Шуморе аз мардони муҳоҷир таъйид мекунанад, ки назарашон пас аз муҳоҷират нисбат ба занҳои деҳотиашон тағйир кардааст. Иллати бетаваҷҷуҳиашон, аз назари онҳо, аз дигар ҷой сарчашма мегирад.
Ғанимат Ғайратов, як муҳоҷири меҳнатии тоҷик мегӯяд, бисёре аз мардон аз маломатҳои ҳамсаронашон мегурезанд. Чун ба гуфтаи ӯ, вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон бисёр бад аст ва ҷойи кор нест ва вақте мард ба хона бе нону дасти холӣ бармегардад, занаш ҷанҷол мебардорад. Барои ҳамин ба гуфтаи Ғанимат Ғайратов, мардон аз "ҷавр"-и занон фирор мекунанд, ҳарчанд дар муҳоҷират ҳам зиндагӣ чандон осон нест.
Ин гурез аз ҷанҷоли ҳамсарро, ки мардҳо яке аз ваҷҳҳои тасмими баъдӣ медонад, занон фирор аз масъулият медонанд. Дар миёни ин ҳама таҳаввуллот фарзандон ҳастанд, ки тасмимҳои волидайн ба зиндагии онҳо таъсир мегузорад ва низоми зиндагиашон аз ҳам мерезад.